Дар як сатр
» » АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИСТ

АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИСТ

9-09-2019, 06:33

Тоҷикистон дорои имкониятҳои васеи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат, оқилонаву самаранок истифода намудани ҳар порча замин ва аз он рӯёнидани ду ҳосил, сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонагиҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ дастуру ҳидоятҳо медиҳанд, ки иҷрои он самараи дилхоҳ дода истодааст.


Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Пешвои миллат доир ба самтҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, васеъ ба роҳ мондани коркарди пахта дар дохили кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ, аз худ кардани заминҳои нав ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, рушди соҳаи тухмипарварӣ, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда, инчунин зиёд намудани теъдоди сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, беҳтар намудани таъминоти бозорҳо бо меваю сабзавоти ватанӣ масъалагузорӣ намуданд. Ҳамзамон, Президенти мамлакат яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва беҳтар гардидани вазъи зиндагонии мардуми кишварро дар афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ватанӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар арзёбӣ намуда, баҳри рушди минбаъдаи соҳаи мазкур ба масъулин  дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳукумати мамлакат баҳри афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти бештари аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.

Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ дар таъмини аҳолӣ бо ғизои зарурӣ аст. Иқлими Тоҷикистон барои парвариши боғҳои мевадиҳанда мусоид буда, манбаи меваҷоти болаззат, ашёи хом барои саноати кишвар ва содирот мебошад.

Дар доираи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» бунёди боғу токзорҳои нав дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон муташаккилона идома дорад. Тибқи дурнамо, имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 3188 гектар бунёди боғу токзорҳои нав ба нақша гирифта шуда буд, ки 1107 гектараш ба вилояти Хатлон рост меояд. Дурнамои имсоларо боғдорони хатлонӣ пурра ба иҷро расониданд.

Соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Хатлон дар майдони 421 ҳазору 837 гектар кишти зироатҳо сурат гирифтааст. Аз он ҷумла, майдони кишти гандум 161467 га, пахта 122097 га, сабзавот 34884 га, полезӣ 15393 га, пиёз 12816 га, картошка 12475 га, помидор 7808 га, ҷуворимакка барои дон 6496 га, зағир 5933 га, сабзӣ 4240 га,  бодиринг 3932 га, нахӯд 3054 гектарро ташкил дод.

Гандум аз ҳама бештар дар Данғара (27157 га), Восеъ (13580 га), Темурмалик (12244 га), Фархор (11046 га), Ш. Шоҳин (9932 га) ва Муъминобод (9627 га), пахта бошад, зиёдтар дар заминҳои навоҳии Кӯшониён (11300 га), Ёвон (10956 га), Фархор (9617 га), Вахш (9500 га), Ҷ.Балхӣ (9300 га) кишт шудааст.

Дар кишти сабзавот низ кишоварзони навоҳии Ҷайҳун (3908 га), Кӯшониён (3503 га), Ёвон (2747 га), Вахш (2255 га), Ҷ. Балхӣ (2127 га), Қубодиён (2054 га), Восеъ (2007 га), Фархор (1838 га), Дӯстӣ (1804 га), Шаҳритӯс (1734 га) фаъ-олтар будаанд.

Тавре ки Роҳбари давлат доим таъкид медоранд, ба мо зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва ҷиддӣ муносибат намоем. Самараи истиқлолияти давлатист, ки имрӯзҳо фаъолияти соҳа бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшида мешавад. Дар натиҷа ҳосил афзун, даромади марди деҳқон бештар ва зиндагӣ беҳтар мегардад.

Тибқи маълумоти оморӣ ба 1 августи соли ҷорӣ, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилояти Хатлон 6 миллиарду 649 миллиону 243 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 396,7 миллион сомонӣ бештар аст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар моҳҳои январ-июл имсол ба 5,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, 623 653 тонна ғалладона, 802955 тонна сабзавот, 302394 тонна маҳсулоти полезӣ, 186198 тонна картошка, 84645 тонна меваҷот, 17904 тонна ангур истеҳсол гардидааст.

Дар ҳафт моҳи сипаришудаи соли равон қариб 50 ҳазор тонна гӯшт (назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3277 тонна зиёдтар), 177 ҳазор тонна шир, наздик ба 42 миллион адад тухм, 3065 тонна пашм, 367,2 тонна пилла, 395 тонна асал, 417,7 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст. Дар ин давра насли гӯсола ба 215209 сар, насли барраю бузғола ба 946461 сар, тойча 12899 сар ва насли чӯҷа ба 325242 сар расидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро деҳқонони Бохтар (138,2%), Панҷ (122,2%), А. Ҷомӣ (114,9%), Муъминобод (109,5%), Ёвон (109,2%), Данғара (108,1%), Хуросон (107,7%), Норак (107,4%), Шаҳритӯс (107,3%), Кӯлоб (106,8%) аз сатҳи миёнаи вилоят бештар таъмин намудаанд. Аз он ҷумла, дурнамои истеҳсоли ғалладона то 1 авгус-ти соли ҷорӣ дар Панҷ 212,8%, А. Ҷомӣ 138,2%, Хуросон 133,1%, Муъминобод 119,6%, Кӯшониён 117,7%, Ҷ. Балхӣ 110% иҷро шудааст.

Дарвоқеъ, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки изҳор кардаанд: «Танҳо мутахассисе, ки касби пешакардаи худро дар ҳамбастагӣ бо дигаргуниҳои дар шароити истиқлолият баамаломада ба хубӣ сарфаҳм рафта, ба вазъияти мавҷудаи истеҳсолоти кишоварзӣ баҳои дуруст медиҳад ва дар баробари ин, эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулият дорад, қодир аст, ки дар баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот саҳмгузор бошад».

Кишоварзони тоҷик бо дарки он ки пешрафти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад, сол аз сол натиҷаҳои фаъолияти худро беҳтар намуда, ба афзоиши бомароми истеҳсоли маҳсулот ноил мегарданд.

Н. Маъмурзода,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДУРНАМО - 275,2 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

Хабарҳо

Дӯстӣ: Содироти 2594 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар

Арсаи кишоварзӣ

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ

Ҷайҳун. Азми истеҳсоли 3,5 ҳазор тонна лимӯ ва 33000 тонна сабзӣ

Арсаи кишоварзӣ
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА