Дар як сатр
» » ФАРОВОНҲОСИЛӢ АЗ ТУХМИИ БОСИФАТ

ФАРОВОНҲОСИЛӢ АЗ ТУХМИИ БОСИФАТ

9-09-2019, 06:49

Дар Ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён семинар-машварати вилоятӣ баргузор гардид, ки дар он мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ширкат намуданд. 

Зафар Файзуллозода, раиси ноҳияи Қубодиён, семинарро ҳусни оғоз бахшида, оид ба фаъолияти Стансияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзии «Авесто» ва саҳми он дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ёдовар гардид. 

Иттилоъ дода шуд, ки Стансияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзии «Авесто»-и ноҳияи Қубодиён 26 декабри соли 2008 дар Ҷамоати деҳоти «Тахти Сангин» ташкил карда шудааст.

Тоҷиддин Содиқов, мутахассисони соҳа меҳмононро оид ба навъҳои пахта дар Стансияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзии «Авесто» маълумот дод. Кормандони Стансия бо олимон ва мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Институти зироаткории Тоҷикистон ҳамкории  доимиро ба роҳ монда, дар қитъаҳои замини алоҳида навъҳои зироатҳои кишоварзиро парвариш менамоянд.

Стансияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзии «Авесто» дар ихтиёри худ  39,03 га замин дорад. Стансия дар соли ҷорӣ ҷамъ дар майдони 34,30 га 5 навъи пахтаро кишт намудааст.  Инчунин дар қитъаҳои замини стансия дар майдони 1,0 га замин 16 навъи гандум, 0,15 га 6 навъи ҷуворимакка барои дон, дар майдони 0,20 га картошкаи навъи «Ширин» ва дар майдони 0,30 га зироати полезӣ кишт карда шудааст.

Инчунин дар  майдони 1,50 га боғи  дарахтони зардолу, шафтолу ва бодом бунёд ёфтааст. Дар қитъаҳои алоҳида тибқи меъёрҳои тухмипарварӣ, 22 навъи пахта барои санҷиш кишт карда шудааст.

Абдуҷалил Сангинов, мудири шуъбаи филиали институти академияи илмҳои кишоварзӣ дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод, ки кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Авесто» бошад соли 2003 дар заминаи собиқ хоҷагии ҷамоавӣ (колхоз)-и «50-солагии СССР» таъсис ёфта, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ба шабакаи хоҷагиҳои тухмипарварӣ шомил карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки майдони кишти кооператив 3782,02 гектарро ташкил медиҳад. Самти асосии кооператив пахтакорӣ буда, соли 2019 дар майдони 720, га   кишти 6 навъи пахта гузаронида шуд.

Дар кооператив 43 бригадаи пахтакорӣ фаъолият намуда, ба ҳар кадоми онҳо аз 6 то 35 гектарӣ замини пахта вобаста карда шудааст.

Сипас, аз ҷониби олимони Академияи илмҳо ва мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам равнақ додани соҳаи кишоварзӣ тавсияҳои методӣ дода шуд.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДУРНАМО - 275,2 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

Хабарҳо

Дӯстӣ: Содироти 2594 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар

Арсаи кишоварзӣ

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ
Таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад

Таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад

Арсаи кишоварзӣ
Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Кишти пахтаву зироатҳои дигар бомаром ҷараён дорад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА