Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишваранд»

Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишваранд»

31-10-2017, 15:37

Д. Гулмаҳмадзода: «Ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишваранд»

“Таҳқиқоти илмӣ ва ихтироъкориҳои олимону муҳаққиқони ҷавони вилояти Хатлон бояд дархӯри замон бошанд ва ба беҳсозии шароити зиндагии мардум равона гарданд”. Ин таъкиди Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Хатлон, ки 27 октябр дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, садо дод.

Мавзӯи меҳварии ҷаласаи мазкур фаъолияти Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони вилояти Хатлон ва дастовардҳои илмию таҳқиқотии онон буд. Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ифтитоҳи кори ҷаласаи Шӯро гуфт, ки ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар буда, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми иқтисодиву иҷтимоии давлат ба дараҷаи дониш, ҷаҳонбинӣ ва қобилияти идоракунии насли нав вобаста аст.

Аҳлиддин Саидмуъминов, раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар аснои ироаи маърӯзаи хеш гуфт, ки таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимону муҳаққиқони ҷавон, бунёди донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои нав, таъмини шароити мусоид барои пешбурди корҳои илмӣ нишони таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти давлат ба рушди илм ва дастгирии олимони ҷавон мебошад. То имрӯз 5 нафар олимони ҷавони вилоят Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро ба даст овардаанд.

- Самараи дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти давлат ва раиси вилоят буд, ки танҳо дар се соли охир шумораи олимону муҳаққиқони ҷавон дар вилояти Хатлон аз 7 то ба 37 нафар расид, - зикр кард А. Саидмуъминов. - Пойгоҳҳои илмии вилоят имрӯз имконият медиҳанд, ки олимону муҳаққиқони ҷавони вилоят корҳои илмию озмоишии худро маҳз дар онҳо мавриди амал қарор диҳанд.

Дар идома олимону муҳаққиқо-ни ҷавони вилоят Муҳаммаднабӣ Мирсаидов, Сабур Тӯраев, Баҳодур Асоев ва дигарон андешаҳои худро доир ба шароити кор ва пажӯҳишҳои илмӣ дар соҳаҳои тиб, иқтисодиёт, кимиё, саноат, энергетика ва таърих иброз намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҷавононро барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмие, ки бар суди ҷомеа ва иқтисодиёти давлат аст, инчунин ба ихтироъкориҳои бештар ташвиқ намуда, гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омода аст барои озмоишу татбиқи беҳтарин лоиҳаҳои олимону муҳаққиқони ҷавон маблағгузорӣ кунад.

- Тибқи маълумоти фаврӣ, соли таҳсили 2017-2018 дар 40 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии вилоят наздик ба 60 ҳазор нафар донишҷӯёну хонандагони касбомӯз аз рӯйи беш аз 150 касбу ихтисоси барои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва вилоят зарур таҳсил намуда истодаанд, - идома дод раиси вилоят. – Барои омода кардани мутахассисон дар ин муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 4 ҳазор нафар олимону устодон, омӯзгорону устоҳои таълимию истеҳсолӣ кору фаъолият доранд, ки миёни онҳо 50 нафар академикҳо, докторони илм, профессорон, беш аз 250 нафар дотсенту номзадҳои илм ва наздик ба 300 нафар унвонҷӯёну муҳаққиқон машғули фаъолияти илмӣ мебошанд. Ҳамасола то 300 нафар донишҷӯён ин муассисаҳоро бо дипломи аъло хатм намуда, як қисми онҳо ба соҳаи илм ҷалб мешаванд.

Д. Гулмаҳмадзода ҳамчунин гуфт, ки бо мақсади ҳавасмандии ҷавонон ба илму таҳсил ҳамасола ба 45 олими варзида ва 35 донишҷӯи аълохон стипендияи раиси вилоят тақдим карда мешавад. Масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят низ дар доираи имконоти худ ба ҷавононе, ки тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ таҳсил мекунанд, кумакҳои моддию молиявӣ мерасонанд.

Раиси вилояти Хатлон ҳамчунин бо ёдоварӣ аз дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба зарурати ҷалби бештари таваҷҷуҳи хонандагон ба фанҳои дақиқ таъкид кардаанд, зикр намуд, ки бояд дар мактабҳои миёна ва олӣ сифати таълими фанҳои дақиқро баланд бардошт. Роҳбари давлат ҳамчунин зимни суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ба Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, телевизион ва радио, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода буданд, ки ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқу риёзӣ озмунҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро мунтазам ба роҳ монда, натиҷаи онҳоро ҳар шаш моҳ ҷамъбаст намоянд ва ғолибонро қадрдонӣ кунанд. Д. Гулмаҳмадзода гуфт, ки озмунҳое монанд ба “Ихтироъкорони ҷавон” бояд дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, шурӯъ аз деҳот то ба шаҳру навоҳии минтақа, гузаронида шаванд.

- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар дар соли 2013 таъкид карда буданд, ки дар стратегияи рушди минбаъдаи кишвар саноатикунонии мамлакат пешбинӣ шудааст, ки татбиқи ин ҳадаф, пеш аз ҳама, бунёди илмиро тақозо мекунад, - идома дод раиси вилоят. - Бо дарназардошти марҳилаи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят олимон ва муҳаққиқони ҷавонро зарур аст, ки тамоми неруи илмии хешро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар равона сохта, масъалаҳои муҳимми вобаста ба пешрафти иқтисодии мамлакатро таҳқиқ намоянд ва дар рушди устувори мамлакат саҳми бевоситаи худро гузошта тавонанд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода вазифа гузошт, ки таҳқиқоти илмиро дар самти саноати кимиёвӣ, дарёфти роҳу усулҳои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ихтирои навъҳои нави тухмӣ, истифодаи самараовари энергия ва дарёфти манбаъҳои нави он, рушди иқтисоди сабз ва технологияҳои нав тақвияти тоза бояд бахшид.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи васеи Шӯрои кор бо ҷавонони назди раиси вилояти Хатлон бо иштироки Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар рӯзҳои баргузории Фестивали дӯстии ҷавонони вилояти Хатлон таҳти шиори “Ҷавонон - давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар” доир гардид. Фестивали мазкур, ки беш аз 150 ҷавони фаъолро аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба ҳам овард, рӯзҳои 27-28 октябр дар шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Бохтар ва Ҷалолиддини Балхӣ идома кард.

Дар доираи ин фестивал конфронси вилоятии олимону муҳаққиқони ҷавон дар мавзӯи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон”, саёҳати иштирокчиён ба мавзеъҳои таърихӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ бо номи “Шоми ҷавонон” ва боздид аз қисмҳои ҳарбӣ сурат гирифт.

Н. МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пайравони Пешвои миллатем

Пайравони Пешвои миллатем

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»

Ф. Абдуллоева: «Қабул гардидани соли ҷавонон боиси ифтихор аст»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар  Хатлон

Таъсиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Саҳми олимону устодони эҷодкор дар рушди илми тоҷик наза ...

Хабарҳо, Маориф ва илм