Дар як сатр
» » САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ КУЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ КУЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

12-09-2019, 04:27

Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ КУЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

10-уми  сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ  ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳр бо самимияти беандоза ва рӯҳияи баланди идона истиқбол гирифтанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар  шаҳри Кӯлоб бо бунёди даҳҳо иншооти хизматрасонию маъмурӣ ва иҷтимоӣ ободу зебо гардида, бо амалӣ кардани тадбирҳои муҳим ва татбиқи ҳадафҳои созанда сатҳи зиндагии  мардум баланд гардидааст.

Боздид аз фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ - саноатии «Кӯлоб» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ КУЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ - саноатии «Кӯлоб» шинос шуданд.

 

Дар назди Кооперативи тиҷоратии Саид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 70 гектар бунёди гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз дар як гектари он 10 гармхона бунёд гардидааст. Ин қитъаи замин қаблан санглох буд, ки обёрии он бо мушкилӣ сурат мегирифт ва баъд аз истифодаи оқилонаю босамар бо кандани чоҳҳои амудӣ обёрии гармхонаҳо бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароит ва технологияи парвариши помидору бодиринг, қаланфур ва навъҳои гуногуни гулу буттаҳо аз наздик шинос шуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати рушди ин бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ дастуру ҳидоят ва маслиҳати муфид доданд.

Ҳамзамон дар гармхонаҳо бодиринг ҳосили фаровон дош-та, маҳсули меҳнати хоҷагидорон ба бозор-ҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба фурӯш бароварда шудааст.

Ба андешаи мутахассисони соҳа парвариши сабзавоти барвақтӣ дар шароити гармхона нисбат ба замини кушод манфиатовар буда, гирифтани ҳосил то 1200 сетнер имконпазир аст.

Ташкили гармхона-ҳо бо технологияи нави парвариш имкон фароҳам меорад, ки бозорҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳину Восеъ ва Мир Саид Алии Ҳамадонию Фархор дар чаҳор фасли сол бо сабзавоти тару тоза таъмин карда шаванд.

Ҳамзамон дар ин гармхонаҳо 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуда, оянда бо бунёди гармхонаҳои иловагӣ шумораи коргарон то ба 500 нафар хоҳад расид.

Дар ин маҷмааи кишоварзӣ-саноатӣ хоҷагидорон азм доранд, ки дар майдони 10 гектар гармхонаи лимӯпарварӣ, 15 гектар токзор, 10 гектар боғи интенсивӣ, дар масоҳати 2 гектар ҳавзи моҳипарварӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот барои дар як сол истеҳсоли то 2,5 миллион банкаи шартӣ, ташкили гӯшаи деҳқон дар 0,50 гектар замини ғайри- кишоварзӣ, ду сардхона ҷиҳати нигоҳдории то 10 ҳазор тонна меваю сабзавот ва коллеҷи хусусии агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.

Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ - саноатии «Кӯлоб» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои меҳнатии кишоварзон боздид намуданд. Дар намоишгоҳ хоҷагидорон маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз гузоштанд, ки аз ҳосили фаровони боғу токзор, зироатҳо ва полезӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб башорат медиҳад. Намоишгоҳро пирамидаҳои бо тарбузу харбуза омодакардаи хоҷагидорон шукӯҳи дигар бахшид.

Маврид ба таъкид аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб соли ҷорӣ 145 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад. Имсол дар майдони 10 ҳазору 409 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шуда, 37, 5 гектар боғи нав бунёд гардидааст.

Истеҳсоли сабзавот 24,6 ҳазор тонна, полезӣ 475 тонна ва мева 797 тоннаро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли гузашта бештар мебошад. Кишоварзон дар намоишгоҳ бо пешниҳоди навъҳои беҳтарини меваҳо, картошка, каду, тарбуз, харбуза, пиёз, шалғаму сабзӣ, бодирингу помидор, зироати ғалладонагӣ, намунаи гиёҳҳои шифобахш ва занбӯри асал собит намуданд, ки дар истифодаи босамари замин таҷрибаи зиёд андӯхта, барои тадбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъолу назаррас мегузоранд.

Дар як гӯшаи намоишгоҳ кадбонуҳо анвои гуногуни маводи ғизоӣ, аз ҷумла маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллиро омода ва пешниҳод намуданд. Техникаву мошинолоти муосири кишоварзӣ, ки пешрафти кори аҳли заҳмат аз он вобастагӣ дорад, ба маъраз гузошта шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзон бо хоҷагидорон суҳбати озоду самимӣ намуда, ба онҳо ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ КУЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин оромгоҳи шоир ва мутафаккир Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид барои суботу оромии ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи ватан дуою фотиҳаи нек карданд.

Ормогоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар маркази шаҳри Кӯлоб мавқеъ гирифта, ҳамарӯза аз он бисёр сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан ва зиёрат мекунанд. Тибқи маълумоти масъулин танҳо соли гузашта аз ин Оромгоҳ зиёда аз 20 ҳазор нафар дидан намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи Оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ба истифода додани гулгашти ба номи

Сафар Амиршоев дар шаҳри Кӯлоб

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб   ҳамчунин дар маркази шаҳр гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро, ки бо тарҳи муосир ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Макони истироҳатӣ дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он дар масоҳати умумии 3 гектар доман густурдааст.

Корҳои сохтмонии мазкур аз ҷониби Ҷамъияти масъулияти маҳдуди "Мега техник иншоот" бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Дарозии гулгашт 750 ва паҳноиаш 45 метр мебошад. Корҳои сохтмонии гулгашт моҳи июни соли ҷорӣ оғоз гардида, он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расидааст. Дар рафти корҳои сохт-монии гулгашт зиёда аз 250 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таьмин гардида буданд.

Дар гулгашт барои сокинону меҳмон қаҳвахона сохта шудааст, ки дар як вақт имкон дорад, ки то 80 нафарро қабул намояд. Барои обёрии гулгашт ва шодоб намудани дарахтону гулу буттаҳо ҳамчунин як чоҳи амудӣ бо иқтидори 250 мукааб сохта шудааст. Тамоми роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш гардида, дар дохил ва атрофи он 172 чароғаки муосири 6 метра ва барои гирду атрофи гулгашт 60 адад чароғакҳо насб гардидааст. Дар гулгашт 10 адад суҳбатгоҳ ва 84 нишастгоҳи замонавӣ насб гардидааст, ки хусусан шабонгоҳ барои гаштугузори сокинон мусоид аст. Ҳамзамон дар инҷо ба хотири зебою дилкаш гардидани гулгашт, беш аз 600 бех дарахтони ороишию сояафкан ва беш аз 650 ҳазор бех гулҳои мавсимию доимӣ шинонида шуда, қитъаҳои алоҳидаи он сабзазор карда шудааст. Ду фавворае, ки дар  ин гулгашт  бунёд  карда шудааст, ба гулгашт зебоии дигар бахшидааст.

Боздид аз боғи ба номи Сайдалӣ

Вализода дар шаҳри Кӯлоб

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти умҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттиллоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону барқарорсозии боғи мазкур дар давоми чор моҳ бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Боғи ба номи Сайдалӣ Вализода дар масоҳати беш аз 3 гектар замин бунёд гардида, дар ҳудуди он майдончаи мошинронии кӯдакон, 4 адад атраксионҳои замонавӣ, 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон, 2 фаввора, амфитеатри хурд бо 136 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи «Ҷавонон» барои қабули 20 нафар мизоҷон дар як вақт, майдончаи варзишӣ бо дарозии 40 ва паҳноии 20 метр сохта шуда, атрофи муҷассамаи модару кӯдак ва гаҳвора бо гулҳои мавсимӣ орову зебо гардонида шудаанд.

Масоҳати 1,2 гектари боғ пурра сабзкорӣ гардонида шуда, дар атроф ва дохили сабзазор беш аз 150 ҳазор гулҳои мавсимию ороишӣ ва 300 бех арчаҳои гуногун шинонида шудаанд, ки ба ҳусни боғ шукӯҳи дигар зам намудаанд. Роҳраву атрофи сабзазор ва иншооти дохилии боғи ба номи Сайдалӣ Вализода 170 адад чароғпояҳо ва чароғҳои ранга, инчунин атрофи муҷассамаи модар ва танаи дарахтони азимро симтурҳои чароғон, равшан гардонидаанд. Инчунин тамоми роҳрав ва мавзеъҳои истироҳатию фароғатии дохили боғ сафолакпӯш гардида, дар канори роҳравҳо ҷойҳои нишаст ва қуттиҳои партов насб карда шудаанд. Атрофи боғ бошад, дар масоҳати 30 420 мет-ри мураббаъ бо панҷараҳои оҳанин маҳкам карда шуда, роҳравҳои ду канори боғ аз қисмати берун низ сафолакпӯш гардидаанд.

Дар атрофи боғи мазкур 4 дарвоза ва саҳни дарвозаи асосии боғ, баландиаш 8,5 метр мебошад, ки он низ мумфарш гардида, ду канори дарвоза барои таввақуфгоҳи нақлиёти шаҳрвандон муқаррар ва дар қисмати поёнии боғ бошад, ташноби зеризаминӣ, бо 8 нуқтаи хизматрасонӣ, тавассути чоҳи амудии аз чуқурии 120 метр, ҳавзи захираи об бо ғунҷоиши 75 м кубӣ ва трансформатори алоҳида бо таъмини неруи барқи 400 кв бо обу барқ таъмин, бунёд гардиданд.

Инчунин зимни боздид зикр гардид, ки дар ҷараёни корҳои азнавсозӣ, барқароркунӣ ва сохтмони боғ, ниҳолҳои арча, ки дар масофаи хеле зич шинонида шуда буданд, ба қитъаи таҷрибавӣ - истеҳсолии Парки технологии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рудакӣ кӯчонида шуда, 65 бех дарахтони калони сояафкани боғ нигоҳ дошта шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду азнавсозии чунин боғҳои фарҳангӣ-фароғатиро дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ - 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ва намунаи ибрат номида, ба сокинони Кӯлобшаҳри бостонӣ таб-рику муборакбод намуданд.

Ҳамчунин, баҳри ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва дилхушии кӯдакон болои марғзорону сабзаҳои боғ композитсияҳои бадеӣ – китоби кушода, ҳайкалҳои палангу шутур, гавазну оҳу, санҷобакҳо, кабкҳову товуси хиромон насб карда шудаанд. Инчунин аз дохили кӯзаву хумҳои сафолин ва рӯи пару қаноти товус фавҷи гулҳои мавсимии гуногунрангу хушбӯ бинандаро мафтуни ин манзараҳои зебову дилкаш мегардонад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудани боғи мазкур аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, бо мақсади нигоҳубини гулу буттаҳо ва хизматрасониҳои гуногун 16 воҳиди корӣ ҷудо гардид.

Дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, адибон ва дигар намояндагони аҳли зиёи шаҳри Кӯлоб суҳбати самимию созанда анҷом доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҷашни бузурги миллӣ - 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногунро дар шаҳри Кӯлоб муборакбод гуфтанд.

Сарвари давлат омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълим, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва аҳли зиё-ро ба васфи зебоиҳои сарзамин, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳидоят карданд. Таъкид намуданд, ки дар замони зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳар як фарди худогоҳ зиракии сиёсӣ ва ақлу ҳуши бедор талаб карда мешавад. Мардум бояд ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти сарзамин арҷгузорӣ намуда, барои насли оянда як кишвари пешрафтаро ба мерос гузоранд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат таваҷҷуҳи аҳли зиёро ҳамчунин ба татбиқи қонунҳои амалкунанда, дар амал ҷорӣ кардани нақшаву ниятҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои нек ҳидоят карданд.

Дар навбати худ аҳли зиё ба Пешвои миллат барои ҳамаи дастгириҳо ва таъмини зиндагии шоиста изҳори сипоси беандоза намуданд.

Ба истифода додани боғи фарҳангию фароғатии «Хуталон» дар шаҳри Кӯлоб

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ШАҲРИ КУЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб боғи фарҳангию фароғатии "Хуталон”-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки оғози корҳои азнавсозию барқароркунӣ дар боғи мазкур моҳи феврали 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри 2019 бо сифати баланд ва тарҳи зебою муосир аз ҷониби КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон”, ба анҷом расидааст.

Боғи «Хуталон» дар масоҳати умумии беш аз 5 гектар бунёд гардида, дар ҳудуди он 200 бех дарахти кипариз лейланди, 240 маживелник, 240 дарахти ороишии шамшод, 90 бех сирен шинонида шуда, 24 фаввораи гуногунранги ороишӣ насб гардидааст, ки ба атроф зебогии хоса зам намудааст.

Баландии дарвозаи асосии боғи мазкур, 6 метр ва паҳноияш 60 метрро ташкил дода, дар назди он ду таваққуфгоҳи нақлиёт ҷойгир мебошад.

Инчунин 13 ҳазор метри мураббаи ҳудуди боғ асфалтпӯш гардида,13 метри дигари он сафолакпӯш карда шудааст.

Дар ин росто 100 ҳазор гулҳои ороишии гуногуни мавсимӣ ва бисёрсола дар боғи "Хуталон” шинонида шуда, 400 адад чароғаки равшанидиҳанда насб гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки барои солимӣ ва дилхушии кӯдакон ду майдончаи варзишӣ дар ҳудуди боғ ва як бинои қаҳвахона бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Болои марғзорону сабзаҳои боғ ҳайкалҳои палангу шутур, оҳу, кабкҳо баҳри рушди зеҳнии кӯдакон ва дӯст доштани муҳити зист ҷамъ оварда шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба корҳои азнавсозӣ баҳои баланд дода, масъулинро барои бунёди чунин як боғи муосир табрику муборакбод намуда, дастуру супориш доданд.

Боздид аз боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Шоми 10-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал оварданд. Дар даромадгоҳи боғи марказии фарҳангӣ-фароғатӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманди тоҷик бо самимияти хоса ва садоқати бепоён аз Сарвари давлат истиқбол гирифтанд.

Маврид ба ёдоварист, ки боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба маркази бузурги истироҳату фароғати кулли сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Масоҳати умумии боғ 9 га заминро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди боғи мазкур ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва теннис пешбинӣ гардидааст, сохта шуда, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва наврасон, майдончаи тенниси рӯйи миз, Маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 адад нуқтаи хурди фурӯши армуғон қомат афрохтааст. Лоиҳаи боғро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Вертикал” ба уҳда дошт ва он аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии "Алюминии Тоҷик” пурра навсозӣ карда шудааст.

Дар корҳои сохтмонӣ мутахассисони ватанӣ ба кор ҷалб гардида, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода гардидааст. Беш аз 4 гектар замини ҳудуди боғ сабзазор буда, барои хуррамгардонӣ 240 бех дарахтони нодири ороишии ҳамешасабз, ки ҳамаи он аз хориҷи мамлакат оварда шуданд ва садҳо намуд гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Шабона барои равшаннамоии боғ 100 адад чароғ бо сутунпояи 6 метра, 82 адад 10 метра ва 2 адад 15 метра насб гардидааст. Боғ ду даромадгоҳ аз қисми ғарбӣ ва шарқӣ дошта, онҳо бо санъати меъмории миллӣ оро ёфтаанд. Баландии даромадгоҳи қисми ғарбии боғ 12,5 ва паҳноии он 40 метрро ташкил медиҳад. Баландии даромадгоҳи қисми шарқии он бошад, 4,5 ва паҳноияш 15 метр аст. Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст.

Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон 15 намуди атраксионҳо насб гардида, ҳудуди боғро 18 адад фаввораи хурду бузург зебу зиннат бахшида, ба ин марказ ҳусни дигар зам мекунад. Бо бунёди боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Cайид Алии Ҳамадонӣ барои сокинону меҳмонони шаҳр имкони мусоиди истироҳату фароғат муҳайё гардида, аз фароҳам шудани чунин инконият сокинони шарафманди ин гӯшаи диёр рӯҳбаланд мебошанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

Хабарҳо, Сиёсат, Ҳаёти иҷтимоӣ
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Хабарҳо, Сиёсат
Қурбон Ҳакимзода: «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁДГУЗОРИ МОДЕЛИ НАВИ СУЛҲОФАРӢ ДАР МИН ...

Қурбон Ҳакимзода: «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁДГУЗОРИ МОДЕЛИ НАВИ СУЛҲОФАРӢ ДАР МИН ...

Ҳокимияти давлатӣ

Азнавсозии боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Фахробод ҷаннати рӯйи замин аст

Фахробод ҷаннати рӯйи замин аст

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ