Дар як сатр
» » ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДААНД

ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДААНД

3-10-2019, 05:52

Хизмати ватан-модар муҳимтарин рисолати ҷавонмардон ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳазорсолаҳо муқаддам фарзандони некноми ватан, амсоли Рустами Дастон, Темурмалик, Муқаннаъ, Восеъ баҳри ҳимояи ватан аз қадами нопоки душманон ҷонбозиҳо карда, ному шуҳрати хешро дар сафҳаи таърих бо хатҳои зарҳалин сабт намудаанд.

Субҳи 3-юми октябри соли равон маркази вилоят -шаҳри Бохтар ба ифтихори родмардони ватан-наваскарон бо шиору навиштаҷот ва парчамҳои миллӣ оро дода шуда буд. Садҳо нафар гулписарону духтарон, донишҷӯёну толибилмон дар кӯчаҳои марказӣ ба гусели наваскарон баромада буданд. Онҳо гулдастаҳои муаттару зеборо ба ин ҷавонписарони шуҷоъ, ки бо хоҳиши худ ба хизмати муқаддаси ватан-модар омода буданд, тақдим менамуданд.

Шурӯъ аз комиссариати  ҳарбии вилоят то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар ҳар қадам наваскаронро бо савту калом, шеъру тарона пазироӣ менамуданд. Наваскарони ба хизмати ватан омодагардида дар даст Парчами миллӣ бо чеҳраҳои хандон таронахонон вориди варзишгоҳ гардиданд. Варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ бо шарафи гусели наваскарон оро дода шудааст. Беш аз 4000 нафар дар варзишгоҳ ба хотири гусели наваскарон омада буданд.

Сараввал комиссари ҳарбии вилоят Ҳаким Куганзода ба сухан баромада, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ қироат намуд.

Сипас, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода назди ҳозирин баромад намуда, иброз дошт, ки хизмат ба ватан-модар  барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус қарзи инсонӣ ба шумор меравад. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ҷавонмардони баномус, фарзандони фарзонаи халқи тоҷик марзу буми ватанро аз қувваҳои аҳриманӣ ҳимоят менамуданд. Маҳз қаҳрамониҳои бемислу монанди афсарону сарбозон тӯли таърих давлату миллати тоҷикро аз дасти аҷнабиён эмин доштааст.

Имрӯз номи неки онҳо аз забон ба забон,  аз насл ба насл асрҳо боқӣ мондааст. Раиси вилоят доир ба хизмати содиқонаи сарбозони шуҷоъ, фарзандони баномуси ватан сухан ронда, иброз дошт, ки имрӯз ин анъанаи неки инсониро ҷавонони содиқи ватан идома дода истодаанд.

Тавре ки раиси вилоят ироа дошт, беш аз ҳазор нафар ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ муроҷиат намуда, ба хизмати ватан раҳсипор гаштаанд. Модарон низ ифтихор аз он доранд, ки чунин фарзандони шуҷоъ, далер ва қавииродаро ба дунё оварда ба камол расондаанд. Сипас, собиқадорони ҷангу меҳнат, афсарон, наваскарон ва модарон ба сухан баромада, иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикисон боиси ифтихору шарафмандии ҳар як ҷавонмарди ватандӯст ба шумор меравад. То даме ки фарзандони содиқи ватан-сарбозону афсарон марзу буми ватанро далерона ҳимоя менамоянд, тифлакон дар хоби роҳатанду модарон осудаҳолона суруди рӯҳбахши алларо мехонанд.

Ҳамин тавр, маросими гусели аввалин ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар фазои тантанавӣ, бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир гардид. Модарон бо нияту орзуҳои нек ба наваскарон кулчаҳои ширмолу хушбӯю болаззатро пешкаш намуданд. Гулдухтарони чаканпӯш ва атласпӯш низ бо орзуҳои неки ҷавонӣ ба наваскарон рӯймолчаҳои гулдӯзӣ тақдим карда, барояшон сарбаландӣ ва тансиҳатӣ таманно намуданд. Ба наваскарон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Ҳунармандони вилоят бо рақсу сурудҳои рангин дар васфи Ватан, Модар, Ваҳдат, ҳимояи марзу буми ватан қалби иштирокчиёни ҷамъомади тантанавиро хушҳол намуданд.

Дар ҳақиқат ин даъвати дуюми ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аст, ки бо ширкати беш аз 4,5 ҳазор нафар дар вазъияти тантанавӣ сурат мегирад. Даъватшавандагон аз 25 шаҳру навоҳии вилоят зери шиорҳои ватандӯстона рӯ ҷониби қисмҳои ҳарбӣ ниҳоданд.

Хушбахтона, солҳои охир ҷавонон муҳимияти адои хизмати ҳарбиро хуб дарк карда истодаанд ва падару модарон низ аз ин иқдоми фарзандони хеш хушҳол гардида, ба онҳо тансиҳативу бурдбориҳо дар хизмати содиқонаи ватан таманно доштанд.

Мо низ имкон пайдо намуда, бо чанд тан наваскарон ва волидайни онҳо ҳамсуҳбат гардидем. Сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Озода Гулова бо ифтихор ёдовар гардид, ки фарзандаш Маҳмадалӣ Асоев ихтиёран ба хизмати муқаддаси ватан омадааст. Ҳамчунин, Шералӣ Шеров, сокини ноҳияи Темурмалик баъди хатми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва магистратураи донишгоҳ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст. Ҳамчунин, Шамсулло Абдуманнонов, Бахтиёр Азизов баъди хатми коллеҷи тиббӣ аз ноҳияи Темурмалик ба хизмати ватан-модар раҳсипор гардидаанд.

Сокини ноҳияи Хуросон Гулҷон Юлдошева аз деҳаи Сарбанд зимни суҳбат бо мо бо хушнудӣ иброз дошт, ки фарзандаш Меҳрубон Юлдошев баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтиёрӣ дар даъвати тирамоҳӣ ба хизмат ҳозир гаштааст. Ҳамчунин, Тоиралӣ Ҳалимов сокини Ҷамоати деҳоти "Ваҳдат”, деҳаи Файзбахши ноҳияи Вахш ихтиёран ба комиссариати ҳарбии ноҳия омадааст. Модари наваскар Дастагул Ҳалимова ба гусели фарзандаш омада, бо хушнудиву шодӣ ба фарзандаш ва дигар наваскарон дуои модарона дод, то ки хизмати муқаддаси модар-ватанро ба ҷо биёранд. Аз суҳбат бо ҷавонон-наваскарон равшан гардид, ки онҳо ҷавобан ба дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон бо амри дил ба хизмати муқаддаси ватан ҳозир гардидаанд. Зеро ғамхориҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар қадам эҳсос мешавад. Ободониву бунёдкориҳо дар гӯшаву канори ватани маҳбуб маҳз бо ташаббуси Роҳбари давлат амалӣ гашта истодааст. Ин ободиву дастгириҳо ҷавононро дилгарм намуда, онҳоро ба хизмати муқаддаси модар-ватан роҳнамун месозад. Аксари наваскарон пас аз хатми донишгоҳҳои олӣ рӯ ба хизмати ватан овардаанд. Ҳадафи онҳо боз як бори дигар сазовор гардидан ба боварии ватан-модар ва хизмати муқаддаси марзу буми кишвар мебошад.

 

А. Сафарова,

 «Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ХИЗМАТ БА ВАТАН - МОДАР ШАРАФ АСТ

ХИЗМАТ БА ВАТАН - МОДАР ШАРАФ АСТ

Ҳокимияти давлатӣ

18 НАФАР БО ДИПЛОМИ ДДҚ БА АСКАРӢ РАФТАНД

Хабарҳо
Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон (аксҳо ва видео)

Гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон (аксҳо ва видео)

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, АСАЛМО САФАРОВА, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ