Дар як сатр
» » Аз ҳеҷ кас тарс надорем, барои ободӣ ва пешравиҳои Тоҷикистон мубориза мебарем!

Аз ҳеҷ кас тарс надорем, барои ободӣ ва пешравиҳои Тоҷикистон мубориза мебарем!

26-09-2019, 07:32

Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараёни суҳбати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо гурӯҳи мухолифини тоҷик тамошо карда, нафрати ман нисбат ба он «ватанхоҳон»-у «озодихоҳон»-и рӯякӣ як бар сад афзуд. Бо таассуф аз доштани чунин ҳамватанон (ба ҳамватан гуфтан забон намегардад) бори дигар муътақид гаштам, ки ин тӯдаи хоинону ватанфурӯшон ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ аз роҳи интихобкардаашон барнамегарданд.

Ҳамин Кабирии миллатфурӯшу ватанфурӯш барои мо мардуми тоҷик исбот кардан мехоҳад, ки гӯё Истиқлолияти бо рехтани хуни 150 ҳазор мардуми тоҷик, ки бо иғвогариву фитнаангезии худи онҳо ба амал омада буд, бадастомада моли онҳо будаасту онро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саркӯб ва аз они худ кардааст. Халқи тоҷик аз солҳои 90-ум медонад, ки нияту ҳаракатҳои шумо хоинон чӣ буду чӣ мехостед, бо кадом рӯй, бо кадом забон метавонанд чунин суханонро ба забон биёранд? Мо ҳанӯз зиндаем, аз хотир набаровардаем ва намегузорем, ки ту Кабирии дилсиёҳ бо дурӯғҳои навбатӣ кӯшиши сиёҳ кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Тоҷикистон ва миллати тоҷикро намояд. Алббата мо мушоҳида карда истодаем, ки шумо наҳзатиёни террорист як қисми ҷавонони ноогаҳу ва қатлу куштори шумо бехабарро фиррефта карда истодаед. Аммо инро бидонед, ки онҳо низ рӯзе мешавад, ки ба хиёнаткориҳои шумо тоб наоварда, аз шумоён ҷудо мешавад, инро мо ҳамарӯза пайхас карда истодаем.

Чанд соле қабл бо тамоми овоз аз беэҳтиромии дину имон дар Тоҷикистон ҳарф мезаданду иддао доштанд, давлати исломӣ месозанд ва мусулмониро дар кишвар «ҷорӣ» менамоянд. Аслан ҳамон солҳо низ ҳадафи онҳо чун имрӯз танҳо расидан ба сари қудрат буд. Бо иғвогариву назарфиребӣ ду минтақаи калони ҷумҳуриро ба ҷони ҳам афканданд ва давлати тозаистиқлолро ба доми ҷанги бесобиқаи шаҳрвандӣ кашонданд. Ин ҷанг ҷанге буд, ки бародар хуни бародар мерехт. Ҷанге буд, ки хушку тар месӯхт. Имруз низ аз аврупо истода ҳамон суханон ва кирдорҳои солҳои пешинро давом дода истодаанд, ки дигар ҳаргиз ба мақсаду мароми худ намерсанд.

Ҳазорон шукр ба Худованди беҳамто, ки Тоҷикистони моро аз нестшавӣ ва миллати тоҷикро аз парокандашавӣ эмин нигоҳ дошту имрӯз мо мардуми хушбахту сарафрози тоҷик дар фазои озоду обод, дар амнияту осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Ҳарчанд мегуфтем, ки «нони хушкро дар об тар карда бихӯрему дар ватани хеш бошем кофист», аммо чун миллати созандаву бунёдкор ҳастем. Чун дигар умед ба ҳеҷ касу ҳеҷ чиз надорем, обод месозему бунёд мекунем. Чун мароми мо обод кардану бунёд кардан аст. Намегӯем, ки то имрӯз чӣ кардему оянда чӣ нақшаҳо дорем. Чунки аллакай дарк кардаем, ки шумо пасмондаву раҳрезаҳои ҳамон шӯрандозону фитнагаронеду ҳатто сафедиро низ сиёҳ мебинед.

Худи муқоисаи он солҳо ва ҳодисаҳои имрӯза басанда аст, то кас эҳсос намояд, ки то кадом андоза ақидаву суханҳоятон иваз шудаанд. Ба ҷуз яке даст ёфтан ба ҳукмронӣ дар Тоҷикистон. То замоне, ки дар давлатҳои исломӣ қарор доштед талоши исломӣ кардани Тоҷикистонро доштед ва имрӯз, ки аз он ҷо шармандавор ронда шудаед мехоҳед, Тоҷикистони демократӣ созед? Онро ҳам аз куҷо аз Аврупо? Хайр яке шуду аз пастии фитрататон аз он ҷо ҳам берун шаведу афтед ба Ҳиндустон ё Хитой чӣ ҳиллаву найранг мебофед? Наход гӯед, ки бутпарастатон мекунем?

Соли дуюм аст, ки шумо хоинони ватан дар ин нишастҳо мағлуб мегардед, аммо гуфтагӣ барин инсони шарманда ҳаргиз пушаймон намешавад, бинобар ин шумо мағлуб ҳам шавед, аммо шарм намекунед!!!!!!

Н. Сафарзода,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нолаи чуғз ё худ пикетбозии навбатии хоинон дар Аврупо

Сиёсат

Афкори вопасгаро ва даъвои бузург (дар иртибот ба навиштаи Зафари Суфӣ “Тоҷ ...

Хабарҳо, Сиёсат

Маҳфили ҷавонони тоҷикистонӣ дар Германия: «Аз номи тоҷикони муқими Аврупо ...

Хабарҳо

АЗ НОМИ ТОҶИКОНИ МУҚИМИ АВРУПО СУХАН ГУФТАНИ ЯК ТУДАИ ИФРОТГАРОЁНРО ҚАБУЛ Н ...

Хабарҳо
Ақидаҳои дуруғини бадхоҳони миллат ва давлатро бинед!

Ақидаҳои дуруғини бадхоҳони миллат ва давлатро бинед!

Сиёсат