Дар як сатр
» » Пахтакорони Ёвон қадрдонӣ шуданд

Пахтакорони Ёвон қадрдонӣ шуданд

19-10-2017, 10:14

Пахтакорони Ёвон қадрдонӣ шуданд

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Қурбонбой Ҳакимзода бо мақсади табрик ва қадршиносии пахтакорони ноҳияи Ёвон, ки дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро ба иҷро расонидаанд, ба ин ноҳия сафар кард.

Дар маҷлиси тантанавие, ки ба ин муносибат дар Қасри фар-ҳанги ноҳия барпо гардид, ба як гурӯҳ роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор ва собиқадорони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва иҷрои саривақтии нақша «Сипоснома»-и раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Зикр шуд, ки соли равон пахтакорони Ёвон дар майдони 11 ҳазору 40 гектар пунбадона кишта, дар натиҷаи меҳнати софдилона ва риояи қоидаҳои агротехникӣ беш аз 23 ҳазор тонна «тилои сафед» ба даст оварданд. Муовини якуми раиси вилоят Қ. Ҳакимзода бо ситоиш аз саҳми кишоварзони ҷамоатҳои деҳоти «Ҳаёти нав», «Чоргул», «Норин», «Даҳана» ва ба номи Г. Юсуфова, таъкид намуд, ки ҳанӯз ҳам дар саҳро ҳосили пахта бисёр аст ва мебояд онро то охир ҷамъоварӣ кард.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар

Ҳашари пахтачинӣ бо ширкати зиёда аз се ҳазор нафар

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Муждаи пахтакорони Шаҳритӯсӣ дар арафаи ҷашни истиқлол

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Кишоварзони Хатлон дар ҷумҳурӣ пешсафанд

Кишоварзони Хатлон дар ҷумҳурӣ пешсафанд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

Матолиби чандрасонаӣ