Дар як сатр
» » Намоиши дастовардҳои Хатлон дар Ӯзбекистон

Намоиши дастовардҳои Хатлон дар Ӯзбекистон

1-11-2017, 10:26

Намоиши дастовардҳои Хатлон дар Ӯзбекистон

6 корхонаву ширкатҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони вилоят маҳсулоти худро дар намоишгоҳи «Молҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар маркази миллии намоишгоҳи «ӯзэкспосентр», ки дар шаҳри Тошканд барпо шуд, ба намоиш гузоштанд.

Дар намоишгоҳ намояндагони ширкатҳои ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент», «Хуаксин Ғайриндустриал», «Ҷунгтсай Моҳир семент», «Хима Текстил», «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон, асалпарварон И. Қосимов, М. Тураев, ҶДММ «Майрамбибӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ҶДММ «Чакан», КВД «Зари Кӯлоб»-и шаҳри Кӯлоб, Хоҷагии деҳқонии «Ансорӣ», ҶДММ «Шаҳноза»-и ноҳияи Ҷайҳун, ҶДММ «Дук»-и ноҳияи Шаҳритуз, ҶДММ «Ҳазориспанд»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҶДММ «Муъминшифочой»-и ноҳияи Муъминобод, ҶСК «Хоҷа Муъмин»-и ноҳия Восеъ ва созтароши асбобҳои миллӣ С. Ғуломов аз ноҳияи Ховалинг иштирок намуданд.

Намояндагони ширкатҳои вилоят тамошобинонро бо номгӯйи маҳсулот, лавҳаҳои муаррифии иқтидори корхонаҳои гуногуни иқтисоду тиҷорат, дастовардҳо, молҳои баландсифати содиротии дар бозорҳои ҷаҳонӣ эътирофшуда, аз ҷумла дар бахшҳои саноати сабук, хоҷагии кишлоқ, масолеҳи бинокорӣ, растаниҳо ва гиёҳҳои шифобахш, ҳунармандӣ ошно намуданд.

Тавре ки ба рӯзномаи «Хатлон» роҳбари Палатаи савдо ва саноати вилоят Қудратулло Олимов иттилоъ дод, дар ин намоишгоҳ доир ба ҳамкориҳои судманди иқтисодию тиҷоратӣ миёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Тошканди Ҷумҳурии ӯзбекистон гуфтугӯҳои судманд ба анҷом расонида шуд. Лоиҳаҳои созишномаи ҳамкорӣ барои баррасӣ, омӯзиш ва ба имзо расонидан, пешниҳод гардид.

Намоиши дастовардҳои Хатлон дар Ӯзбекистон

Дар чорабинии мазкур Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Шаҳноза»-и ноҳияи Ҷайҳун ва «Дук»-и ноҳияи Шаҳритуз бо ҶДММ «Нурли Тонг Силк»-и шаҳри Марғелони Ҷумҳурии ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо Ёддошти тафоҳум ва қарордод ба имзо расониданд. Ҳамчунин, созишнома оид ба содироти семент аз тарафи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Ҷунгтсай Моҳир семент» бо ширкатҳои ҷониби ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ эҳсос гардид, ки мардуми ӯзбекистон, бахусус роҳбарони корхонаҳо, нисбати мардуми Тоҷикистон нигоҳи дӯстона дошта, барои ҳамкориҳои судманд омодаанд.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ёвон. Нияти бунёди 3 корхонаи азим

Ёвон. Нияти бунёди 3 корхонаи азим

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
«Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»

«Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Корхонаи сементи Ёвон - беҳтарин андозсупорандаи сол

Корхонаи сементи Ёвон - беҳтарин андозсупорандаи сол

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА