Дар як сатр
» » Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад

Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад

31-10-2017, 15:09

Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад
Фаъолияти муассисаҳои тиббии самти кӯмаки аввалияро имрӯз на танҳо кормандони сохторҳои марбута зери назорати доимӣ қарор медиҳанд, балки давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба аҳолӣ низ имкон додааст, то шароити корӣ, тозагӣ, риоя гаштани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, одоби муошират, сари вақт бақайдгирии ҳомиладорон ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитариро баҳогузорӣ намоянд.

Дар доираи Лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ, ки имрӯз ҳам аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар соҳаи тандурустии шаҳру навоҳии таҷрибавии кишвар амалӣ гардида истодааст, тағйироти куллӣ ба вуҷуд омада, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар ва шароити корӣ дар муассисаҳои тандурустии КАТС рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Ба хотири натиҷагирӣ намудан аз рафти амалишавии лоиҳаҳо, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон соле як маротиба дар байни аҳолӣ ва кормандони тиб чорабиниҳои худбаҳодиҳиро ба роҳ монда, фикру мулоҳизаҳои мардумро нисбати кору фаъолияти табибон пурсон мешаванд.

Дар рафти вохӯрӣ сокинон оид ба шароити корӣ, тозагӣ, риоя гаштани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, одоби муошират, сари вакт бақайдгирии ҳомиладорон ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитариро баҳогузорӣ намуда, ҳамзамон барои беҳбудии кори минбаъдаи табибон таклифҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

Ташкилу гузаронидани чорабиниҳои худбаҳодиҳӣ аз як тараф барои ошкори камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта мусоидат намояд, аз ҷониби дигар мардум аз ҳуқуқу уҳдадориҳои хеш воқиф гардида, бо ин васила метавонанд аз табибони маҳалли зисти хеш хизматрасонии босифату саривақтиро талаб намоянд. Ба гуфти духтури тибби оилавии Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон Соатой Азизова, ба роҳ мондани чунин тадбирҳо аз манфиат холӣ набуда, ба нафъи ҳар ду ҷониб равона гардидааст.

Ин навбат аз рафти баргузории вохӯриҳо бо мардуму табибон, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дидан намуда, барои боз ҳам беҳтар гаштани сифати кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ маслиҳатҳои судбахш доданд. Метавон гуфт, ки бо назардошти нақша, соли равон дар байни 655 нафар сокинон ва 381 нафар табибону ҳамшираҳои шафқати 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Қӯргонтеппаю Кӯлоб, ҳамин қабил чорабиниҳои баҳодиҳӣ аз рӯйи сифат ва натиҷаи фаъолият гузаронида шуда, иштирокдорон аз вазъи кунунии муассисаҳои тиббӣ ва сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ воқиф гардиданд. Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки камбудиву нуқсонҳои ҷойдоштаро метавон дар ҳамкорӣ бо мардум ҳаллу фасл намуда, барои ҳифзи сиҳатии генофонди миллати тоҷик сарҷамъона мубориза хоҳанд бурд.

Қурбоналӣ ҚУРБОНОВ,
машваратчии маҳаллӣ оид ба кор бо ҷомеа ва ВАО дар
вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳнамои табибон

Роҳнамои табибон

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо
Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯз

Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тибби оилавӣ рушд меёбад

Тибби оилавӣ рушд меёбад

Тандурустӣ ва экология