Дар як сатр
» » МАРҲАМАТ, БА ХАТЛОН!

МАРҲАМАТ, БА ХАТЛОН!

26-09-2019, 05:18

Ҳамасола дар сартосари ҷаҳон 27-уми сент-ябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ қайд карда мешавад. Ба ифтихори ин сана бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Конференсияи вилоятӣ таҳти унвони "Марҳамат, ба Хатлон!” баргузор гардид.

Муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ба сухан баромада, иброз дошт, ки бо иқдоми Президенти мамлакат эълон гардидани Солҳои 2019-2021-Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни аҳли ҷомеа ҳамовозии зиёдеро пайдо намуд ва дар ин замина дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ нисбати рушди соҳаҳои мазкур такони бузурге ба амал овард.

Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки  кишвар тамоми имконоташро барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон равона хоҳад кард.

Дар ҳошияи амалӣ гардидани ин иқдоми бузург садҳо иншооти хизматрасонӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, мағозаҳои фурӯши армуғонҳо бунёд гардид. Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкон фароҳам овард, ки муассисаҳои хизматрасон, аз қабили меҳмонхона, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, мағозаву дӯконҳо бунёд гардида, ба рушди инфрасохтори деҳот заминаҳои воқеӣ ба вуҷуд омад.

МАРҲАМАТ, БА ХАТЛОН!


Муовини раиси вилоят зимни суханронӣ доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ  сухан ронда, таъкид дошт, ки вилояти Хатлон дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ мебошад. Сипас, сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Дилшод Шоев доир ба фаъолияти шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дастовардҳои бадастомада дар ин самт ибрози назар намуд.

Ҳамин тавр, Собир Раҳимов, раиси ташкилоти ҷамъиятии "Наргис”, Раъно Ҷумаева, директори ташкилоти ҷамъиятии "Томирис”  оид ба фаъолияти хеш дар самти рушди сайёҳӣ сухан намуданд. Омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав Эмомалӣ Набиев, Абдуғаффор Неъматов ва Самандар Раҷабализода дар мавзӯъҳои "Заминаҳои қонунгузории сайёҳӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар”, "Захираҳои рекреатсионии водии Вахш” ва "Тоҷикистон - ватани сайёҳӣ” маърӯза намуданд.

Дар ҳақиқат аз суханронии баромадкунандагон баръало мушоҳида мегардид, ки Хатлонзамин дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ буда, метавонанд, бо мавзеъҳои таърихӣ, қуллаҳои сарбафалаккашидаву обшорони беҳамто ва табиати назаррабояш қалби ҳазорон нафар сайёҳонро тасхир намояду рушди соҳаи сайёҳӣ имкон медиҳад соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ низ боло раваду рӯзгори сокинон боз ҳам гуворотар гардад.

ВАХШОНА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Талошҳо ба беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ

Хабарҳо
«Тоҷикфилм» - ғолиби озмун

«Тоҷикфилм» - ғолиби озмун

Ҳокимияти давлатӣ, ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Дар ҳар ноҳия ду ширкати сайёҳӣ таъсис меёбад

Хабарҳо
Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

Занону духтаронро ба касбомӯзӣ ҷалб бояд кард

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, АСАЛМО САФАРОВА
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм