Дар як сатр
» » РАИСИ ВИЛОЯТ: «ИСТЕҲСОЛ ВА ЗАХИРАИ ТУХМИИ ПАХТАИ НАВЪИ МАҲИННАХРО БОЯД ЗИЁД КАРД»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ИСТЕҲСОЛ ВА ЗАХИРАИ ТУХМИИ ПАХТАИ НАВЪИ МАҲИННАХРО БОЯД ЗИЁД КАРД»

3-10-2019, 05:45

1 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум баргузор гардид. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ҳамзамон раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят, иҷлосияро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи иҷлосия ошно намуд.

Дар иҷлосия асосан масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

1. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 декабри соли 2016, №253 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

2. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 20 декабри соли 2016, №261 "Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

3. Ҳисоботи сардори Раёсати зиддиинҳисорӣ оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

4. Масъалаҳои ҷорӣ:

а) масъалаҳои кадрӣ;

б) масъалаҳои номгузорӣ.

Дар ҷаласа муовини аввал, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони шаҳру ноҳияҳо, муовинони соҳаи маънавиёт, масъулини идораҳои кишоварзӣ, омор, маориф, раисони ҷамоатҳои шаҳру деҳот ширкат доштанд.

Аз рӯйи масъалаи асосии рӯзномаи Иҷлосия, рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 декабри соли 2016, №253 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳозирин гузориши муовини раиси вилоят Умед Зоирзодаро шуниданд.Номбурда зимни суханронӣ иброз дошт, ки комиссияи доимии маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист, ҷараёни иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 15 декабри соли 2016, №253 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” –ро дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод.

Тавре ки номбурда иброз дошт, иҷроиши Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ, баҳри баланд гардидани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, ба ин васила таъмини амнияти озуқаворӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ замина мегузорад. Баҳри амалигардонии Барномаи мазкур дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд. Аз ҷумла бинои озмоишгоҳи ташхиси сифати тухмӣ дар вилоят таъмир ёфта, бо таҷҳизоти лаборатории замонавӣ таъмин карда шуд. Стансияҳои давлатии навъсанҷии ноҳияҳои Қубодиён ва Муъминобод бо техника ва мошинолотҳои замонавӣ таъмин гардида, дар ноҳияи Кӯшониён аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ сехи коркарди тухмӣ ва лучаккунии пунбадонаи тухмӣ бунёд ва мавриди истифода дода шуд.

Бо вуҷуди маҳсулоти асосии содиротӣ ва истеҳсоли ашёи хоми саноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафтани пахта дар шароити имрӯза деҳқонон ба мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ гардида, ҳосилнокӣ ва даромаднокии он коҳиш ёфтааст. Гарчанде ки дар вилоят беш аз 40 адад хоҷагиҳои самти фаъолияташон омода намудани пахтаи тухмӣ ва ғалла фаъолият намоянд ҳам, мутаассифона кору фаъолияти онҳо дар ин самт мувофиқи матлаб нест,-ироа намуд муовини раиси вилоят Умед Зоирзода.

Ҳамин тавр дар иҷлосия оид ба боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвар, стансияҳои навъсанҷӣ таъкид ба миён оварда, баҳри рушди соҳаи тухмипарварӣ ба масъулини соҳа дастурҳои мушаххас дода шуд.

Пас аз гузориши муовини раиси вилоят вакилон ва даъватшудагон Амирбеки Темур, Раҳматулло Сафарзода, Сафар Мирзоалиев, Бозоралӣ Одиназода ва дигарон ба сухан баромада, оид ба иҷрои барномаи мазкур ва дастовардҳо дар ин самт изҳори назар намуданд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки солҳои пешин дар назди корхонаҳои коркарди пунба агрономҳои соҳаи кишоварзӣ фаъолият менамуданд. Мутаассифона, солҳои охир дар ин самт ба саҳлангорӣ роҳ додаанд. Тибқи талаботҳои агротехникӣ пахтаи тухмиро на кам аз 60 рӯз нигоҳ дошта, баъд коркард намуда, чигитро захира менамуданд. Фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарвар дар ноҳияҳои А. Ҷомӣ, Ҷайҳун, Фархор, Кӯшониён, Дӯстӣ аз қабили хоҷагиҳои тухмипарварии Абдурасул, Ф. Саидов ва Эргаш Султонов хуб ба роҳ монда шудааст, вале на дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин масъалаи муҳим муносибати ҷиддӣ намудаанд.

Раиси вилоят таъкид дошт, ки бояд истеҳсол ва захираи тухмии пахтаи навъи маҳиннахро зиёд намоянд, зеро ин навъи пахта ба гармӣ тобовар мебошад. Роҳбари вилоят зимни суханронӣ аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳанӯз ҳам деҳқонону хоҷагидорон тухмии картошка, юнучқаро аз хориҷи кишвар даст-рас менамоянд. Ҳол он ки обу замини вилоят барои истеҳсоли тухмиҳои аълосифати зироатҳои кишоварзӣ мусоид аст. Танҳо кишоварзони шаҳру навоҳиро зарур аст, ки кишти пунбадонаро аввалҳои моҳи март оғоз намоянд, зеро таҷрибаи хоҷагидорони хоҷагии тухмипарварии Эргаш Султонов ва Ҷамъияти саҳҳомии "Водии заррин” нишон дод, ки кишти пунбадонаро чӣ қадар барвақт гузаронанд, ҳамон қадар ҳосили дилхоҳ ба даст меоваранд, ироа дошт раиси вилоят.

Сипас, ҳозирин гузориши муовини раиси вилоят Махфират Хидирзодаро оид ба рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 20 декабри соли 2016, №261 "Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шуниданд.

Тавре ки равшан гардид, тибқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят дар 5 сол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон ва бунёди 566 адад муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоотҳои муҳими соҳа барои 110150 ҷойи нишаст ба маблағи 1миллиарду 135 ҳазору 661 сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Аз ин шумора 94 адад иншооти соҳа барои 117 ҳазору 40 ҷойи нишаст ба маблағи 205 миллиону 550 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети марказонидашудаи ҷумҳуриявӣ, 144 адад иншоот барои 28052 ҷойи нишаст ба маблағи 227 миллиону 994 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, 328 адад иншоот барои 70358 ҷойи нишаст аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ дар назар дошта шудааст.

Тавре ки муовини раиси вилоят зикр намуд, иҷрои барномаи мазкур дар сатҳи вилоят ҳамагӣ 13 фоизро ташкил медиҳад, ки ба шаҳру ноҳияҳои Данғара-10, Кӯлоб-4, Восеъ-4, Муъминобод-5, Балҷувон-5, Ховалинг-2, Кӯшониён-2, Вахш-2, А.Ҷомӣ, Ш. Шоҳин, Ҳамадонӣ, Ёвон, Панҷ, Темурмалик 1 ададӣ рост меояд. Чуноне ки таъкид гардид, аз рӯи замимаи яки нақшаи татбиқи Барномаи мазкур аз 21 ададмуассисаҳои таълимии дар хонаҳои шахсӣ, вагонхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷойгирбуда 10 муассиса сохта шудааст, ки ин 47,6 фисадро ташкил медиҳад.

Чуноне ки нотиқ ёдовар гардид, дар доираи амалигардонии барномаи мазкур алҳол корҳои сохтмонӣ, таъмиру азнавсозӣ дар 47 адад иншоотҳои соҳа ҷараён дорад. Ҷамъи иншоотҳои дар доираи амалигардонии барномаи мазкур анҷомёфта ва айни замон ҷараёндоштаи соҳа дар 3 сол дар сатҳи вилоят 86 адад ё худ 15,2 фоизи иншоотҳои барномавиро ташкил медиҳад.

Дар ин муддат бо вуҷуди идома доштани теъдоди муайяни иншоотҳои соҳа дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Норак, Фархор, Хуросон, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрав то кунун ягон иншооти барномавӣ мавриди истифода қарор дода нашудаанд.

Дар умум, ба ҳолати имрӯза дар сатҳи вилоят аз шумораи умумии иншоотҳои соҳа, ки мебоист тибқи Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи мазкур (замимаҳои 1,2 ва 3-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016 №504) тайи солҳои 2017-2019 сохта мавриди истифода қарор дода мешуданд. Алҳол корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозӣ дар 213 адад иншооти соҳа бо сабабҳои мухталиф оғоз нагардидаанд, ки аз ин шумора ба шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ-33, Данғара-20, Фархор-19, Муъминобод-16, Ховалинг-15, Панҷ-14, Кӯшониён-12, Ҷайҳун-12, Норак-9, Кӯлоб-7, Вахш-7, Темурмалик-6, Шамсиддин Шоҳин-6, Ҷалолиддини Балхӣ-6, Қубодиён-6, Носири Хусрав-5, Бохтар-5, Ҳамадонӣ-4, Абдураҳмони Ҷомӣ-4, Ёвон-3, Левакант-3, Восеъ-1 ва Балҷувон-1 ададӣ рост меояд.

Аз шумораи иншоотҳои сохт-монашон оғозгардида аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ 86, буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 50, Бонки Исломии Рушд ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 24, Фонди Саудии Рушд 13, Фонди Қувайтӣ 19, буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон-20 ададиро ташкил медиҳанд.

Ҳамин тавр, дар иҷлосия ҳозирин ҳисоботи сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Юсуфзода Фирӯзшоҳро оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шуниданд. Тавре ки номбурда иброз дошт, бо мақсади риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар давоми соли 2018 ва 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби раёсат дар 22 ташкилоту муассисаҳо корҳои омӯзишию назоратӣ гузаронида, ба шахсони ҳуқуқӣ 18 амр ва тавсияҳо дода шуда, 152,6 ҳазор сомонӣ маблағҳо барқарор карда шуданд.

Дар соли 2018 ва 8 моҳи соли ҷорӣ ба Раёсати хадамот 26 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон доир ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, вазъи нарху наво, сифати маҳсулотҳо дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳо ворид шуда, дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Масъулини раёсати мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фаъолияти мунтазами бозорҳо ва марказҳои савдо хуб ба роҳ монда шуда, аҳолӣ бо маҳсулоти зарурӣ таъмину дар нигоҳ доштани нарху навои молу маҳсулоти талаботи аввалияи аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамин тавр, дар иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум масъалаҳои ҷорӣ, аз ҷумла масъалаҳои кадрӣ ва номгузорӣ оид ба тағйир додани номи баъзе воҳидҳои маъмуриву ҳудудии маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Қубодиён, Ёвон ва номгузории муассисаҳои таълимӣ низ мавриди баррасии вакилон қарор гирифт. Аз рӯйи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Пас аз анҷоми Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулини шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот баҳри сари вақт ҷамъоварӣ намудани дастранҷи марди деҳқон "тиллои сафед”, омодагӣ ба фасли сармо, иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҳодисаҳои ҷиноӣ ва рафти иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, "Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ” дастуру супоришҳо доданд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода:«Ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар наму ...

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода:«Ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар наму ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «ҳосили дастранҷи деҳқон беталаф ҷамъоварӣ гардад»

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «ҳосили дастранҷи деҳқон беталаф ҷамъоварӣ гардад»

Ҳокимияти давлатӣ
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода: «Ҷашни 30-солагии истиқлолиятро бо корҳои ободонию ...

Ҳокимияти давлатӣ

ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОН

Хабарҳо
Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Саҳми занон дар умури ҷамъиятию сиёсӣ назаррас аст

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА