Дар як сатр
» » Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

11-09-2019, 06:27

Оғози сафари

корӣ ба ноҳияи Муъминобод

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

 

Субҳи 10-уми сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти маданӣ-маишӣ ба ноҳияи Муъминобод ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони сершумор, намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонони саодатманду ваҳдатсарои ноҳияи Муъминобод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти беандоза ва шукргузории комил аз ваҳдату суботи саросарӣ пазироӣ карданд.

Дар ин рӯз мардуми ноҳия барои истиқболи шоистаи Сарвари давлат як барномаи дидании фарҳангиро, ки саршор аз меҳру муҳаббати меҳанпарастӣ буд, манзури ҳозирин гардониданд.

Оғоз бахшидан ба азнавсозии роҳи

мошингарди Муъминобод-Кӯлоб

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

Худи ҳамин рӯз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод нахуст аз иштирок дар маросими оғози лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод" шурӯъ гардид.

 

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми "Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.

Иҷрои ин лоиҳа, 214,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва таҷдиди 6 пул низ дар доираи ҳамин лоиҳа сурат хоҳад гирифт.

Роҳи автомобилгади Кӯлоб - Муъминобод аҳамияти ҷум-ҳуриявӣ дошта, давоми солҳои зиёд навсозӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, ҳолати имрӯзаи ин роҳ ба талабот ҷавобгӯ нест ва боиси масрафи зиёди роҳистифодабарандагон низ мегардид.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, таҷдиди ин қисмати роҳ оғоз гардид, ки нишонаи возеҳи татбиқи муваффақонаи стратегияи баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ ба қаламрави воҳиди транзитӣ арзёбӣ мегардад.

Бояд зикр кард, ки ноҳияи Муъминобод аз минтақаҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, яке аз мавзеъҳои ташрифи сайёҳони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, ташкили инфрасохтори сайёҳиву бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ кафолати ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад.

Аснои иштирок дар маросими оғози лоиҳаи "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод", Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро бобати босуръату сифати баланд анҷом додани сохтмону азнавсозии роҳи мазкур вазифадор карданд. Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, маҳз сифати тадбирҳои сохтмонӣ имкон фароҳам хоҳад овард, ки ин иншоот солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат кунад.

Оғози корҳои таъмиру таҷдид дар ин қисмати роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод, дар рӯзҳои таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси фараҳмандии сокинони саодатманди ноҳияи Муъминобод гардида, онҳо барои талошҳои хастанопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

Ифтитоҳи бинои прокуратураи ноҳияи Муъминобод

10-уми сентябр дар идомаи боздиди корӣ аз ноҳияи Муъминобод, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Муъминобод бинои наву замонавии прокуратураи ноҳияро мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Бино аз 3 ошёна иборат буда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 35 нафар коргари маҳаллӣ сифатан хуб ба анҷом расонида шуданд.

Дар бинои хуштарҳу замонавии прокуратураи ноҳияи Муъминобод 10 утоқи корӣ, як маҷлисгоҳ ва якчанд хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот баҳои арзанда дода, онро туҳфаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони прокуратура тақозо карданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона дар назди халқу ватан анҷом диҳанд.

Ифтитоҳи Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб дар ноҳияи Муъминобод

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод, дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия ба фаъолияти Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб расман оғоз бахшиданд.

Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, корхои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2014 шурӯъ шуда, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири  сохтмонӣ бунёд гардидааст.

Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарор-созии саломатии беморони қалб дар ноҳияи Муъминобод аз 4 ошёна иборат буда, дар он ошхона, шуъбаи барқарорсозии кӯдакона, бахши машваратию ташхисӣ, маъмурият, шуъбаи бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, бахши табобатӣ-барқарорсозӣ, табобати интенсивӣ, толори табобати варзишӣ ва шуъбаи барқарорсозии калонсолон, инчунин бахшҳои дигари табобатию барқарорсозӣ ҷойгир мебошанд.

Зимни боздид ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин иншооти табобативу солимгардонӣ дорои беш аз 100 кат, аз ҷумла 26 кати кӯдакона буда, дар ҳуҷраҳои он муосиртарин шароиту имкониятҳои  табобату солимгардонии беморони гирифтори дил фароҳам оварда шудааст. Дар осоишгоҳ 65 нафар мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд. 

Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароити осоишгоҳи мазкур, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро ба хизмат-расонии хубу шоиста ба мизоҷон ҳидоят намуданд. Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкурро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни 28 -умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба табибони ноҳияи Муъминобод арзёбӣ карданд.

Дар ҳамин ҷо дар вазъияти тантанавӣ ба 17 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд. Бояд гуфт, ки ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои кору фаъолияти онҳо шароити арзанда фароҳам оварда мешавад. Ин ҳама аз татбиқи муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат дарак медиҳад.

Маврид ба зикри хос аст, ки дар Осоишгоҳи ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалб, ҳамзамон як майдончаи варзишӣ бунёд карда шуда, гирду атрофи иншоот ба гӯшаи зебои фароғатӣ табдил дода шудааст.

 

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Муъминобод

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти "Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминобод, инчунин майдончаи варзишиеро, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ-28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар масоҳати умумии 1025 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёд карда шудааст. Инчунин, дар шафати майдончаи варзишӣ барои машқу тамрин ва обутоби бадан беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Майдончаи варзишӣ бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дар он наздик ба 15 адад чароғҳои хурду бузурги равшандиҳӣ насб карда шудааст. Илова бар ин, барои зебогии гирду атрофи иншоот 30 ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва 2500 бех гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароитҳои иншооти мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони ноҳияи Муъминобод дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Муъминобод даъват ба амал оварданд, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

Қобил ба тазаккур аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагиии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод корҳои созандагиву ободонӣ босуръат идома дошта, то соли 2021 дар ҳудуди шаҳрак ва ҷамоатҳои ноҳия бо пуштибонӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз даҳҳо чунин иншоотҳои муосири варзишӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Гузоштани санги асоси Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод, ҳамчунин ба бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки боғи  мазкур дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти "Деҳибаланд” ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 6 гектар сохта мешавад.

Иншооти мазкур дар давоми ду сол бо тарҳи зебову замонавӣ бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд хоҳад шуд. Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бо назардошти арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, Парчами миллӣ бо баландии 55 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 33 метр сохта мешавад.

Тибқи иттилои масъулин, дар иншооти бунёдшаванда ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва баргузории чорабиниҳои идона, дар дохили боғ бунёди Амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, 5 адад фаввора, 4 майдонча барои бозии кӯдакон, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, ду таваққуфгоҳ ва бунёди чандин иншооти дигари ёрирасону хизмтрасонӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин, дар дохил ва гирду атрофи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ шинонидани 500 ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва насби 100 адад таҷҳизоти равшандиҳанда дар назар аст. Масоҳати 4 гектар замини назди боғ низ сабзапӯш карда мешавад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи мазкур, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки  Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва Нишону Парчами давлатиро дар муҳлати муайяншуда, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд намоянд.

Ба истифода додани бинои меҳмонхонаи «Муъминобод» дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳияи Муъминобод

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

 

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти "Деҳибаланд”-и ноҳия меҳмонхонаи "Муъминобод"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои меҳмонхонаи "Муъминобод" дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Идихон Сафаров бунёд шуда, ба зебогии ноҳия ҳусни дигар зам мекунад.

Дар ин бинои хуштарҳу замонавӣ 12 ҳуҷра бо катҳои хоб, маҷлисгоҳ, тарабхона ва тӯйхона ҷойгир карда шудааст. Дар маҷмӯъ, меҳмонхонаи "Муъминобод" метавонад дар як вақт то 20 нафарро қабул намояд. Ҳуҷраҳо бо ҷиҳоз, телевизор ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Иншоот дар муддати кӯтоҳ ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шудааст. Ба иттилои масъулин, дар давраи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот наздики 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд ва акнун бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои меҳмона, 30 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Муъминобод саривақтӣ аст, зеро ин ноҳия бо табиати зебову рангин ва мавзеъҳои таърихиаш метавонад шумораи сайёҳони хориҷиро дар мамлакат афзоиш диҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити меҳмонхонаи "Муъминобод" дар деҳаи Шаҳринав шинос шуда, аз ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ изҳори хушнудӣ намуданд ва чунин иқдомҳои сокинони ватандӯсти мамлакатро шоистаи дастгирӣ хонданд.

Дар ҳамин ҷо, бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои 60 нафар кӯдакони ятиму бепарастор хони идона ороста шуд. Ба кӯдакон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки ин қишри осебпазири ҷомеа зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат қарор дошта, пайваста дастгирӣ меёбанд.

Боздид аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳияи Муъминобод

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

 

Дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти "Деҳибаланд”-и ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунармандони ноҳия дидан карданд.

Дар ин намоишгоҳ сокинони ноҳияи Муъминобод намунаи беҳтарини маҳсули дасти худро ба маъраз гузоштанд. Хоса бонувони чирадаст навъҳои гуногуни либосҳои миллӣ, аз ҷумла чаканро, ки соли 2018 ба рӯйхати Мероси фарҳанги  ғайримоддии  Юнескошомил гардид, ба намоиш гузоштанд.

Тавре маълум гардид, дар ноҳияи Муъминобод ҳунарҳои чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурдӯзӣ, адрасбофӣ, шерозбофӣ, кӯрпа-дӯзӣ, муҳрабофию кокулсозӣ, тоқидӯзӣ, кешбофӣ, рафидадӯзӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Махсусан, баъд аз эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи сокинони ноҳия ба ҳунару ҳунармандӣ бештар гардид.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Муъминобод 7 маркази ҳунаромӯзӣ фаъолият мекард. Бо эълони сесолаи ҳунармандӣ шумораи ин марказҳо ба 10 адад расидааст. Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даҳҳо мактабу сех ва коргоҳҳои ҳунармандӣ ташкил шудааст.

Дар марказҳои ҳунаромӯзии ноҳия, дар маҷмӯъ 85 намуди ҳунарҳои мардумӣ омӯзонида мешаванд. Бонувони ҳунарманд талош бар он доранд, ки ҳарчи бештар ҷавондухтаронро ба курсҳо фаро гиранд ва дар эҳё ва рушди ҳунарҳои аҷдодӣ саҳми худро гузоранд.

 Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

 Зимни суҳбати самимӣ бо модарони ҳунарманди ноҳияи Муъминобод, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки сарулибоси миллӣ инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаву ҳунарҳои миллӣ буда, қавму миллатҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як сокини кишвар, бахусус занони тоҷик аст, ки дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақшгузор бошанд ва барои пешгирӣ аз бегонапарас-тиву тақлидкорӣ миёни ҷавонон, ҳамчунин ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар саҳмгузор бошанд. Тибқи маълумот дар давоми 6 моҳи соли 2019 зиёда аз 11 ҳазор сайёҳ ба ноҳияи Муъминобод ташриф оварданд.

Баъд аз тамошои намоишгоҳ, Сарвар давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари занону ҷавондухтарони ноҳияи Муъминобод баҳои баланд дода, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи ҷавонон ҳидоят намуданд.

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу

кишоварзӣ дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Муъминобод

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

 

Дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзии сокинони ноҳия боздид карданд.

Дар ин намоишгоҳ маҳсулоти саноативу кишоварзии хоҷагии ҷангали ноҳия,  ҷамоатҳои деҳоти "Балхобӣ”, "Нуралишо Назаров”, "Деҳибаланд”, ба номи Шамсиддин Шоҳин, хоҷагии таҷрибавии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи кишоварзӣ дар ноҳия ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.

Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Муъминобод сол аз сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳанд.

Дар ноҳия корхонаҳои саноатӣ мавҷуд буда, аз ин ҳисоб 6 коргоҳ фаъолияти мавсимӣ доранд.

Натиҷаҳои фаъолияти кор-хонаҳои саноатӣ қонеъкунанда буда, бо эълони ҳадафи 4-уми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар корҳо дар самти афзоиш додани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият бахшида мешавад.

Дар намоишгоҳи кишварзони ноҳияи Муъминобод каду, тарбуз, харбуза, пиёзи сурху сафед, картошка, боимҷон, қаламфур, ҷуворимакка, ангур, себ, меваи хушк, гиёҳҳои шифобахш, навъҳои гуногуни асал, маҳсулоти консерва ва ғайра ба намоиш бароварда шуд. Дар ноҳияи Муъминобод 4 ҳазору 765 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият доранд.

Давоми 8 моҳи охир дар майдони 14 ҳазору 978 гектар кишти ғалладона ва лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот, зироатҳои техникӣ, зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши маҳсулоти саноативу кишоварзӣ дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Муъминобод бо кишоварзон ва масъулони соҳа суҳбат намуда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин дас-туру супоришҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани «Муъминобод»

Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

 

10 сентябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринав Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани "Муъминобод”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, аз сехи истеҳсолу коркарди севаю сабзавот ва анбору сардхона иборат мебошад. Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан дар майдони 1,2 гектар бунёд шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар сехи нӯшокиҳои ташнашикан нӯшоба, афшура ва мураббои меваҳои гуногун омода мешавад. Дар як басти корӣ дар ин сех 5 ҳазор қуттии нӯшокии ташнашикан омода мешавад. Дар сехи коркарди меваю сабзавот дар як бахши корӣ консервакунонии то 2 ҳазор зарфи 2- литра сабзавотҳои гуногун анҷом дода мешавад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур 80 нафар, аз ҷумла 30 нафар аз вилояти Суғд ва 50 каси дигар аз ноҳияи Муъминобод бо ҷойи кори доимӣ ва бо маоши хуб таъмин гардиданд.

Роҳбарияти корхона нақша дорад, ки дар оянда бо ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ шумораи кормандонро то ба 200 нафар расонад.

Барои коркарди меваю сабзавот дар ин корхонаи тозабунёд маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия харидорӣ карда мешавад. Ҳамчунин, дар назди корхона дар майдони 6 гектар боғ бунёд шудааст. Маҳсулоти ин боғ низ барои коркард дар корхонаи "Муъминобод” пешбинӣ шудааст.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани "Муъминобод” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ изҳори хушнудӣ карда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот дар корхона ва ҳамзамон таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Хабарҳо, Сиёсат

«Сад ранги чакан» дар Муъминобод

Хабарҳо
Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Ба истифода додани Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот д ...

Хабарҳо
Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Бунёди Қасри фарҳанг дар Муъминобод

Бунёди Қасри фарҳанг дар Муъминобод

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА