Дар як сатр
» » ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ҲАШАРИ ПАХТАЧИНӢ

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ҲАШАРИ ПАХТАЧИНӢ

26-09-2019, 05:02

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ҲАШАРИ ПАХТАЧИНӢ

Дар вилояти Хатлон низ дар ҳар қадам  заҳмати марди деҳқон ба чашм мерасад. Боиси хушнудист, ки бо қарори раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар вилоят "60 рӯзи меҳнати зарбор” эълон гардида, ҳадаф аз ин дастур сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили бо арақи ҷабин рӯёндаи марди деҳқон "Тиллои сафед” мебошад.

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта таҳти роҳбарии раиси вилояти  Хатлон Қурбон Ҳакимзода масъулину кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарону намояндагони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав ба ҳашари пахтачинӣ баромада, паҳлу ба паҳлуи деҳқонони деҳаи ба номи Лоиқ Шералии Ҷамоати деҳоти "Нури Вахш”-и ноҳияи Дӯстӣ ба ҷамъоварии "Тиллои сафед” машғул шуданд.

Дар воқеъ, қитъаҳои шукуфони пахта ба ҳашарчиён нерую илҳоми тоза бахшид. Тавре ки равшан гардид, дар ин ҳашари дастаҷамъона ёрдамчиёни боҳиммат беш аз 12 тонна "Тиллои сафед” ҷамъ оварданд.

Воқеан парвариши беш аз 3000 гектар замини ширкати "Ҷунтай-Хатлон” бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шуда буд. Тавре ки масъулини ноҳияи Дӯстӣ изҳор доштанд, соли равон дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот 7048 га кишти пунбадона гузаронидаанд. Дурнамои истеҳсоли пахта 15900 тонна мебошад. Ба таърихи 1 сентябри соли равон 6147 тонна "Тиллои сафед” ҷамъ оварда шудааст, ки 38,7 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон барои ҷамъоварии саривақтӣ ва босифати пахта миёни шаҳру ноҳияҳои вилоят мусобиқа эълон гардида, натиҷаи меҳнати ҳар 15- рӯзаи деҳқонони пахтакор ҷамъбаст мегардад. Дар 15-рӯзаи аввал, тавре ки дар шумораи гузаштаи рӯзнома хабар дода будем, ғолибони давраи аввали мусобиқа шаҳру ноҳияҳои Шаҳритуз, Бохтар ва Левакант гашта, соҳиби туҳфаҳои пулӣ гардида буданд. Инак, пас аз чанд рӯз даври дуюми мусобиқа ҷамъбаст мегардад.

Тавре ки раиси вилоят дар ҷамъомади ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоии 8-моҳаи соли равон зикр намуд, шаҳру ноҳияҳои пахтакоре, ки аз иҷрои дурнамои пахтасупорӣ мужда медиҳанд, бо автомашинаҳои гаронарзиш сарфароз гардонида мешаванд. Дар урфиат мегӯянд, ки майдон аз далер аст.

 

А. САФАРОВА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҒОЛИБОНИ МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ

Арсаи кишоварзӣ

ДУРНАМО - 275,2 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

Хабарҳо
КОРВОНИ «ТИЛЛОИ САФЕД» ВОРИДИ НУҚТАҲОИ ҚАБУЛ ГАРДИД

КОРВОНИ «ТИЛЛОИ САФЕД» ВОРИДИ НУҚТАҲОИ ҚАБУЛ ГАРДИД

Арсаи кишоварзӣ

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

Хабарҳо
Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар

Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ