Дар як сатр
» » ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ҲОСИЛИ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ ГАРДАД»

ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА: «ҲОСИЛИ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОН БЕТАЛАФ ҶАМЪОВАРӢ ГАРДАД»

3-10-2019, 05:50

Субҳи 1 октябри соли равон майдони назди теппаи таърихии Қӯрғон серодам буду бо шиору навиштаҷотҳо ва Парчами давлатӣ оро ёфта, абрпораҳои осмони нилгун бори дигар аз ҳукмронии фасли поиз шаҳодат медод. Қатра-қатра борони тирамоҳӣ деҳқононро ҳушдор месохт, ки ҳарчи зудтар маҳсули меҳнати хеш- «тиллои сафед» ва дигар зироатҳоро ҷамъ оваранд. Беш аз 2 ҳазор намояндагони ташкилоту муассиса, шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои деҳот дар  ҷамъбасти давраи дуюми  мусобиқаи 15-рӯзаи ҷамъоварии  "тиллои сафед” миёни шаҳру ноҳияҳои вилоят гирд омада буданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ барои  иштироки фаъолона ва масъулияти баландашон дар маъракаи пахтачинӣ дар доираи «60 рӯзи меҳнати зарбдор» ба пахтакорони вилоят чинакчиёну  ҳашарчиён ва кулли мардуми вилояти Хатлон изҳори сипос намуд. Тавре ки зикр гардид, эълон гардидани «60 рӯзи меҳнати зарбдор» имкон фароҳам меоварад, ки ҳосили дар саҳробуда ҳарчӣ зудтар ҷамъоварӣ гардад. Заҳматкашони шаҳру ноҳия барои ноил гардидан ба ғалабаи меҳнатӣ дар ҷамъбасти мусобиқаи 15-рӯза талош варзанд. Қурбон Ҳакимзода  аз дастовардҳои 15 рӯзаи зарбдорони шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдовар гардида, иброз дошт, ки дар ҷамъбасти даври дуюми мусобиқа деҳқонони боиродаи шаҳри Левакант ғолиб дониста шуданд.

Дар ин баробар заркорони шаҳри Левакант аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта сарбаландона мужда расониданд. Ҷойи дуюмро бошад, кишоварзони хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Бохтар ишғол намуданд. Меҳнаткашони ноҳияи Данғара дар ҷамъбасти 15 рӯзаи дуюм соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Чуноне ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр дошт, пахтакорони вилоят дар ҷадвали пахтасупорӣ дар  миқёси ҷумҳурӣ соҳиби ҷойи аввал мебошанд. Дар 15 рӯзи охир пахтакорони шуҳратёри вилоят 74 ҳазор тонна "тиллои сафед” ба нуқтаҳои қабул ва корхонаҳои коркарди пахта супурданд, ки беш аз 27 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Аз аввали мавсим бошад, 118,6 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварданд, ки беш аз 43 фисади дурнаморо дарбар мегирад.

Давоми давраи мусобиқа пахтакорони шаҳру ноҳияҳои Левакант, Бохтар, Данғара, Дӯстӣ, Кӯлоб, Носири Хусрав, Кӯшониён, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритуз пурмаҳсул меҳнат намуда, аз 27 то 67 фоизи дурнамо иҷро карданд. Ноил шудан ба дастовардҳои меҳнатӣ, пеш аз ҳама, ташкили дурусти кор, фаъолияти самарабахшу муташаккилона, аз оғози мавсим гузоштани заминаи мустаҳкам ва риояи қоидаҳои агротехникии парвариши пахта мебошад. Хоҷагиҳои пахтакори Ҷамоати деҳоти "Гулистон”-и шаҳри Левакант, Обшорони ноҳияи Шаҳритуз ва Заркамари ноҳияи Қубодиён яке аз пайи дигаре  аз иҷрои дурнамо мужда расонданд. Ҳамчунин дар ҷамъомад қайд гардид, ки хоҷагидорони ҷамоатҳои деҳоти "Нури Вахш” ва «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони»-и ноҳияи  Дӯстӣ ва ҷамоатҳои деҳоти «Ҷура Назаров» ва «Обшорон»-и ноҳияи Шаҳритуз дар арафаи иҷрои нақшаи дурнамо қарор доранд.

Раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур туҳфаҳои пулӣ супурда, барои деҳқонони  бурдбориву комёбиҳои нав ба нави меҳнатӣ орзу намуд. Парчами ғолибиятро раисони шаҳрҳои Левакант Заррина Давлатзода, Бохтар Абдуаллим Исмоилзода ва ноҳияи Данғара Раҳмонзода Ислом Хайриддин парафшон намуданд. Дар ҳақиқат ҳар як заҳмат бе подош намемонад, қадршиносии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ғолибони даври дуюми мусобиқаи ҷамъоварии "тиллои сафед” имкон фароҳам меоварад, ки кишоварзони дигар шаҳру навоҳии вилоят баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нави меҳнатӣ талош варзанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ҲАШАРИ ПАХТАЧИНӢ

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ҲАШАРИ ПАХТАЧИНӢ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ

ҒОЛИБОНИ МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ

Арсаи кишоварзӣ

ДУРНАМО - 275,2 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

Хабарҳо

ПАХТАКОРОНИ ДАНҒАРА ПЕШСАФАНД

Хабарҳо

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

Хабарҳо