Дар як сатр
» » ҲУНАР ОМӮЗ К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ...

ҲУНАР ОМӮЗ К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ...

26-09-2019, 05:40

ҲУНАР ОМӮЗ К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ...

Касро ҳунараш миёни мардум сарбаланду обрӯманд мекунад. Дар тавсифи ҳунар ва ҳунаромӯзӣ бузургони мо бисёр ҳикматҳои гуҳарбор гуфтаанд. Аз ҷумла фармудаанд: "Ҳунар чашмаест зоянда” ва ё:

Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ,

Даркушоӣ кунӣ на дарбандӣ.

Амсоли ин суханҳо беҳисоб аст. Танҳо ба онҳо амал намудан шарти зиндагист. Хушбахтона, Сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи суханҳои гузаштагон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштанд. Аз ҷониби сокинони ҷумҳурӣ ин пешниҳоди Роҳбари давлат хеле хуш пазироӣ ёфт. Бисёр ҳунарҳои ниёгонамон, ки қариб ба ҳукми фаромӯшӣ афтода буданд, аз нав эҳё гардиданд. Ҳатто гуфтан мумкин, ки боз равнақи тоза ёфт.

Дар деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳияи Восеъ низ ҳунарҳои мардумӣ гуё аз нав зинда гардид. Месазад, сараввал аз ҳунарварони деҳа номи Холаҳмад Ҳалимовро зикр намоем.

Бобои Холаҳмад ба қавле панҷ панҷаи ҳунар дорад. Ӯ устои дуредгару чӯбтарош аст. Вақте ба сари коргоҳ менишинад, чӯбу тахта аз дастони муъҷизаофари ӯ шакл мегирад. Чӣ шакле? Инро аз назораи маҳсули дастонаш эҳсос мекунӣ. Ҳама ашёи ба рӯзғор лозимиро бобои Холаҳмад метарошаду пешкаши талабгорон мекунад. Маҳсули омодакардааш мақбули ҳамагон аст.

Бобои Холаҳмад барои рӯзгор қошуқу кафлез, табақҳои гулдору оштахта, суфраи нонросткунию уғӯрак ва чандин ҷиҳози арӯсонаи дигар метарошад. Барои нав-модарон низ гаҳвораю овезакҳои зебои табъи дил омода мекунад. Ҳамчунин барои муғаниён дуторҳои хушсадою хушоҳанг метарошад.

Меҳри ҳунари чӯбтарошӣ аз тамошои маҳсули ҳунарварони бозорҳо дар қалби бобои Холаҳмад маъво гирифтааст. Чашмаи илҳоми ӯ дар ҷодаи чӯбтарошӣ ҷӯш мезад. Ӯро завқи дар қалбаш эҳёшуда ором намегузошт. Гӯё овозе аз синааш нидояш мекард: "Ту ҳам метавонӣ”. Вале бобои Холаҳмад, ки он вақт ҷавон буд, андеша мекард дар посухи садои қалбаш:

Хар кӣ бе устод кард оғози кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор...

Вале ин андеша ҷӯши дили ӯро таскин намебахшид. Чунон ки Соиби бузургвор фармуда:

Сел бе раҳбар ба дарё

мерасонад хешро,

Шавқ агар бошад куҷое

роҳбаре даркор нест.

Баъдан зиндагӣ метавонад ҳар касеро, ки завқ ба ҳунаре дорад, устоди хубе дар ҷодаи орзуҳояш намояд. Бобои Холаҳмадро низ машаққати рӯзҳои сангини ба сари халқомада, дар солҳои пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ маҷбураш кард, ки устои гулдасти чӯбтарош шавад. Ҳоли ҳозир бошад, дар намоиши ҳунарҳои миллӣ сараввал ӯро даъват мекунанд. Меҳмонону тамошобинон ба маҳсули дастони ҳунарвараш, ки аз чӯб офаридааст, аҳсант мегӯянд.

- Агар кас ҳунаре дошта бошад,- мегӯяд бобои Холаҳмад,- дар ҳама ҳолатҳои сангини рӯзгор хор намешавад. Ҳеҷ гоҳ бараҳнаву ташна ва гурӯсна намемонад. Дастмузди ҳунараш ӯро аз гирдоби офоти зиндагӣ берун мебарад. Болокории ин иззатманди мардум мегардаду дар ҳаққаш дуои нек мегӯянд.

Барҳақ чунин аст. Имрӯзҳо ниёзмандони ҳунари бобои усто Холаҳмад хонаашро суроғ карда меоянд. Меоянду бо дастони пуру қалби лабрези фараҳмандӣ ба усто, ҳоҷатбарори худ миннатдорӣ изҳор карда, мераванд. Рафту асбоби хоҳиши онҳо нимтайёр бошад, бо як пиёла чой зиёфат дода, каме маъталаш мекунад. Дар ин муддат зуд онро омода намуда, ноумедаш бар намегардонад. Гуфтори хушу рафтори нек хоксориаш ибрати дигарон аст. Бобои усто Холаҳмад Ҳалимов агарчи сазовори ҷоизаҳои ифтихорист, аммо ӯ ниёзманди дастгирист. Чаро ки ба ӯ ёрие нарасидааст. Ин ёрӣ дар дастгирӣ, дар гирифтани кумакпӯлӣ-грант ва сохтмони як корхонаи хурдест. - Агар ин кор анҷом меёфт, - мегӯяд бобои Холаҳмад, - нуран алонур мешуд, хосатан дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Ин имкон медод, ки номгӯи маҳсулоти истеҳсолшуда ва миқдори он боз ҳам зиёда гардад.

Қадрдонӣ ва эҳтироме, ки мардум нисбаташ дорад, аз он ифтихор мекунад. Худро хизматгори мардум медонаду эҳёи ҳунарҳои мардумиро дар зиндагӣ қарзу фарз мешуморад. Мероси фарҳангие, ки аз қаъри қарнҳо ба мо расидааст, чун гавҳараки чашм ҳифз менамояду рушду такомул медиҳад.

 

Ҳасан САФАРЗОДА,

ноҳияи Восеъ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

УСТО УСМОН: «ШУКРОНАИ ВАҲДАТ, БА РӮЗИ НЕК РАСИДЕМ»

УСТО УСМОН: «ШУКРОНАИ ВАҲДАТ, БА РӮЗИ НЕК РАСИДЕМ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

ЭЪЛОНИ ҒОЛИБОНИ ФЕСТИВАЛИ «ҲУНАР ОМӮЗ…»

Хабарҳо
Деҳа макони ҳунар аст ва бояд рушд кунад

Деҳа макони ҳунар аст ва бояд рушд кунад

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Кишти тирамоҳӣ анҷом ёфт

Арсаи кишоварзӣ
Дидори ҳамхизматон пас аз 48 сол

Дидори ҳамхизматон пас аз 48 сол

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Номаҳои Шумо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА