Дар як сатр
» » САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

19-09-2019, 06:18

Ифтитоҳи рамзи «Хӯшаи

гандум» дар ноҳияи Данғара

Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Хӯшаи гандум»-ро ифтитоҳ намуданд.

Сутунпояи рамзи «Хӯшаи гандум» 33 метр ва андозаи худи хӯшаи гандум 10 метрро ташкил медиҳад. Дар қисми болоии рамз соли таъсисёбӣ ва номи ноҳияи Данғара бо ҳарфҳои зарҳалӣ навишта шудааст.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақша-чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.

Ноҳияи Данғара аз ноҳияҳои аграрии мамлакат ба шумор рафта, дар истеҳсоли зироати ғалладонагӣ, аз ҷумла гандум пешқадам мебошад. Ҳамасола аз заминҳои ҳосилхези ноҳияи Данғара ҳазорҳо тонна гандум истеҳсол карда мешавад.

Маҳз ба ин хотир рамзи «Хӯшаи гандум» сохта ба истифода дода шуд ва қомат афрохтани он дар даромадгоҳи ноҳия нишона аз фаровонии ин номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат мебошад.

Рамзи «Хӯшаи гандум» дар даромадгоҳи ноҳияи Данғара бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ ва бо тарҳи ҷолиби диққат аз ҷониби меъморон ва  сохтмончиёни маҳаллӣ дар як давраи кӯтоҳ сохта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯстро намунаи ибрат хонданд ва ифтитоҳи ин иншоотро дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд барои сокинони ноҳия маънидод намуданд.

Масоҳати умумии майдони рамзи «Хӯшаи гандум» ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, ҳудуди он бо ниҳоли дарахтони хамешасабз ва гулу буттаҳо оро дода шудааст. Атрофи майдони иншоотро дар шаб 30 адад чароғакҳои ранга равшанӣ мекунад, ки ба атроф зебогии дигар зам менамояд.

Дар заминаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ҳамзамон роҳи шафати рамзи «Хӯшаи гандум» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ мутобиқ ба талаботи замон пурра таҷдиду навсозӣ ва як пули бо дарозии 18 ва паҳноии 13 метр сохта шудааст, ки иқтидори борбардории он 100 тоннаро ташкил медиҳад.

Тадбири мазкур дар самти ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт замина фароҳам меорад.

 

 

Ба истифода додани роҳи автомобилгард дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаро, ки деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳорро ба ҳам мепайвандад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дарозии роҳи мазкур 4 километр ва паҳноиаш 5 метрро ташкил дода, он дар доираи нақша-чорабиниҳо ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов таъмиру навсозӣ гардидааст.

Барои анҷоми корҳои тахту ҳамворкунӣ, мустаҳкамкунии қабати роҳ ва асфалтпӯшкунӣ техникаву механизми роҳсозии Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Данғара истифода шуда, сохтмончиён ба сифати масолеҳ ва иҷрои корҳои таъмирӣ аҳамияти махсус зоҳир намудаанд.

Сокинони маҳаллӣ, хоса ронандаҳо иброз медоранд, ки то ин вақт ҳаракат тавассути роҳи мазкур душвор сурат мегирифт ва дар заминаи асфалтпӯш гардидани он мушкили чандинсолаи онҳо осон шуд.

Иқдоми пешанамудаи соҳибкори маҳаллӣ, яъне таъмири пурра гардидани роҳи автомобилгарди деҳаҳои Боғпарвар ва Баҳор, ҳамчунин, дар амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ замина гузошт. Корҳои таъмирӣ дар ин масир се моҳро фаро гирифта, дар ин давра наздики 30 нафар сохт-мончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Роҳ дар доираи талаботи меъёрҳои муқарраргардида таъмир шудааст ва бо аломатҳои танзимкунандаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара беш аз 110 километр роҳ навсозӣ гардида, дар зиёда аз 20 километр роҳи дигар корҳои таъмирӣ бо маром идома доранд.

Дар давоми 2 соли оянда аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов дар деҳаҳои деҳоти Пушинги ноҳия таъмиру навсозии боз 5,5 километр роҳ ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешанамудаи соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ҳисобиданд ва ба дастандаркорон барои анҷоми чунин кори хайру савоб, инчунин саҳм гузоштан дар ободии мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

 

Ифтитоҳи муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара»

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» - ро ифтитоҳ намуданд.

Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 - уми августи соли 2019 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 57 таъсис дода шуда, он барои ба омӯзиш фаро гирифтани ҷавонону наврасон ва инчунин сокинони бешуғли мамлакат ба ихтисосҳои системаи компютерӣ ва интернет технология, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил бо иловаи ронандаи дараҷаи «С», монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, кафшергари газию барқӣ, дӯзанда, инчунин ошпаз-қаннод, калобаресӣ ва рангубордиҳӣ дар саноати сабук ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Бинои муассиса бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов ва Абдусаттор Сафаров мутобиқ ба талаботи муосир пурра навсозӣ ва таъмир гардида, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Иншоот аз ду ошёна ва се қисм иборат буда, дорои 14 синфхона, утоқҳои корӣ, толори муосири варзишии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Дар муассиса имкон аст дар як баст 300 хонанда ба таълим фаро гирифта, дар он хонандагон баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд. Дар назди ин муассисаи таълимӣ, ҳамчунин курсҳои кӯтоҳмуддат амал мекунанд ва инкон аст шахсони бешуғл ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.

Синфхонаҳои таълимию касбомӯзӣ бо аёниятҳои хониш ва инчунин дастгоҳҳои зарурӣ, аз қабили муҳаррик ва ҷузъҳои автомобил, таҷҳизоти барқию газӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ, компютер ва дигар лавозимот таъмин буда, дар онҳо беҳтарин шароити касбу ҳунаромӯзӣ муҳайё мебошад.

Инчунин дар муассиса озмоишгоҳҳои фаннӣ амал мекунанд, ки ҳар кадоми он бо дастгоҳу таҷҳизоти ташхисӣ таъмин карда шудааст.

Дар ин муассисаи таълимӣ ҷавонону наврасон ва инчунин нафарони калонсоли бешуғл аз ҳама шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкон доранд таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунар гарданд. Барои сокинони шаҳру ноҳияҳои дурдаст дар назди муассиса хобгоҳи наву замонавӣ бунёд карда шудааст. Хобгоҳ аз 10 ҳуҷраи хоб ва инчунин утоқу иншооти дигар иборат буда, он барои писарон ва ҳам духтарон пешбинӣ гардидааст.

Зимни суҳбат бо масъулону омӯзгорони муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва аҳамият зоҳир намудан ба сифати таълимро муҳим ва ҳатмӣ шумориданд.

 

Боздид аз хоҷагии деҳқонии «Баҳористон» дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз майдони кишоварзии хоҷагии деҳқонии "Баҳористон" -и деҳоти Оқсу дидан намуда, ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.

Хоҷагии мазкур дорои 6,67 гектар замини обӣ буда, дар 6 гектари он пахта кишт карда шудааст. Дар боқимонда заминҳо хоҷагидорон дигар навъи зироати кишоварзӣ, аз ҷумла дар майдони 0,32 гектар сабзавот, 0,15 гектар картошка ва дар масоҳати 0,20 гектар зироати полезӣ кишт намудаанд.

Тавре маълум гардид, нашъунамои ниҳоли пахта дар хоҷагии деҳқонии "Баҳористон" хуб буда, аз рӯи нишондоди олимони соҳа ҳосилнокии он ба беш аз 40 сентнер хоҳад расид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашъунамо ва ҳосилнокии пахта дар ин хоҷагӣ баҳои баланд дода, хоҷагидоронро дар оянда низ ба меҳнати ҳалол ва риояи пайвастаи талаботи муқарраргардида ҳидоят намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки пахтаи навъи "Хуҷанд - 67” ба иқлими ноҳияи Данғара, аз ҷумла заминҳои хоҷагии деҳқонии "Баҳористон" мувофиқ буда, дар ин майдон ҳамасола аз ин навъ кишт карда мешавад.

Дигар хоҷагидорони деҳоти Оқсу низ таҷрибаи бойи пахтакорӣ доранд. Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки майдони пахтазори деҳот дар соли равон ба беш аз 950 гектар расонида шудааст.

Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Баҳористон» дар кишту парвариши дигар навъи зироат низ таҷрибаи ғанӣ дошта, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми назаррас мегузоранд. Аз ҳудуди хоҷагӣ то имрӯз картошка, пиёз ва дигар навъҳои сабзавот ҷамъоварӣ шуда, дар заминҳои холигардида кишти такрорӣ гузаронида шудааст.

Маврид ба зикри хос аст, ки хоҷагидорон дар заминҳои кишоварзӣ кишти 3-юмро низ таҷриба гузаронида, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст овардаанд. Имсол кишоварзони хоҷагӣ аз майдони 0,15 гектар картошкаро ҷамъоварӣ намуда, дар ҷойи он помидор кишт намудаанд. Баъди ҷамъоварии ҳосили помидор дар ин масоҳат кишти пиёз гузаронида шудааст ва аз он низ ҳосили хуб ба даст хоҳад омад.

Дар ҳудуди хоҷагӣ, ҳамчунин, 150 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад ва ҳамасола занбӯрпарварон асали хушсифат ба даст меоранд.

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби сокинони меҳанатдӯстдори деҳоти Оқсу намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд, ки аз он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар ҳудуди деҳоти Оқсу 3491 гектар замини корам, аз ҷумла 1970 гектар корами обӣ ва инчунин 907 гектар боғ мавҷуд аст. Дар заминҳои кишоварзӣ сокинон қариб ҳама намуди зироатро кишту парвариш намуда, ҳамасола ҳосили фаровон ба даст меоранд. Онҳо бо риояи талаботи коидаҳои агротехникӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, инчунин содироти он ба хориҷи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Имсол аз деҳоти Оқсу ба миқдори 500 тонна маҳсулот ба хориҷа содир карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 150 тонна зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ кишоварзон, дар маҷмӯъ сокинони деҳоти Оқсу номгӯи гуногуни ҳосили зироати кишоварзӣ, аз қабили ғалладонагиҳо, сабзавоту полезӣ ва ғайраро ба маъраз гузоштанд. Фаровонӣ ва сифати баланди маҳсулоти дар ин намоишгоҳ ба маъраз гузошташударо Сарвари давлат натиҷаи меҳнати ҳалол, истифодаи самараноку оқилонаи ҳар ваҷаб замин ва малакаи баланди касбии кишоварзон маънидод намуданд.

 

Ифтитоҳи майдончаҳои варзиш ва бозии кӯдакона дар ноҳияи Данғара

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

12 сентябр дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳрак майдончаҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти варзишӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳияи Данғара, оилаи Гуловҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд шуда, дар самти ободии ин гӯшаи диёр саҳми муносиб гузошт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ карда, ба иқдоми сокинони саховатпешаи ноҳияи Данғара баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёди наздики 300 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва танҳо оилаи Гуловҳо иқдом пеш гирифтаанд, ки 4 адад иншоот, аз қабили майдончаҳои муосири варзиширо сохта, ба сокинони ноҳия тақдим намоянд.

Майдончаи варзишӣ, ки ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои муосир бунёд шудааст, барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, баргузории бозиҳои кӯдакона, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва ташкили машғулиятҳои дастаҳои варзиш нигаронида шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити машқу тамрин ва бозиҳои варзишӣ дар ин ҷо ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили велосипед, тӯбҳои чармии футбол ва бозичаҳои кӯдакона тақдим намуданд.

 

Ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳангро ифтитоҳ карданд.

 Қасри фарҳанги ноҳия аз зумраи иншооти ҷашнии истиқлолият буда, аз тарафи устоҳои ҳунарманду муъҷизаофари тоҷик дар як мавзеи дилфиреби ноҳия бо тарҳи хеле нодир бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти мазкурро дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар бинои Қасри фарҳанг Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити китобхона шинос шуданд.

Дар ин ҷо ба хотири рушди соҳаи китобдорӣ ва ҷалби мардум ба китобхонӣ китобхонаи электронӣ барои 20 нафар, қироатхона барои 40 нафар, анбори нигаҳдории китоб барои 19 ҳазор адад ва ҳуҷраҳои кории коргарон сохта шудааст.

Дар ошёнаи якум, ҳамчунин, барои фаъолияти пурсамари кормандони Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам гардидааст. Иншооти мазкур дорои муосиртарин имконот барои фаъолияти ҳамарӯзаи аҳли фарҳанги ноҳия мебошад. Дар вақти бунёди бино сохтмончиён тамоми қоидаву талаботи меъёрҳои меъморию сохтмониро ба инобат гирифтаанд. Ҳамин аст, ки аз рӯи ҳашамат, намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшу нигор, роҳравҳои зебо, бунёди дару девор бо сангҳои ороишии ватанӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ Қасри фарҳанг хеле дилкашу назаррабо гардидааст.  Иншооти мазкур аз 3 ошёна ва тагхона иборат мебошад.

Дар Қасри фарҳанг осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Дар тагхонаи бино либосхона, ҳуҷраҳои техникӣ, ҳуҷраи бойгонии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, толори фитнес, ҳуҷраи таҷҳизотҳои варзишӣ ҷой дода шудааст.

Дар ошёнаи якум ҳуҷраи маъмурият, ошхонаи хурд барои 20 нафар, толори ақди никоҳ, толори тамошобинон бо 700 ҷойи нишаст ва 2 адад ҳуҷраи машқи раққосон мавҷуд аст.

Нигористон, толори рақси миллӣ, анбори асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи маҳфили рассомон барои 12 нафар, синфхонаи асбобҳои зарбӣ, толори омӯзиши ҳамаи асбобҳои мусиқӣ, ҳуҷраи муаллимон бо 20 ҷойи нишаст, синфхонаи мусиқӣ барои 20 нафар, маҳфили пазандагии духтарона ва писарона, 2 ҳуҷраи ороишии санъаткорон, 2 адад ҳуҷраи орошии санъаткорон дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир карда шудааст.

Ба хотири таъмини шароити созгори адибон дар ошёнаи сеюм толори маҳфили адибон барои 176 ҷойи нишаст, толори зиёфат барои 140 нафар, ҳуҷраи хизматрасонӣ, осорхона, айвони нишасти тамошобинон аз се тараф барои 210 ҷойи нишаст, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Дар бинои Қасри фарҳанг ба хотири ҷалби кӯдакону наврасон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ синфхонаи забони русӣ барои 14 нафар, синфхонаи забонҳои хориҷӣ барои 24 нафар, синфхона барои бозиҳои шавқовари шоҳмот ва шашка, синфхонаи компютерӣ барои 20 нафар, синфхонаи конструкторони ҷавон барои 16 нафар, синфхонаи дӯзандагӣ бо 5 мошинаи дарздӯзӣ ҷойгир аст.

Толори Қасри фарҳанг бо монитори калони электронӣ, таҷҳизоти тақвияти садо ва равшаннамоии саҳна таъмин мебошад.

Дар баробари ороишоти намои дарунию берунӣ ба масъалаи ободонӣ ва кабудизоркунии муҳити атрофи иншоот аҳамияти махсус дода шудааст.

Масоҳати 12 230 метри мураббаъ майдони атрофи қаср кабудизор карда шуда, дар саҳни ҳавлӣ 413 адад дарахтони гуногун шинонда шудааст. Дар ҳаҷми 3560 метри мураббаъ роҳравҳо сафолакпӯш гардидааст.

Бунёди шаршара ва фаввора ба атрофи иншоот ҳусни тозае зам кардааст ва он акнун ба ҷойи хеле дилфиреби сайругашти мардум тадбил ёфтааст. Дар гирду атрофи иншоот 20 адад курсии чубин гузошта шудааст.

Баъди шиносоии пурра бо шароити дар бино фароҳамовардашуда Сарвари давлат ба сохтмончиёну меъморон барои иҷрои босифати корҳо  баҳои баланд доданд.

Дар толори маҷлиси Қасри фарҳанг Пешвои миллат дар назди сокинону фаъолони ноҳия суханронӣ карда, кулли мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Данғараро бо ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун” ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногуни ноҳия табрику таҳният гуфтанд.

Дар ҳамин ҷо барои иштирокчиёни мулоқот аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи рангини консертӣ баргузор карда шуд.

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

12 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара баъди ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри тозабунёди фарҳанг бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми инсонпарвар ва меҳмоннавози Данғара барои истиқболи гарму самимӣ ва ҷонибдории онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни истиқлолият, ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун” ва ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳия табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва талошҳову ташаббусҳои Ҳукумат баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки барои истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар қаламрави ноҳияи Данғара даҳҳо корхонаҳои хурду миёна, марказҳои хизматрасонӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки имрӯз дар онҳо садҳо нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара якҷо бо соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд ва таъмиру азнавсозии беш аз 300 иншооти таъиноти гуногунро ба нақша гирифта, то имрӯз сохтмони 124 иншоотро ба анҷом расонидаанд ва бунёду навсозии боз садҳо иншооти дигарро босуръат идома дода истодаанд.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки аксари иншооти таъиноти гуногуни дар ноҳия ва деҳаҳои Данғара бунёдшуда гувоҳи равшани дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ обод гардидани боз як гӯшаи Ватанамон, бо шуғл таъмин намудани сокинон ва дастаҷамъона амалӣ кардани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба истиқболи сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад.

Президенти мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аҳли ҷомеаи ноҳияи Данғараро ба вусъати корҳои ободонӣ ва дар амал татбиқ сохтани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ҳидоят карданд.

Қобили зикри хос аст, ки танҳо имрӯз дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар ноҳияи Данғара ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 20 иншоот, аз ҷумла рамзи ноҳия, майдончаи варзиш бо ҷойи бозии кӯдакон, корхонаи коркарди шир ва маркази хизматрасонӣ дар шаҳраки Данғара, литсейи касбҳои техникӣ барои 320 нафар толибилм дар деҳоти Баҳор, ду муассисаи таълимӣ бо 4800 ҷойи нишаст дар деҳаҳои Розиён ва Баҳор, хобгоҳи литсей бо 100 ҷойи хоб, 4 километр роҳи асфалтпӯшгардидаи деҳаи Баҳор, биноҳои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти Корез ва Лоҳур, бинои Кумитаи давлатии идораи замини ноҳия ва маркази саломатӣ дар деҳаи Рахшонзамин ба истифода супорида шуд.

Таъкид гардид, ки бо бунёди иншооти аз тарафи соҳибкорони саховатпеша оғозгардида бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ осон гардида, барои зиндагӣ ва кору фаъолияти сокинони ноҳия шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварда мешавад.

Дар иртибот ба корҳои ободониву созандагӣ Президенти мамлакат ба фарзандони бонангу номус ва соҳибкорони ҳимматбаланди ноҳия барои иқдому ташаббусҳои ватандӯстонаашон дар ҷодаи ободонии ин гӯшаи диёр сипосу миннатдории самимӣ баён карданд.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки наврасону ҷавонони ноҳия бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва фазои орому осудаи Ватан дар ҷодаи ободиву пешрафти Ватани азиз саҳми боз ҳам бештар мегузоранд.

www.president.tj



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ВА ОЯНДАИ НЕКИ КИШВАР АҲЛИ Ҷ ...

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД ВА ОЯНДАИ НЕКИ КИШВАР АҲЛИ Ҷ ...

Хабарҳо, Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар  ноҳияи Ёвон

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80 дар ноҳияи Ёвон

Ҳокимияти давлатӣ
Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Маориф ва илм
Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Ифтитоҳи мактаби №26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи мактаби №9 дар деҳаи Сангтудаи ноҳияи Данғара

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ