Дар як сатр
» » Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

30-10-2017, 15:41

Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Пахтакорони вилояти Хатлон аз иҷрои беш аз 100%-аи дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар мавсими соли 2017 муждагонӣ доданд. Барзгарони хатлонӣ ҳанӯз рӯзи 22 октябр ба марра расида будаанд.

Тавре ки Қутбиддин Халилов, сардори шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар суҳбат бо рӯзномаи “Хатлон” иброз дошт, то рӯзи 29 октябр дар вилоят 254390 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 102% баробар аст.

- Бо мусоид омадани боду ҳавои имсола ва риоя намудани агротехникаи парвариши пахта кишоварзон тавонистанд ҳосилнокии майдонҳои пахтазорро дар вилоят дучанд гардонида, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд, - афзуд Қ. Халилов. – Имрӯзҳо дар пахтазорҳои вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили пахта бомаром идома дошта, кишоварзон баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани “тилои сафед” аз тамоми воситаю имкониятҳо сари вақт ва самаранок истифода намуда истоданд.

Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

То имрӯз 14 шаҳру ноҳияи вилоят дурнамои чиниши “тилои сафед”-ро беш аз 100% иҷро кардаанд. Дар миёни пешсафон пахтакорони Данғараю Фархор ва Сарбанд, ки дурнаморо беш аз 110 дарсад иҷро кардаанд, қарор доранд. Инчунин шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Ёвон, Бохтар, Дӯстӣ, Хуросон, Вахш, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ ва Шаҳритӯс нақшаро мутаносибан аз 100 то 109% иҷро кардаанд, ки аз фаровонҳосилӣ ва самараи кори хуби кишоварзони ин шаҳру навоҳӣ дарак медиҳад.

Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки то имрӯз панҷ ноҳияи вилояти Хатлон дурнамои ҷамъоварии ҳосилро аз сатҳи миёнаи вилоят камтар иҷро кардаанд. Ба қавли Қ. Ҳалимов, то рӯзи 29 октябр пахтакорони ноҳияҳои Панҷ (95,9%), Қубодиён (95,4%), Носири Хусрав (89,8%), Восеъ (89,4%) ва Ҷайҳун (84,3%) дурнамои чиниши “тилои сафед”-ро таъмин накардаанд.

Имсол шаҳру навоҳии пахтакори вилоят дар майдони 119550 гектар пунбадона кишт карда, тибқи дурнамо бояд 250 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ мешуд. Ҳарчанд вилояти Хатлон дурнамои мазкурро беш аз 100 дарсад иҷро кардааст, тавре аз Сарраёсати кишоварзии вилоят хабар доданд, пахтакорон азм доранд, ки то 10 ноябр маъракаи ғунучини ҳосилро идома диҳанд.

Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Қобили зикр аст, ки аз аввали мавсим то имрӯз дар тамоми ҷумҳурӣ қариб 360 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд, ки беш аз 100 фисади дурнаморо ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 120 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Н. МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пахтакорони Ёвон қадрдонӣ шуданд

Пахтакорони Ёвон қадрдонӣ шуданд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дурнамо 98% иҷро шуд

Дурнамо 98% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА