Дар як сатр
» » ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

3-10-2019, 05:57

Шоми 30 сентябр дар саҳни Маркази фарҳангии Ҷалолиддини Балхии шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ва раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.

Муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода номаи шодбошии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Зикр гардид, ки Мавлоно аз сермаҳсултарин адибони тоҷик буда, бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Ҷалолиддини Балхӣ бо осори орифонаю беза-воли худ, аз он ҷумла "Маснавии Маънавӣ”, бо гузашти асрҳо дили ҳаводорони каломи манзумро тасхир намудааст.

Дар қисмати баъдии чорабинӣ аз ҷониби аҳли ҳунар намоиши зебою пурмазмуни саҳнавӣ тақдими тамошочиён гардид.

Овозхонии ҳунармандони ансамбли "Фалак"-и шаҳри Кӯлоб бисёр хотирмон буд. Саҳнаҳо, композитсияи адабии ҳунармандони театрҳои вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб, намоиши рақсии ансамбли "Ситора”-и шаҳри Бохтар низ омӯзанда ва тамошобоб буда, мавриди писанди ҳамагон гардид.

Қобили зикр аст, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ тахминан соли 1207 дар Балх ба дунё омада, соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст. Бузургтарин асари ӯ "Маснавии Маънавӣ”, ки соли 1259 ба навиштани ин асар сар кардааст, мебошад. Мавлоно зиёда аз 10 сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзӯи асосии "Маснавии Маънавӣ” масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир то замони мо 50 ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.

Бо пешниҳод ва ташаббуси фарҳангдӯстона ва наҷиби Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2007  800-солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар кишварҳои Туркия, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон бошукӯҳ таҷлил карда шуд. Ин санаи муҳим ва фархунда дар тамоми нуқоти олам бо қарори ЮНЕСКО  таҷлил гардид.

Азбаски мулки Вахш порае аз қаламрави давлати паҳновари Бохтар ба ҳисоб мерафт ва маркази он шаҳри бостонии Балх буд, бинобар ин, аксари адибони ин водӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ бо насаби «Балхӣ» ёд шудаанд. Аз байни адибон ва донишмандони бузурги Вахшонзамин ду нафар на танҳо дар адабиёти форсизабон, балки дар  адабиёти ҷаҳонӣ шуҳрати зиёд ва мақоми баланд доранд. Ин ду тан яке Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигаре Мавлоно Румӣ ё худ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Шоми истиқлол» дар Ҷ. Балхӣ

«Шоми истиқлол» дар Ҷ. Балхӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, Ҷавонон ва варзиш
Мақбараи мавлоно Обиддин, асри XIV

Мақбараи мавлоно Обиддин, асри XIV

Хабарҳо, Туризм, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Мақбараи Мавлоно Қутбиддин, асрҳои XIV-XV

Мақбараи Мавлоно Қутбиддин, асрҳои XIV-XV

Хабарҳо, Туризм, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)

Таҷлили Наврӯз дар Балхи Афғонистон (гузориш)

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА