Дар як сатр
» » Иродаи носолим самараи хуб надорад.

Иродаи носолим самараи хуб надорад.

25-09-2019, 06:28

Иттиллоъ гирифтем, ки аз санаи 16 то 26 сентябри соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Лаҳистон (Полша) шаҳри Варшава Ҷаласаи САҲА баргузор мегардад, ки дар он душманони миллату давлати тоҷик низ аз ҷумла гурӯҳҳои терористӣ- экстремистӣ, аз ҷумъла ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ, Гурӯҳи 24 ва дигар гурӯҳҳое, ки мухолифони давлату ҳукумат ҳастанд, иштирок доранд.

Ҳангоми дидан аз баргузории Ҷаласаи САҲА мушоҳида карда мешавад, ки он маҳфил макони масхарабозон ва иғвоангезонеро мемонад, ки ҳадафашон коштани донаи кинаву бадбинӣ аст. Намояндагони Паймони миллии Тоҷикистон хосса Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Саидюнуси Истаравшанӣ, Маҳмадиқболи Садриддин, Илҳом Ёқубов, Иззат Амон, Шоҳнаими Карим лагандбардоронеро мемонанд, ки дар рафти баргузории ҷаласа барои хоҷагонашон расмҳои хотиравӣ мегирафтанд. Кадом ватандор ва ё дилсӯзи ватану миллат чунин сухан мегуяду рафтор мекунад ва ин ҳам дар шоҳидии намояндагони зиёда аз 57 давлати дунё. Ин бадбахтон бо рафтору кирдори ватанфурӯшонаи худ омодаанд, ки зану фарзанд ва модари хешро бо ду пули ҳаром фурӯшанд. Шахсе, ки ватанашро мефурӯшад аз ӯ ҳар ҳолатро интизор будан ҷоиз аст.

Нотиқони қолабии наҳзатӣ зимни суханрониашон дар ҷаласаи мазкур мавриди паст задани Пешвои миллат, Ҳукумату давлати Тоҷикистон бо ҳазор кинаву ҳасудӣ суханронӣ мекарданд, ки гӯё ҳисоботи яксолаи худро пешниҳод менамоянд. Миллати тоҷик ба ягон Паймон, ҷунбиши ислоҳотӣ ва ҳатто пуштибоне чун наҳзатиҳои пастфитрату манкурт ниёз надорад, зеро мо пуштибону такягоҳе чун Пешвои миллат дорем, ки ифтихори миллат ва давлати Тоҷикистон аст.

Ҳамчун як зан ва фарди Тоҷикистони азиз ҳар гоҳе, ки Парчами давлатиро паси он хоинон мебинам, дилам реш мешавад, тавон мехоҳам то Парчамамро азон макони носолим, аз он мавзеи беадолатию пур аз хиёнат бардорам. Парчами Тоҷикистон зеби дасти тоҷики асил, ватандору ватандӯст ва далеру шуҷои миллат аст на зеби маҷлиси номардону хоинони ватан.

Сари матлабе андеша намоед, ки ҳамаи ин манкуртҳо соҳиби вазифаанд ва ё номи мансаберо давоми номашон навиштаанд. Ин вазифаҳоро ки ба инҳо медиҳад ва чигуна? Ман ҳайронам.

Темури Варқӣ ба қавле Темури ватанфурӯш дар баромадаш қайд кардааст, ки маҳз ҲНИТ, Растохез ва Лаъли Бадахшон барои барқарорсозии Истиқлолият дар Тоҷикистон саҳми намоён доранд ва имрӯз Истиқлолият аз ҷониби Ҳукуматдорони Тоҷикистон дуздида шудааст.

Мадина Сафарова,

шаҳри Левакант




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мо намегузорем, ки ба пешравиҳои мо аз тарафи бадхоҳон халале ворид шавад!

Хабарҳо, Сиёсат

Ба пуштибонии Фаридун Воҳидов (Ҷавобгунае ба палидаке бо номи Илҳом Ёқубов ...

Хабарҳо

Чаро саҳа ба неруҳои бадтинат минбар медиҳад?

Сиёсат

Ҳамоиши ватангадоён

Номаҳои Шумо

Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

Хабарҳо