Дар як сатр
» » БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕБОЯД

БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕБОЯД

26-09-2019, 05:11

Рушди бемайлони ҷомеа тақозо менамояд, ки фазои соҳибкорӣ низ бештар ривоҷу равнақ ёбаду ба пешбурду дастовардҳои иқтисодӣ замина муҳайё созад. Ба ҳамагон равшан аст, ки рушди соҳибкорӣ ба пешбурд ва самаранок гардонидани истеҳсолот, роҳи ҳалли масоили исқтисодиву иҷтимоии минтақа таъсири мусбат мерасонад. Зеро танҳо тавассути рушди соҳибкорӣ манбаи андозбандии буҷаҳои маҳаллӣ, зиёд гаштани ҷойҳои корӣ, ғанӣ гардонидани бозорҳо бо маҳсулоту хизматрасонӣ ва ба ин васила ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Боиси хушнудист, ки Ҳукумати мамлакат барои амалӣ гардидани ислоҳоти иқтисодӣ як қатор тадбирҳои мушаххас андешида, барои бештар гардидани фазои соҳибкорону сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим мусоидат карда истодааст. Ин ва дигар масъалаҳои вобаста ба самти соҳибкорӣ зимни ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ рӯзи 18 сентябри соли равон мавриди таҳлил қарор гирифт. Ҷаласаи мазкурро муовини раиси вилоят Раҷабалӣ Раҷабов ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, гузориши роҳбари котиботи Шӯро Зафар Ализода, ҳисоботи сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қурбонзода Қурбон оид ба рафти иҷроиши нақшаи чорабиниҳо вобаста ба рушди соҳибкорӣ миёни занону ҷавонон дар вилояти Хатлон шунида шуд. Намояндаи Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон вобаста ба рушди соҳаи парандапарварӣ, коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз гӯшти паранда ибрози назар намуд.

Ҳамчунин, оид ба фаъолияти Шӯрои машваратии рушдисоҳибкорӣ ва сармоягузории назди раиси шаҳри Бохтар, муовини аввали раиси шаҳр Мирзозода Нурулло сухан намуда, таъкид дошт, ки дар ин самт пешравиҳо ба чашм мерасанд. Дар доираи амалӣ намудани "300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ” ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Зарнигор Бегова, роҳбари гурӯҳи корӣ лоиҳаи «Раҳнамои рушди соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон»-ро муаррифӣ намуд.

Сипас, лоиҳаи нақшаи кории Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон ва нақшаи фаъолияти котиботи Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Хатлон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ тасдиқ гардид.

ВАХШОНА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАЪСИСИ МАҲФИЛИ «СОҲИБКОРОНИ СОЗАНДА» ДАР ДАНҒАРА

Иқтисоду тиҷорат

МУЛОҚОТИ РАИСИ ПСС БО СОҲИБКОРОН

Хабарҳо
Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Соҳибкорӣ рушд меёбад

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Се самти асосии фаъолияти Шӯро муайян шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо