Дар як сатр
» » И.НЕЪМАТЗОДА: «ДАСТОВАРДҲО АЗОНИ ХАЛҚ АСТ»

И.НЕЪМАТЗОДА: «ДАСТОВАРДҲО АЗОНИ ХАЛҚ АСТ»

9-09-2019, 06:36

Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ нисбат ба дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Восеъ аз ҷиҳати ҳудуд ва аҳолӣ хурдтар бошад ҳам, аммо пешрафту такомули он бартарӣ дорад. Биноҳои замонавии маъмурию хизматӣ, манзилҳои истиқоматӣ, роҳҳои асфалтпӯши байни деҳаҳо ба ҳусни маркази ҷамоат ҳусни тоза зам намудаанд. Агар ду гулгашти истироҳатии маркази ҷамоатро пеши назар оварем, симои маркази ҷамоат боз дучанд дилкашу назаррабо ба назар мерасад.

Вақте ки дар бораи фаъолияти кории Ибодулло Неъматзода мақсадамонро баён кардем, бо як ифтихори баланд чунин гуфт:

- Ҳамаи ин ободониву созандагӣ бо ташаббуси халқ ва соҳибкорони муваффақи  ин ҷамоат аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд.

Мо вақте ки бо ҳаёту зиндагии мардуми маҳаллаҳои ин ҷо шинос шудему дигаргуниҳои куллиро дидем, ба мардони саховатманду ҳимматбаланд ва бунёдкори ин ҷамоат офарин хондем.

Агар ҳар нафаре аз роҳи калони ноҳияи Восеъ –Ховалинг, ки аз шафати маркази ҷамоат мегузарад, гузашта бошад, худ ба кори ин мардум баҳо медиҳад. Ҳамин дигаргуниҳои зиёд буд, ки ду сол қабл Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷо ташриф оварда, дар ифтитоҳи чанд бино ширкат варзид. Бо сокинони ҷамоати деҳот ва намояндагони ноҳия вохӯрӣ доир намуда, ба ободкунандагони ин диёри кӯчак офарин хонд.

Дар ҳудуди ҷамоат 4 деҳа муттаҳид гардидааст, ки дар онҳо 12 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.  Айни замон дар ҷамоат 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 боғчаи кӯдакона барои 50 нафар, 1 беморхонаи рақамии замонавӣ, 2 маркази саломатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, ҳамзамон 5 дорухонаи хусусӣ ба аҳолии деҳаҳо хизмат мерасонанд. Боиси тазаккур аст, ки аз беморхонаи рақамӣ на танҳо аҳолии ҳудуди ҷамоат, балки аз дигар маҳаллаҳои ноҳия низ дар ин ҷо табобат мегиранд. Ба беморон духтурони варзидаю ботаҷриба хизмати тиббӣ мерасонанд. Баробари ин соҳаи фарҳангу маънавиёт низ рушд ёфт. Китобхона, гулгаштҳои истироҳатӣ, филиали мактаби мусиқӣ, майдончаи теннис - корт, майдони варзишӣ барои 5260 нафар тамошобин, командаи футболи «Файзкант», ки алҳол дар лигаи якум соҳиби ҷои аввал аст ва ҳамчунин дастаи футболи наврасон амал менамояд, ки дар кори тайёр намудани футболбозон саҳми муносиб дорад.

Набояд фаромӯш кард, ки иқтисодиёт дар ҳар ҷомеа дар ҷои аввал қарор дорад ва имрӯз низ чунин аст. Сокинони ҷамоат инро хеле хуб дарк мекунанд. Ин аст, ки дар ин ҷо соҳаи кишоварзӣ ва саноат рӯз то рӯз рушд мекунад. Соҳаи саноат низ дунболагири он аст. Айни замон дар ҳудуди ҷамоат 275 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд, ки соҳаи асосии онҳо боғу токпарварӣ, пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ асту деҳқонон метавонанд мардуми деҳа ва берун аз онро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.

Омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоат бо суръати баланд идома дорад. Корҳои созандагию бунёдкорӣ тавассути мардони боҳиммат ва саховатпеша ва ҳамчунин дастгирии сокинони маҳаллаҳо рӯз аз рӯз суръат мегирад. Бо назардошти нақшаи ҷамоат бояд дар ин ҷо 27 иншооти ҷашнӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Хушбахтона, бо дастгирии соҳибкорони олиҳиммати ин ҷо ба тариқи илова боз сохтмони 13 иншооти дигар дар назар аст. Алҳол қариб нисфи онҳо сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст. Ба тариқи дастаҷамъӣ сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ғофилобод, 2 гулгашти фарҳангӣ - истироҳатӣ, тавассути хоҷагии деҳқонии Файзи Саид ба истифода додани панелҳои офтобии барқӣ дар беморхонаи маркази ҷамоат, пули мошингузар дар деҳаи Анористон аз тарафи соҳибкор Худойназар Ғоибов, пул дар деҳаи Меҳнатобод, кандани чоҳи амудӣ ва гузаронидани қубурҳои обгузар ба масофаи 3 ҳазор метр аз тарафи хоҷагии ба номи Файзи Саид, ба анҷом расидани қисмати дуюми бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 51, ки дорои толорҳои варзишӣ ва маҷлисӣ ва ғайра аз зумраи он иншоотҳое мебошанд, ки мавриди истифодабарӣ ва баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Ҳамзамон сохтмони боғчаи хусусӣ барои 210 нафар кӯдак, корхонаи атласу адрас, меҳмонхонаи чорошёна, маркази хизматрасонӣ ва фурӯши маводҳои тиббӣ, корхонаи коркард ва истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикан ва маҳсулоти қаннодӣ, 3 маркази хизматрасонӣ ва истеҳсоли маводи сохтмонӣ, бинои идораи нигоҳдории роҳҳо босуръат идома дорад ва ояндаи наздик ба истифода дода хоҳанд шуд.

Меҳнати аҳли ҷамоати деҳот ва алалхусус соҳибкорони боҳиммати он мебошад, ки ҷамоат дар озмуни беҳтарин ҷамоатҳои деҳот байни дигар ҷамоатҳои деҳоти вилояту ҷумҳурӣ ғолиб дониста шуда, сазовори мукофотҳои таъсиснамуда гардид. Ҳамчунин ғолиби озмуни ҷумҳуривии «Сайри гули лола» дар вилояту ҷумҳурӣ дониста шуд.

Муваффақияту комёбиҳои аҳли ҷамоат рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Мо низ таманнои он дорем, ки ин дастоварду комёбиҳо боз ҳам зиёд гардида, ҷамоати деҳот ба ҷамоати шаҳрак табдил ёбад,

Наҷот САФАРЗОДА,

ноҳияи Восеъ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кӯлоб: ИФТИТОҲИ ИНШООТҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ҷ.Балхӣ: Баистифодадиҳии 153 иншоот

Ҳаёти иҷтимоӣ

Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ

Давраи ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Фардо ваколати вакилони ҷамоатҳо ба охир мерасад

Фардо ваколати вакилони ҷамоатҳо ба охир мерасад

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА