Дар як сатр
» » МАОРИФИ ФАРХОР БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

МАОРИФИ ФАРХОР БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

26-09-2019, 05:08

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода барои гузаронидани қабули сайёри шаҳрвандон ба ноҳияи Фархор омад. Даставвал муҳокима ва таҳлили  натиҷаи ҷамъбасти бурду бохти меҳнаткашони ноҳия дар 8 моҳи сипаришуда доир гардид. Ба маҷлис роҳбарони ташкилотҳои вилоятию минтақавӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, раисони ҷамоатҳо, сарварони идораҳои ноҳиявӣ, соҳибкорон даъват шуда буданд.


Раиси вилоят баъди  қабул ва ба истифода додани якчанд бинои ҷашнӣ, аз ҷумла корхонаи дӯзандагӣ, чор мактаби нави замонавӣ, синфхонаҳои иловагӣ   ба қабули шаҳрвандон оғоз намуд.

Сокинон  асосан аз масоили ба шароити имрӯза мувофиқ набудани бинои мактабҳо, аз ниҳоят баланд гардидани обҳои зеризаминӣ мушкилот эҷод гардидан дар кори кишоварзон, таъмирталаб гардидани иддае аз биноҳои ҷамоатҳо, иҷоранишин будани идораи нотариалӣ ва сабти ҳолати асноди шаҳрвандӣ,  дархости замин барои бунёди манзил масъалагузорӣ намуданд.

Аноргул Сафарова, собиқа-дори меҳнат аз Ҷамоати деҳоти   "Доманкӯҳ” мушкилоти муҳимро ба миён гузошт. Ӯ гуфт, ки дар собиқ колхози ба номи Ленин соли 1949 қасри фарҳангие сохта буданд, ки тимсолаш дар ноҳия вуҷуд надошт. Дар давраи нооромиҳо нафаре аз хоҷагидори корчалон онро бар ивази  қарзаш мефурӯшад. Қаср маъвои корҳои маданию равшаннамоӣ ва дамгирии аҳли меҳнат аст. Аз шумо хоҳиш дорем, ки қасрро ба мардум баргардонед.

Алимадов Тоҳир аз Ҷамоати деҳоти «Ватан» арз кард, ки дар асоси аризааш ва навбат  25-30 оиларо дар мавзее, ки як вақтҳо обӣ буду ҳоло чандин сол боз ба қатори заминҳои лалмӣ дохил мешавад, хонаҷо додаанд. Аксарият дар ин замин манзил сохтанд, қисми дигарро  сохтмонашон идома дорад. Додситони ноҳия қарор қабул кардааст, ки замин ба ҳолати аввалааш баргардонда шавад. Аз роҳбари аввали вилоят  эҳтиромона хоҳиш кард, ки ба дарди онҳо дармон шавад. Дар ин иртибот Қурбон Ҳакимзода ваъда доданд, ки масъала бисёр ҷиддист, тибқи талаботи қонун ҳал мекунем.

Нисбати ҳалли ҳамаи ташвишу мушкилоти ба миёнгузошташуда   раиси вилоят  ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Сипас, аз рӯйи масъалаи дуюм раиси ноҳия Рустам Раҳматзода ҳисобот дод. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки   имрӯз ҳамаи ҷидду ҷаҳди  бошандагони ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ равона гардидааст. Дар ин самт дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат,  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  рӯҳбахшу роҳнамост.

Ба ин муносибат 324 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. Соли гузашта бунёду навсозии 51 иншоот ба анҷом расонида шуд. То соли 2021 мувофиқи нақша сохтмони  11 мактаби замонавӣ, бинои таваллудхона, 15 корхонаи дӯзандагӣ ва даҳҳо муассисаи дигари иҷтимоӣ ва таъйиноти гуногун дар назар аст. Дар  ин миён ба  корхонаҳои саноатӣ бартарӣ дода мешавад. Дар  ин амали ватандӯстона ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорон басо бузург аст. Соҳибкор Юсуфалӣ Ҷӯраев дар маркази ноҳия бо маблағи  1,5 миллион сомонӣ толори варзишӣ сохта ба истифода дод. Хуршед Нозимов ба маблағи 47 миллион сомонӣ бинои нави таълимии мактаби рақами 2-ро бунёд намуда истодааст.

Дар ноҳия 66 мактаб вуҷуд дорад. Танҳо 16-тои он ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Мактабҳои боқимонда дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта сохта шуда, аксаран садамавӣ буда ба таъмир ниёз доранд.  Чанд тан  аз сокинони ноҳия аз Қурбон Ҳакимзода хоҳиш карданд, ки дар ҳалли ин масъалаи муҳим мусоидат намоянд.

Раиси вилоят ба комиссияи махсуси вобаста ба ин масъала, ки дар назди дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амал мекунад, супориш доданд, ки ба омӯзиш ва ҳалли масъала ба таври таъҷилӣ машғул шаванд.

-Дар ҳашт моҳи гузашта сабаби асосии иҷро нашудани нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ-андоз ва маҷмӯи  маҳсулоти  дохилӣ  аз кор мондани  корхонахои  пахтатозакунӣ  ва   идома доштани  ҷамъоварии  маҳсулоти  кишоварзӣ  мебошад, гуфт раиси  ноҳия. -Аз ин рӯ,  мо тамоми имкониятҳоро дорем, ки  дар аввали моҳи декабр  нақшаҳои солонаро  пурраю барзиёд  таъмин  намоем.

Дар хотима раиси вилоят чунин таъкид  намуданд: «Дурнамои пахтасупории ноҳия то имрӯз ҳамагӣ 5400-тонна иҷро гардидааст. Ҷамъоварии он алҳол ба талабот ҷавоб намедиҳад. Раисони ҷамоатҳо, масъулини  соҳаи кишоварзӣ хуб  кор намекунанд, дар маъракаи муҳими рӯз - ҷамъоварии саривақтии пахта бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд. Агар масъулине, ки аз уҳдаи вазифааш намебарояд, нисбати ӯ  чораҳои ҷиддӣ андешида мешавад».

Аз муаллиф:

Ба ҳама маълум аст, ки ду сол боз бо сабаби ниҳоят гарм омадани фасли тобистон ва гулрезу шонарез гардидани  пахта ҳосили дилхоҳ ба даст намеояд. Ҳамзамон дар мамлакат аз фаъолият мондани корхонаи нуриҳои азотӣ пахтакорон  маҳсули заҳматашонро ба ғизои зарурӣ ба таври бояду шояд таъмин карда наметавонанд. Пахта то меъёри муайяншудаи ғизоро нагирад, ҳосили дилхоҳ намедиҳад.

Болои ҳамаи  ин заводҳо бо маблағҳои ночиз пахтаи деҳқонро соҳиб мешаванд ва дучанду сечанд фоида мебинанд.

Ғайбулло Ҳалимов,

 ноҳияи Фархор


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛРО ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР

Ҳокимияти давлатӣ

ФАРХОР. АЗМИ БУНЁДУ НАВСОЗИИ 324 ИНШООТ

Хабарҳо
РАИСИ ВИЛОЯТ: «ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМ  ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМ ВАЗИФАИ ҶОНИИ МОСТ»

Ҳокимияти давлатӣ
Темурмалик. Мардуми ватандӯст диёрро ободу зебо мегардонанд

Темурмалик. Мардуми ватандӯст диёрро ободу зебо мегардонанд

Ҳокимияти давлатӣ

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ