Дар як сатр
» » ТОҶИКИСТОН - ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛУ СОҲИБИХТИЁР

ТОҶИКИСТОН - ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛУ СОҲИБИХТИЁР

9-09-2019, 06:43

Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр, ки тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоӣ ва инкишофи озодона, шароити зиндагонии арзандаю сазоворро барои ҳар як шаҳрванд-инсон фароҳам меоварад, дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии онҳоро кафолат медиҳад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон-шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳимоя менамояд.

Аз ин лиҳоз, Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол аз 9 сентябри соли 1991-ум арзи вуҷуд карда, дар асосҳои баробар бо дигар давлатҳои дунё муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқии худро ба роҳ монда, ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона роҳи пешрафти иқтисоди бозоргониро бо тарзу усули ба худ хос пеш гирифтааст.

Маҳз бо ибтидо аз ин сана гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули Конс-титутсияи давлати комилан мустақил ва барпо намудани ҷомеаи озоду пешрафта ба миён омад.

Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бо Сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Ҳокимияти давлатӣ дар симои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардида, ба барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ карданиҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон дар ҷомеа шароит фароҳам гашт.

Барои ба таври воқеӣ ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ҷомеаи навини тоҷикон қонуну санадҳое лозим буданд, ки бархурди чунин манфиатҳо бошанд. Барои эҷоди ин гуна санаду қонунҳо заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ лозим буд, ки он ҳам бошад, қабл аз ҳама, Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявӣ буда метавонист.

Аз ин лиҳоз, баҳри татбиқи мақсадҳои дар боло қайдгардида ҳайати комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд.

Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуда, онробарои ҳарчӣ пурраву демократӣ гардонидан ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Лоиҳаи Конститутсия дар матбуоти даврӣ ба чоп расида, аз ҷониби тамоми аҳли ҷомеа бевосита мавриди омӯзиш ва муҳокима фаро гирифт.

20 июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Бо назардошти тағйироту илова, фикру ақида ва дархосту пешниҳодҳо 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ (референдум) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Ҳамин тариқ, халқу давлати Тоҷикистон Конститутсияи худро таҳия, қабул ва ҷорӣ намуда, хусусиятҳои хоси давлати миллии соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона, ки иродаи халқ ифодагари ҳокимияти давлатӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи онҳо арзиши олӣэътироф шудааст, дар он таҷассуми худро ёфтаанд.

Ҳамин меъёрҳо дар навбати худ асос шудаанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Ҳамзамон дар ин давра, масъалаи забон ва рамзҳои давлатӣ ҳалли худро бо пуррагӣ ёфтаанд, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон нишонаҳои хос ва муқаддаси давлату миллати тоҷик мебошанд.

Ҳамчунон мақомоти марказии ҳокимият аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян гардид, яъне «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад», ки дар моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.

Ҳамин тавр ҳар кадоме аз ин шохаҳои ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои амалу фаъ-олияти мустақилонаи худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монд.

Бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё бо воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомотҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад.

Президенти мамлакатро низ шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд, ки ӯ ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳоро муқаррар намудааст.

Вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ дар таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат ифодаи бевоситаи худро меёбад ва он дар моддаи 87-уми Конститутсия муқаррар карда шудааст: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст».

Муқаррароти мазкур амалу фаъолияти суд ва судяҳо, мустақилияти онҳо ва имконияти пурраю беғаразонаи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақшимақомоти судӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, муҳофизати ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, давлат ва ташкилоту муассиса таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳамин радиф як қатор фармонҳоро, ба мисли: «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14 апрели соли 1997 ва аз 23 июни соли 2007 оид ба тасдиқи «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расонидаанд, ки ба мустаҳкам намудани фаъолияти ҳокимияти судӣва баланд бардоштани мавқеи он дар ҷомеа равона гардидаанд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 апрели соли 2009 чунин ишора рафтааст: «Механизми муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун мақомоти ҳокимияти судӣ мебошад. Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо мувофиқи мақсад аст, ки ислоҳоти судӣ идома дода шуда, барномаи нави мукаммали соҳа барои солҳои минбаъда таҳия карда шавад».

Зиёда аз ин, дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 апрели соли 2014 чунин ишора рафтааст: «Ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки арзиши олии ҷомеаи мо эътироф шудаанд, самти афзалиятноки фаъолияти худ ҳисобида, қабули шаҳрвандон ва баррасии холисонаву ҳаматарафаи муроҷиатҳои онҳоро боз ҳам тақвият бахшанд».

Чунин иқдоми Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон судҳоро ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ уҳдадор месозад, ки риоя ва иҷрои бечунучарои меъёрҳои Конститутсияро ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар ба манфиати ҷомеа таъмин намоянд

Имрӯзҳо масъалаи мақоми зан дар ҷомеа яке аз вазифаҳои волою муқаддас буда, барои рушду нумӯи давлату миллат ба насли аз ҷиҳати рӯҳию ақлонӣ ва ҷисмонию ахлоқӣ солиму бардам ва босавод вобастагӣ дорад.

Масъалаи дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон дар сиёсати иҷтимоии давлат мақоми махсус дошта, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои назаррас татбиқ карда шуданд. Маҳз тавассути ҳамин чораандешиҳо ба кишвар имконият дод, ки дар самти таъмини намояндагии занон дар сатҳи гуногуни роҳбарӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида, дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, чорабиниҳои байналмилалию фарҳангӣширкат варзида, саҳмихудро дошта бошанд.

Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон дар вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ таъйин карда шуданд.

Мо-занони дар ҳокимияти судӣ фаъолиятдошта сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарафдорӣ намуда, баҳри таъмини волоияти қонун ва ба амал баровардани адолати судӣ фаъолияти худро равона месозем.

Шерализода Зебонисо Чорӣ,

судяи Суди ноҳияи Кӯшониён



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақиланд

Ҳуқуқу амният
Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

Конститутсия - роҳнамои имрўзу фардои давлату миллат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сарқонун кафолат медиҳад...

Сарқонун кафолат медиҳад...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният