Дар як сатр
» » 28 СОЛИ РУШДИ УСТУВОР

28 СОЛИ РУШДИ УСТУВОР

9-09-2019, 06:51

28 СОЛИ РУШДИ УСТУВОР

28 сол дар назди таърихномаи башарият муддати дарозе нест. Гӯё аз баҳр қатраест. Вале дар ин муддат бисёр корҳои азиму дидание анҷом дода шудааст, ки он дар таърихи тамаддун бо хатти зар навишта шуда, фаъолияти пурсамару корҳои анҷомдодаи шахсони пешоҳанг ва абармардони миллату тамаддунро абадӣ сабт намудааст. Миллати тоҷик - ворисони ориёиҳо баъди ҳазор соли бедавлатӣ, баъди шикасти империяи бузурги тоҷикон - Сомониён тавонист соҳибдавлат гардида, истиқлолияти комил ба даст оварад. Агар ба саҳфаи таърих нигарем, дар ин ҳазорсола миллати тоҷик арзи ҳастӣ дошт, аммо давлати худро надошт. Ба ин нигоҳ накарда, танҳо заҳмату хизматҳои олимону мутафаккиронаш  номи миллати тоҷикро нигаҳ дошт ва дар арсаи ҷаҳонӣ онро муаррифӣ менамуд.

Хушбахтона, 28 соли охир, агар гӯем, барои миллати тоҷик замони тиллоӣ гашт, хато ва муболиғае нахоҳад шуд. Ҳарчанд солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик, халқи Тоҷикистон нокомию нохушиҳо овард, вале бо талошу заҳмат, хирадмандии волою сиёсатмадории фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон тавонист аз раҳгумӣ, аз кашмакашиҳои сиёсӣ ва ҷанги бародаркуш ба зудӣ раҳо шавад. Агар гӯем, ки ин доди Худо буду сиёсатмадории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хато нахоҳад буд. Инро миллионҳо нафар шаҳодат медиҳанду тасдиқ мекунанд. Заҳмату меҳнати  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талоши халқи тоҷик баҳри сулҳу дӯстӣ, шукуфоии Тоҷикистони азиз, афзун намудани иқтидори иқтисодию сиёсии он бисёр бузург аст.

Бо роҳнамоию ҳидоятҳои Сардори давлатамон халқи Тоҷикистон тавонист, ки дар бахши саноату сохтмон, шаҳрсозӣ ба дигаргуниҳои бузург ноил гардад. Бунёди сохтмонҳои азим, аз қабили неругоҳҳои барқӣ, кушодани нақбҳои бузург, роҳу пулҳои аҳамияти маҳаллӣ ва байналмилалидошта, шаҳрсозию шаҳрдорӣ шоҳкориҳои 28-солаи замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.

Бо ифтихор гуфта метавонем, ки пешрафту комёбиҳо дар ҳар як гӯшаю канори ватани азизамон хеле хуб ба назар мерасад. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст. Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти бузург мебошад.

 

Муродалӣ Эмомализода,

муовини сардори Хадамоти иҷро дар вилояти Хатлон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БА НОМАТ ЭЙ ВАТАН, ИФТИХОР ДОРЕМ

Номаҳои Шумо
Ваҳдати миллӣ мароми мост

Ваҳдати миллӣ мароми мост

Номаҳои Шумо
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Роҳи сулҳ - роҳи наҷоти миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Бо дили бузург ба дунё омад

Бо дили бузург ба дунё омад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо