Дар як сатр
» » НИШАСТИ САҲА: Шикаст ва беқурбшавии мухолифин

НИШАСТИ САҲА: Шикаст ва беқурбшавии мухолифин

26-09-2019, 10:33

Имрӯзҳо дар шаҳри Варшава машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА ба ҳайси яке аз бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ дар боби арзишҳои демократӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи башар идома дорад. Машварати мазкур бо ширкати давлатҳои узви САҲА ва дигар созмонҳои миллию байналмилалӣ бо фарогирии ҳудуди ду ҳазор вакил дар муддати ду ҳафта маҷмӯи масъалаҳои ин самтро баррасӣ мекунад.

Мувофиқи гузоришҳо ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки воқеии масъулият манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистонро ҳимоя дорад ва бо муаррифии дуруст аз сиёсати давлатӣ инъикоси объективии воқеиятҳои ҷомеаи Тоҷикистонро муваффақона таъмин намуда истодааст.

Таҷрибаи бузурги музокира ва сулҳофарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони масоили сиёсӣ омӯхта шуда, ҳамчун ҳодисаи нодир арзёбӣ мегардад. Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки ҷиҳати амалӣ намудани манфиатҳои хоҷагони хориҷии хеш кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварро дар самти арҷ гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ нодида гиранд.

Имрӯз сару садоҳои зиёде баланд мешаванд, ки ҳайати расмии Тоҷикистон дар толорҳои машварат бо рақобати шадиди ба истилоҳ "мухолифин” рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Аммо кадом мухолифин? Оё онҳо ҳамон чанд шахси норозие нестанд, ки аз ҷавобгарӣ фирор карда, дар Аврупо бистари роҳат ёфтаанд ва аз дур ба воситаи шабакаҳои маҷозӣ ва фейкҳо мехоҳанд фазои мухолифат фароҳам бисозанд? Таҷрибаҳои сиёсӣ собит намудаанд, ки музокира бо ҳамон қувваи сиёсӣ ва ташкилоте имкон дорад, ки он ақаллан аъзо, пайрав ва заминаи иҷтимоии худро дар ҷомеа дошта бошад. Иловатан тасаввуроти онҳое, ки дар берунанд ва талош доранд худро ба ҳайси неруи муқтадир ҳарифи давлати Тоҷикистон муаррифӣ кунанд, аз ҳақиқат дур аст. Онҳо фаромӯш кардаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз як давлати қавӣ ва устувор буда, аз назари сиёсӣ, диди сохторию идорӣ, иқтисодӣ, қудратӣ ва ҳам аз назари зарфияти зеҳнӣ бисёр қавитар аз пеш аст.

Давлат машғули ободонӣ, созандагӣ, миллатсозӣ, ваҳдатсозӣ буда, бо эълони ҳадафҳои стратегии миллӣ таърихи навини миллатро месозад. Аз ин лиҳоз, мухолифати чанд нафари афкораш қолабӣ дар муқобили раванди бузурги созандагӣ ва ваҳдати умумимиллии мо ба ҳазён гуфтан монанд мебошад. Хуб мешуд, ки онҳо саргардонии беҳударо бас кунанд, ҳамчун шаҳрванд ба Тоҷикистон баргарданд ва дар амали созандагию бунёдкорӣ саҳм бигузоранд.

Имрӯз зиёданд нафароне, ки аз Сурия ва Ироқ, аз ҷабҳаҳои ҷанги террористӣ ба ихтиёри худ баргашта, аз ҷониби давлат авф шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон нафаронеро авф намуд, ки онҳо чандин баробари ин даъвогарони имрӯза фаъолтар буданд, аммо иштибоҳи худро пай бурда, роҳи дуруст интихоб карданд ва имрӯз дар ватан осуда умр ба сар мебаранд. Агар имрӯз низ ин нохалафон, аз ҷумла Кабирии ватанфурӯш ва ҳаммаслакони заҳокаш низ аз кардаи худ пушаймонӣ менамуданд, халқи тоҷик ва Ҳукумати Тоҷикистон онҳоро низ авф мекард.

Аз нигоҳи дигар машварати мазкур майдони гуфтугӯи намояндагони расмии давлатҳо ва созмонҳост. Аз ҷониби дафтари САҲА ба ин ҳамоиш даъват шудани чанд нафар шаҳрванди норозӣ, ки худро «Паймони миллӣ» ном гузоштаанд, шояд аз он далолат намояд, ки мафҳуми амнияту ҳамкорӣ барои ин созмон ба мафҳуми низоъ ва бунёди минтақаи даргир тавъам бошад?

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаргиз ба ин каждумон имкон намедиҳад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол неши худро зананд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан халқи тоҷик  як маротиба аз кирдору ниятҳои ғаразноки онҳо огаҳ мебошанд, бинобар ин дигар ба ин дасисаҳои онҳо роҳ нахоҳад дод.

А. Асозода,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Абдуллоҳи Раҳнамо: «ҲАЙАТИ ҲУКУМАТ БА КОНФРОНСИ ВАРШАВА БО САРИ БАЛАНД ВА Р ...

Абдуллоҳи Раҳнамо: «ҲАЙАТИ ҲУКУМАТ БА КОНФРОНСИ ВАРШАВА БО САРИ БАЛАНД ВА Р ...

Хабарҳо

Баромадҳои ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти САҲА, санаи 16.0 ...

Сиёсат

Абдуллоҳи Раҳнамо: «Ҳайати ҳукумат ба конфронси Варшава бо сари баланд ва р ...

Хабарҳо, Сиёсат

Ҳамоиши ватангадоён

Номаҳои Шумо

Ҳамоиши беҳамиятон

Хабарҳо