Дар як сатр
» » «ВАҲДАТ - ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА»

«ВАҲДАТ - ОМИЛИ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА»

9-09-2019, 06:47

Дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ватанамон ободу зебо гардида истодааст. Сарзамини дорои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, имкони шиносоӣ бо маҳорату истеъдодҳои нотакрори ҳамдиёрон ва муҳимтар аз ҳама, ба дидори ҳамдигар мушарраф шудани сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар, аз рушди босуботи тамоми соҳаҳо ёдовар гардидан нишонаи некбахтиву саодатмандии мост.

 

Мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз татбиқи ҳадафҳои саривақтиву судманди роҳбарияти олии кишвар, ки яке аз ин ҳадафҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад, шоду сарфарозанд. Ҳамин аст, ки баробари таҷдиду барқарорсозӣ ва бунёди роҳҳои сифатан хуби қаламрави кишвар рафтуо хеле ҳам осон ва афзун шудааст. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки иқдоми созандаи Пешвои миллат ва амали неку хушпаёмад аст, таҳти роҳбарии раи-си Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ва раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, мо, як гурӯҳи 35-нафараи ходимони дин, давоми панҷ рӯз ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар доштем, ки аз хотираҳои неку фараҳбахш буд. Дар ноҳияи зебоманзари Дарвоз муовини раиси ВМКБ, раиси ноҳияи Дарвоз ва ҳайати халифаҳои равияи Исмоилия ва намояндагони табақаи гуногуни ҷомеа бо як ҷаҳон ихлосу садоқати беандоза моро истиқбол гирифтанд.

Густурдани дастурхони иборат аз таомҳои миллӣ  ва сари як пиёла чой суҳбатҳои ирфонӣ оростану аз дастовардхои ватан ҳарф задан нишони саодатмандиву меҳмоннавозии мардуми ин минтақаи биҳиштосо буд. Ҳамин тариқ, қад-қади роҳҳои пурпечутоб ҳайати меҳмононро мизбонон то ба маркази вилоят - шаҳри Хоруғ роҳбаладӣ намуданд. Аз ин сайругашт ҳама хушҳол буданду бо чунин як гӯшаи зебоманзари диёр, ки шаҳри Сангинро мемонд, ошно гаштанд.

Хоруғ бо манзараҳои дилкашу ҷолибаш, хоса боғи ботаникии ин шаҳр, осорхонаву дигар мавзеъҳои таърихиву фарҳангиаш ҳар бинандаро вориди андешаҳои фараҳбахшу афсонавӣ мегардонид. Боздиди мо аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва тамошои хонаи суннатии бадахшонӣ, ки аз сутунҳои рамзиву муҳити зебо ва мутаассир буд.

Баъди вохӯриву дидорбинии самимӣ бо сокинони маркази вилоят ба мавзеи овозадори Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим раҳсипор шудем. Хизматрасонӣ дар ин мавзеи тавонбахшиву хусусияти шифодошта хуб ба роҳ монда шудааст. Маҳз дар ҳамин мавзеи табобатӣ-фароғатӣ семинар таҳти унвони «Ваҳдат - омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» баргузор шуд. Чун мавзӯъ таъсири неку башорат аз ояндаи дурахшон доштани ватан медод, ин ҳамоиш се рӯз давом кард. Аҳли иштирокдорон дар ҷараёни семинар қаблан аз хушбахтиву саодатмандӣ, рушди тамоми соҳаҳо, татбиқи як қатор нақшаву барнома ва мақсадҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллатамонро ёдоварӣ карда, ҳамагон аз дастовардҳои бузург бо изҳори шодиву сурур шукргузор буданд.

Сипас, аҳли ҷамъомадагон доир ба татбиқи ҳадафҳои стратегии роҳбарияти кишвар ва амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатамон суханронӣ намуда, даъват ба амал оварданд, ба халқу ватани хеш хизмати содиқона анҷом дода, пайрави Пешвои миллатамон бошем. Чун мавзӯи ин давраи омӯзишӣ ба таҳкими сулҳу субот ва ваҳдату оромии кишвар бахшида шуда буд, ҳамагон бо мақсади устувор нигаҳ доштани ин неъмати бебаҳо маслиҳатҳои судманд доданд. Бо ин мазмун вобаста ба тарбияи насли наврасу дастгирии ҷавонон сухан ронда, баҳри воқеан ояндасоз будани ин қишри ҷомеа тавсияҳо доданд. Хулосаи неки ҷамъомадагон тарҳрезӣ намудани нақшаҳои неку созанда буд.

Қобили зикр аст, ки ин иқдом бисёр пураҳамият буда, барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани дӯстию ваҳдати миллӣ таъсиргузор мебошад. Сафари кори мо бозгӯи суботу устувории кишвар аст, дар он сулҳу ваҳдат заминагузор ва нақши калидӣ дорад.

 

Усмоналӣ НУРЗОДА,

муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сархатиби масҷиди ҷомеи маркази шаҳри Бохтар


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ МАҲБУБИ ҲАМАИ МО» ДАР ХАТЛОН

ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ МАҲБУБИ ҲАМАИ МО» ДАР ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт

ТТЭ ҲНИ ЯКЕ АЗ ДАСТПАРВАРОНИ «ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН» МЕБОШАД

Хабарҳо, Сиёсат
«Шоми дӯстӣ» ба қалбҳо шодиву сурур бахшид

«Шоми дӯстӣ» ба қалбҳо шодиву сурур бахшид

Фарҳанг ва адабиёт
Дидорбиниҳо - сарчашмаи меҳру муҳаббату дӯстӣ

Дидорбиниҳо - сарчашмаи меҳру муҳаббату дӯстӣ

Ҳокимияти давлатӣ
«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)

«Корвони ваҳдат»-и Хатлон дар Бадахшон (аксҳо)

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Фарҳанг ва адабиёт, Матолиби чандрасонаӣ, АСАЛМО САФАРОВА