Дар як сатр
» » ҒОЛИБОНИ МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ

ҒОЛИБОНИ МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ

19-09-2019, 06:31

17 сентябри соли равон дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар ҷамъомад доир гардид. Дар ҷамъомад муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, масъулини корхонаҳои коркарди пахта ва соҳибкорон ширкат доштанд.

 Ҷамъомадро муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо мақсади ҷамъомад ошно намуд. Тавре ки равшан гардид, тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 4 сентябри соли равон  "Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаи соли 2019” ҳайати ситоди вилоятии  "Ҳосил-2019” тасдиқ карда шудааст. Раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор муваззаф гардиданд, ки ситодҳои маҳаллии "Ҳосил-2019”-ро таъсис дода, фаъолияти пурсамари онҳоро ба роҳ монанд. Ҳадаф аз таъсиси ситоди вилоятии "Ҳосил-2019” пеш аз ҳама, омодагии хоҷагиҳои пахтакор ба мавсими ҷамъоварии ҳосил, пешгирии талафёбии ҳосил аз чорво ҳамчунин, ҳавасмандгардонӣ, ташкил ва баргузории мусобиқаҳо миёни шаҳру ноҳияҳои пахтакор мебошад. Тавре ки дар ҷамъомад зикр гардид, баргузории чорабиниҳо вобаста ба натиҷагирии 15 рӯзи пахтасупорӣ, яъне ҷамъбасти мусобиқаҳои давраи аввали маъракаи пахтачинӣ дар нимаи моҳи сентябр сурат гирифта, давраҳои минбаъдаи он дар ҳар 15 рӯз ҷамъбаст ва ба шарафи ғолибон дар маркази вилоят Парчами ғолибият барафрохта мешавад. Инак, дар ҳамоиши тантанавӣ, ки бо иштироки зиёди аҳли ҷамоати шаҳру навоҳии вилоят гузашт, давраи аввали мусобиқаи меҳнатӣ миёни шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъбаст гардид. Ҷойи аввалро пахтакорони шарафманди ноҳияи Шаҳритуз сазовор гардида, соҳиби 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардиданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор  мукофотпулӣ дода, ба заҳматкашони ноҳия бурдбориҳо таманно намуд. Ҷойи дуюмро бошад, пахтакорони  шаҳрҳои Бохтар ва ҷойи сеюм насиби зарофарони Левакант гардид. Раиси вилоят ба раисони шаҳри Бохтар  Абдуаллим Исмоилзода ва шаҳри Левакант Заррина  Давлатзода дар ҳаҷми 10 ва 5-ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ супурда, барояшон бурдбориву тансиҳатӣ таманно намуд. Таҳти Суруди миллӣ парчами шараф аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияи Бохтар, Левакант ва Шаҳритуз барафрохта шуд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ таъкид дошт, ки соҳаи пахтакорӣ ба рушди саноати сабук, содироти маҳсулот ва ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ мусоидат менамояд. Зеро пахта ягона маҳсулоти дорои аҳамияти стратегидошта ба шумор рафта, баҳри ғанӣ гардидани буҷа, боло рафтани  сатҳи рӯзгори заҳматкашон замина мегузорад. Ҳамин тавр, раиси вилоят зимни суханронӣ таъкид ба амал овард, ки баҳри ҷамъоварии ҳосили "Тиллои сафед” бояд ҳамагон камари ҳиммат банданд. Корхонаҳои коркарди пунба низ маҳсули бо арақи ҷабин рӯёнидани  марди деҳқонро сари вақт қабул намоянд ва ба талафёбии он роҳ надиҳанд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»

Аксбардор Умед СОТИЕВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДУРНАМО - 275,2 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

Хабарҳо

ПАХТАКОРОНИ ДАНҒАРА ПЕШСАФАНД

Хабарҳо

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

Хабарҳо

Ба фасли сармо омода бошем

Хабарҳо
«Барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бояд б ...

«Барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бояд б ...

Ҳокимияти давлатӣ