Дар як сатр
» » «САПЕДА» ПУЛ МЕСОЗАД

«САПЕДА» ПУЛ МЕСОЗАД

19-09-2019, 06:44

Дар доираи амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат солҳои 2019- 2021 бо эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Сапеда» дар ҳамдастӣ бо мардуми маҳал дар деҳаҳои Максим Горкий ва Зархези Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кӯпрук сохта мешавад.

Аҳолии маҳаллаи Максим Горкий ва Зархез аз Ҷамоати деҳоти «Ҳалевард» 8 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Мардум ва нақлиёти мусофиркаш солҳои зиёд аст, ки аз кӯпруки дар ҳолати садамавӣ қарордошта истифода мебурдан. Барои барқарорсозии ин кӯпрук маблағи зиёд лозим буду мардуми ҳар ду деҳа имконияти дарёфти онро надоштанд. Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Сапеда» ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Ҷалолиддин Балхӣ, кумитаи маҳалла ва соҳибкорон  азнавсозии кӯпрук оғоз гардид.

Барқарорсозии кӯпруки деҳаи М. Горкӣ дар доираи лоиҳаи «Ҳалли мушкилоти ҷомеа бо истифода аз иқтидори кумитаи маҳалла» дар чаҳорчӯбаи «Фаъолгардонии ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба сифати шахсони амалкунанда дар соҳаи идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва амалинамоии лоиҳаҳо барои рушди минтақаҳои деҳот» бо дастгирии молиявии Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон амалӣ мегардад. Мақсади асосии лоиҳа ҳалли мушкилоти маҳалла тавассути омӯзиш ва ҷалби захираҳо мебошад.

Боиси хушнудист, ки дар ин кори хайр мардуми деҳаҳои номбурда саҳмгузорӣ мекунанд. Ташкилоти ҷамъиятии «Сапеда» тасмим гирифтааст, ки кӯпруки деҳаҳои Максим Горкий ва Зархезро дар муддати кӯтоҳ сохта, ба истифода месупоранд. Инчунин ТҶ «Сапеда»  нақша дорад, ки то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сохтмони сехи дӯзандагӣ, боғчаи кӯдакона, мумфарш намудани роҳи деҳаро анҷом дода, дар ободонии маҳал саҳми муносиб мегузоранд.

Ҷ. Мирзоева



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ

ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ҷ.Балхӣ: Баистифодадиҳии 153 иншоот

Ҳаёти иҷтимоӣ

Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ҷайҳун. Саҳми мардум дар корҳои бунёдкориву созандагӣ зиёд мегардад

Хабарҳо
Чаро фарзанди лӯлиҳо ба мактаб намераванд?

Чаро фарзанди лӯлиҳо ба мактаб намераванд?

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш