Дар як сатр
» » Мо намегузорем, ки ба пешравиҳои мо аз тарафи бадхоҳон халале ворид шавад!

Мо намегузорем, ки ба пешравиҳои мо аз тарафи бадхоҳон халале ворид шавад!

25-09-2019, 10:31

Таи ду ҳафта мешавад, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Лаҳистон шаҳри Варшава ҷаласаи солонаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баргузор гардида истодааст. Дар кори ин ҷаласа дар баробари давлатҳои аъзо намояндагони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, аз қабили ҲНИ, Гурӯҳи 24, Паймони миллӣ, ки САҲА онҳоро ҳимоят мекунад, иштирок намуда, ба чашми мардуми олам хок мепошанд.

Мавриди зикри хос аст, ки ҳамин фитна, найранг ва дурӯғгӯиҳои Шумо наҳзатиён буд, ки ҳазорон нафар мардуми Тоҷикистон дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо нақшаҳои хоҷагони хориҷиатон фавтида, қисман аз хона бехона шуданд. Маҳз ҳамин фитнаву ваъдаҳои пучу холии Шумо баринҳои лаънатӣ буд, ки қисме аз ҷавонони камсавод ба онҳо бовар намуда, барои пул шуда, дар ҷангҳои мусаллаҳонаи Ироқу Сурия "ба ҷанг” рафтанд.

Имрӯз низ як гурӯҳи нопоке аз хориҷа истода нисбати халқи тоҷик ва Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон неш зада истодаанд. Ин хиёнаткорон барои ба даст овардани маблағи ночизе аз ҷониби хоҷагонашон ба ин кирдорҳо даст зада истодаанд. Хусусан Кабирии ватанфурӯш ва хоин барои ба даст овардани маблағ дар маросими ҷанозаи модари худ низ иштирок накард, ки ин аз бевиҷдонии ӯ дарак медиҳад. Шахсе, ки модари худро ҳурмат ва эҳтиром намекунад, ватанро дастгирӣ намекунад.  

Имрӯз парда аз рӯйи ҳама найрангу фиреби гуруҳи наҳзатиҳои лаънатӣ бардошта шудааст, мардум онҳоро бо чеҳраи аслиашон шинохтаанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон ба онҳо лаънат мехонад ва бо нафрат онҳоро наҳзатиҳои лаънатӣ ном мебарад, зеро онҳо дар ҳақиқат наълат кардаи халқанд.

Дастгирии созмонҳову ташкилоти террористӣ аз ҷониби масъулини САҲА паёмади баде дорад, инро бояд масъулини ин созмони байналмилалӣ хуб дарк намоянд. Агар нияти Созмони амният ва ҳамкориҳои Аврупо фароҳам овардани шароити музокира бо неруҳои мухолифини кишварҳо бошад пас бояд САҲА бо риояи қоидаҳои дипломатияи ҷаҳонӣ онро иҷро намояд. Агар мақсади ташкили чунин ҷаласаҳои САҲА барои дастгирӣ ва ҷонибдорӣ аз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бошад, пас бояд возеҳ инро баён намояд. Мушоҳидаҳо низ нишон доданд, ки баъзе аз кишварҳои дигари узви  ин созмон,  аз ҷумла Россия, Туркия ва Озорбойҷон  барои   риоя накардани беъзе қоидаҳои ҷаласа эътирозҳо кардаанд. Созмонҳои байналмилалие, ки воқеан арзишҳои демократиро пайгирӣ мекунанд, бо гузашти замон  ҳиллаҳои наҳзатиёнро дарк менамоянд.

Имрӯз мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда, пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи чаҳонӣ беобрӯ намоянд, мо намегузорем, ки ба чунин корҳои ношоям даст зананд. Накшаҳои баде, ки ин хоинони миллат доранд ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт. Мо низ намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур, хоину ватанфурӯш халале ворид шавад.

 Ҳасан Абдураҳимзода,

рӯзномаи "Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НИГАРОНИИ КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ САҲА ТОМАС ГРИМИНГЕР АЗ ҲУЗУРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗ ...

НИГАРОНИИ КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ САҲА ТОМАС ГРИМИНГЕР АЗ ҲУЗУРИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗ ...

Хабарҳо

Чаро саҳа ба неруҳои бадтинат минбар медиҳад?

Сиёсат

Ҳамоиши ватангадоён

Номаҳои Шумо

Ҳамоиши беҳамиятон

Хабарҳо
Наҳзатиҳои лаънатӣ – хизматгори хоҷагони хориҷӣ

Наҳзатиҳои лаънатӣ – хизматгори хоҷагони хориҷӣ

Сиёсат