Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Панҷ. Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ


Панҷ. Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ



Дар ноҳияи Панҷ бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар расми ифтитоҳи он муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашӯрбой, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер иштирок доштанд.

Тибқи иттилои расмӣ иншооти мазкур аз ду ошёна, 5 утоқи корӣ муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурии муосир барои кормандон, 1 толори маҷлис бо 50 ҷойи нишаст иборат мебошад. Дар маросими ифтитоҳи бинои мазкур таъкид гардид, ки ҳар як корманди ҳизбро зарур аст, бо истифода аз шароити хуби корӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намуда, дар таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созанда саҳми арзанда дошта бошад.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода