Дар як сатр
» » 14 ҳазор оила бо тухмӣ таъмин мешаванд

14 ҳазор оила бо тухмӣ таъмин мешаванд

31-10-2017, 15:15

14 ҳазор оила бо тухмӣ таъмин мешаванд

Тоҷиниссо Ғуломова, сокини Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак, баъди ба даст овардани тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ, аз замини наздиҳавлигии худ ҳосили фаровоне рӯёнида, ҳам барои фасли зимистон захира намудааст ва қисмати боқимондаашро барои кишти соли оянда, нигоҳ медорад.

Соли гузашта бо дастгирии Лоиҳаи Бонки Умумиҷаҳонӣ мо як миқдори муайян тухмиҳои картошкаву нахӯд ва лӯбиёро ба таври ройгон дастрас карда будем ва баъди кишт намудан дар замини наздиҳавлагии худ, ки тӯли солҳои охир он қадар ҳосили хуб надошт, 12 халта картошка ва 15 килограмми маҳсулоти донагӣ рӯёнидем ва аз ин ҳисоб, бе ягон мушкилӣ, фасли зимистонро паси сар намудем. Ҳоло бошад, пеш аз мавсими кишту кор, барои мо нуриҳои минералӣ тақсим намуда истодаанд, - мегӯяд Тоҷинисо Ғуломова.

Ба хотири беҳтар намудани сатҳи некуаҳолии мардум ва ҳифзи сиҳатии модару кӯдак, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 14 ҳазор оилаҳои эҳтиёҷманди 29 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Хатлон чорабиниҳои омӯзиширо оид ба пешгирии фавти модару кӯдак, бемориҳои камхунӣ, камвазнию қадпастӣ ва норасоии ғизо роҳандозӣ намуда, ҳамзамон ба онҳо тухмиҳои гуногуни кишоварзӣ ва нуриҳои минералӣ тақсим намуда истодаанд.

Ба ақидаи Иззатулло Исматов ҳамчун коршиноси миллӣ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ, то ҳанӯз аксари сокинони деҳотнишин, барои кӯдакони худ аз бозору мағозаҳо, ҳар гуна хӯрокҳои сунъиро бо сарфи маблағҳои зиёд харидорӣ намуда, ҳам ба бӯҷаи оилавии хеш таъсири манфӣ мерасонанд ва ҳам вазъи саломатии кӯдакони худро вазнинтар мегардонанд. Аз ин рӯ, мо ҳам сатҳи дониши мардумро барои самаранок истифода бурдани заминҳои корами наздиҳавлигӣ баланд бардошта истодаем ва ҳамзамон тарзи дурусти кишту нигоҳубини сабзавоту полезиҳоро нишон медиҳем, то ин ки аҳолӣ барои қонеъ гардонидани талаботи фарзандони худ бо ғизоҳои иловагӣ танҳо аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, истифода баранд.

Дар доираи Лоиҳаи “Беҳтаркунии ғизодиҳи дар ноҳияҳои таъминнокии ғизоя-шон дар сатҳи ноустувор қарор доштаи вилояти Хатлон” дар ҳаҷми 36 тонна нуриҳои минералӣ ба таври ройгон тақсим карда шуда, эшон бояд ҳангоми кишту кори сабзӣ, картошка, лаблабу, нахӯд ва лӯбиё онро истифода баранд, то ин ки аз заминҳои наздиҳавлигии хеш ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, бо истифодаи маҳсулоти тару тозаи маҳаллӣ, ки аз витамину минералҳо бой аст ба фарзандон хӯрокҳои серғизо омода намоянд.

Метавон гуфт, ки тақсимоти нуриҳои минералӣ иловатан ба 11 ҳазор нафар сокинони шаҳру навоҳии таҷрибавии минтақаи Кӯлобу Қӯрғонтеппа дастрас карда мешавад ва дар марҳилаи баъди, барои кишти соли оянд, тақсимоти тухмиҳои гуногуни кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қурбоналӣ ҚУРБОНОВ,
машваратчии маҳаллӣ оид ба кор бо ҷомеа ва ВАО
дар вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Полезиҳо ҷойи пахтакориро иваз карда метавонанд?

Полезиҳо ҷойи пахтакориро иваз карда метавонанд?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Арсаи кишоварзӣ
Идомаи талошҳо барои дубора ба кор андохтани «ТоҷикАзот»

Идомаи талошҳо барои дубора ба кор андохтани «ТоҷикАзот»

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ