Дар як сатр
» » ТАҚДИМИ 20 ТРАКТОРИ ЗАМОНАВӢ БА ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

ТАҚДИМИ 20 ТРАКТОРИ ЗАМОНАВӢ БА ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

26-09-2019, 05:12

ТАҚДИМИ 20 ТРАКТОРИ ЗАМОНАВӢ БА ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ

Таъсиси идораи «Агролизинг»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки хоҷагидорон бо техникаи кишоварзӣ таъмин гарданд. Ҳамчунин, дар ин замина бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо лоиҳаи ҳамкорӣ амалӣ мегардад.

 

Бо мақсади дастгирии кишоварзону хоҷагидорон барои беҳтар намудани самаранокии заҳмати барзгарон дар доираи лоиҳаи оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда»-и Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мегардад, ба 20 хоҷагии вилояти Хатлон тракторҳои нави замонавӣ тақдим шуда буд.


Инак, рӯзи 24 сентябри соли равон тибқи лоиҳаи мазкур боз 20 адад техникаи наву замонавӣ ба хоҷагиҳои  деҳқонии ноҳияҳои вилоят супорида шуд. Дар маросими расмии супурдани техникаи кишоварзӣ муовини раиси вилоят Умед Зоирзода,  намояндагони USAID дар Тоҷикистон, масъулини Раёсати кишоварзии вилоят ва хоҷагидорон ширкат варзида, ташаббуси мазкурро натиҷаи ҳамкориҳои самарабахши роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти  Хатлон бо шарикони рушд таъкид доштанд.

Сарравал, муовини   раиси вилояти Хатлон  Умед Зоирзода аз номи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  ба дастандаркорони лоиҳаи   Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ” USAID изҳори миннатдорӣ намуд. Номбурда зикр дошт, ки хоҷагидорони минтақаи Бохтар ба чунин техникаи кишоварзӣ эҳтиёҷ доштанд ва дастрасии техникаи мазкур баҳри баланд гардидани ҳосилнокии заминҳо, мубориза алайҳи ҳашароти зараррасон мусоидат менамояд. Тавре ки муовини раиси вилоят таъкид дошт, бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз чор ҳадафҳои давлату миллат-таъмини амнияти озуқаворӣ татбиқ гашта истодааст. Дар ин ҷода саҳми кишоварзони вилояти Хатлон низ назаррас аст. Хоҷагидорони вилояти Хатлон баҳри ба даст овардани маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо маҳсулоти тару тоза ва ҷавобгӯи талаботи экологӣ ҷидду ҷаҳд доранд. Ҳамзамон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи олимону мутахассисони варзидаи соҳа ва омӯзонидани тарзу усулҳои муосири парвариши зироатҳои кишоварзӣ тадбир меандешанд. Натиҷаи ин аст, ки маҳсулоти кишоварзӣ афзун гардида, сатҳи рӯзгори деҳқонон низ боло меравад. Муовини лоиҳаи USAID Сабоҳатулло Музаффаров    иброз дошт, дар давоми фаъолияти лоиҳаи мазкур 70 трактори  тамғаи 504-ро  ба деҳқонон супурданд.

Айни замон, бинобар зарурати деҳқонон ба техникаи дорупошак аз сабаби афзоиши ҳашароти зараррасон ва зиён расондани онҳо ба маҳсули заҳмати деҳқонон  лоиҳа таъмини техникаву таҷҳизхотҳои дорупоширо ба роҳ мондааст.

ТАҚДИМИ 20 ТРАКТОРИ ЗАМОНАВӢ БА ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ


 Ин тадбир имкон медиҳад, ки хоҷагидорон дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ ба мушкилот дучор нагарданд,  ба муқобили ҳашаротҳои зараррасон бо истифода аз техникаи нави ҳозиразамон истифода баранд. Хурсандии саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳои тиҷоратӣ НОРИН С аз Ҷамоати деҳоти «Навбаҳор»-и ноҳияи Кӯшониён, Хол Х., Дубеда, Мумин Эгамбердӣ, хоҷагиҳои деҳқонии Фирдавс, Сурхоб, Қаҳрамон, Зикри Оллоҳ, Сардорбек, Шоҳмансур, Муборак, Валӣ ва дигарон аз ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Ҷомӣ ва Қубодиёнро ҳадду канор набуд. Дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо калиди тракторҳои кишоварзӣ тақдим карда шуд. Арзиши як адад трактор бо техникаи дорупошаку ғизодиҳӣ ва дигар мошинолоти зарурӣ 145 ҳазор сомонӣ буда, аз нисф зиёди маблағи онро ҳамчун кумак ба баҳрагирандагони лоиҳаи  Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ” Лоиҳаи USAID оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси "Озуқаворӣ ба хотири оянда” пардохт менамояд. Боқимонда 50 дарсади онро худи кишоварзон ва деҳқонон пардохт менамоянд. Ҳамчунин соҳибони ин тракторҳо минбаъд давоми 1 сол метавонанд аз хизматрасониҳои техникии дастраскунандагон дар ҳолати зарурӣ ба таври ройгон истифода баранд. Дар ҳақиқат, ин иқдоми Лоиҳаи USAID оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси "Озуқаворӣ ба хотири оянда” имкон фароҳам меоварад, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ соҳиби техникаи кишоварзӣ гарданду фаъолияти хешро пурсамар ба роҳ монда, комёбиҳои нав ба нави меҳнатӣ ба даст оранд, зеро техникаи кишоварзӣ мададрасони марди деҳқон аст.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО Х. ПЙЕДРА

Хабарҳо
Ёвон: Бунёди боз як сехи коркарди меваю сабзавот

Ёвон: Бунёди боз як сехи коркарди меваю сабзавот

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ба хотири ояндаи нек

Ба хотири ояндаи нек

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Намоиш-фурӯши техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷомӣ

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА