Дар як сатр
» » БАЛҶУВОН ЯК ГӮШАИ БИҲИШТРО МЕМОНАД

БАЛҶУВОН ЯК ГӮШАИ БИҲИШТРО МЕМОНАД

9-09-2019, 06:28

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат сухан  ронда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки имрӯз  саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, ба  рушди саноат имкон фароҳам меоварад, ки он Тоҷикистонро  ба яке аз давлатҳои тараққикарда табдил диҳад.  Садҳо корхонаи саноатии  муқтадир таъсис ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад, муҳим аз ҳама ашёи хоми маҳаллӣ коркард гардида, ба дохилу хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.

 

Дар ноҳияи Балҷувон даҳҳо корхонаву коргоҳҳои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ қомат афрохт.  Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии "Элегант - Балҷувон” дар Ҷамоати деҳоти "Тоҷикистон”-и ноҳия рӯзи 6 августи соли равон бо ширкати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самараи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.  Корхонаи мазкур ба коркарди сангҳои маҳаллӣ  равона гардидааст  ва дар доираи эълон гардидани  солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд ёфтааст. Дар ҳақиқат, мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтани Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Элегант - Балҷувон” имкон фароҳам овард, ки сангҳои табиии маҳаллӣ, аз қабили санги хоро, мармар ва ғайра коркард гардида ба фурӯш бароварда шавад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ба фаъолияти беш аз 30 корхонаю коргоҳҳо ва иншоотҳои таълимию табобатӣ, меҳмонхона, марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ оғоз бахшиданд. Сокинони ноҳияи Балҷувон аз қадами  файзрези Президенти мамлакат рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд. Зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Кангурт-Балҷувон-Ховалинг ба истифода дода шуд. Дар воқеъ роҳҳо пайвандгари дилҳоянд ва бузургон беҳуда нагуфтаанд:

Хуш ба он миллат, ки аз дил, роҳи нав бунёд кард,

Раҳ ба раҳ, манзил ба манзил кишваре обод кард.

Таҳти сиёсати ободгаронаву хирадмандонаи Сарвари давлат чор аҳдофи стратегии давлат - раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии мамлакат  бо маром амалӣ гашта истодааст. Ифтитоҳи роҳи автомобилгарди Кангурт- Балҷувон Ховалинг тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ имкон фароҳам овард, ки нақлиёти боркаш ва мусофирбар тамоми фасли сол бе мушкилӣ рафтуомад намоянд. Муҳим аз ҳама, ҳаҷми боркашонӣ даҳчанд афзоиш ёфта, - баҳри беҳтар гардонидани сатҳи рӯзгори аҳолӣ замина мегузорад.  Бунёди роҳи мазкур аз ғамхориҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари давлат гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин, дар дурдасттарин мавзеи ноҳияи Балҷувон корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш ба фаъолият оғоз кард. Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, ҳаммом ва маркази хизматрасонии "Шайдон” аз қадамҳои пурбаракати Пешвои миллат дарак медиҳад. Дар ин мавзеи дурдаст, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 дар деҳоти Сари Хосор рӯзи 6 августи соли равон ифтитоҳ гардида, барои толибилмону омӯзгорон шароити мусоид фароҳам овард. Корҳои сохтмонии иншооти таълимиро ҶДММ "Файзи истиқлол” ба анҷом расонид. Дабистон аз ду ошёна иборат буда, дар ду баст то 300 нафар хонандаро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Муҳим аз ҳама,  синфхонаҳои алоҳидаи таълимгоҳ бо тахтаҳои  электронӣ муҷаҳҳаз гардида, бо компютер таъмин аст. Меҳмонхонаи наву ҳозиразамони Сари Хосор дар мавзеи Пушти Боғи ноҳия низ аз ифтитоҳи иншоотҳои ҷашнӣ дарак медиҳад. Меҳмонхонаи сеошёна дорои сӣ ҳуҷра буда, дар он беҳтарин шароитҳо барои сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ муҳайё мебошад. Иншооти мазкур дар доираи дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби як гурӯҳ соҳибкорони ватандӯст, ки дар дохилу хориҷи кишвар фаъолият доранд, сохта ба истифода дода шудааст ва даҳ нафар сокинони маҳал соҳиби ҷойи кор гардиданд. Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳазор аҳолии деҳаҳои Охбулоқ 1, Охбулоқ 2 ва деҳаи Солмолидашти ноҳия бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд. Оби нӯшокӣ тариқи кандани чоҳи амудӣ аз чуқурии 60 метр  тавассути пойгоҳҳои махсуси обкашӣ ба аҳолӣ расонида мешавад. Умуман, дар доираи омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти маъмурӣ дар назар аст. Боиси хушнудист, ки соҳибкорон, шахсони некандеш дар  бунёди иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ саҳми беандозаи хешро расонида истодаанд. Сафари кории Президенти мамлакат ба дили хурду бузурги ноҳияи Балҷувон шодиву нишот ҷо намуд. Имрӯз корҳои ободониву бунёдкорӣ  вусъати тоза пайдо намудааст. Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баён намоям.

Маҳз тавассути сиёсати оқилонаю ободгаронаи Сарвари давлат ноҳияи Балҷувон рушду нумӯи тоза пайдо намуд. Имрӯз гулгаштҳои ҳозиразамону чароғон, биноҳои баландошёнаи хизматрасонию маъмурӣ, таълимию табобатӣ, меҳмонхонаҳои  дорои шароити муосир дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳия таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал овард.Балҷувон дорои манзараҳои зебои афсонавӣ буда, ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: "Табиат барои мо бемуболиға, як гӯшаи биҳиштро офаридааст”.

Ин баҳои баланд аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ хурду бузурги ноҳияро водор месозад, ки бештару беҳтар фаъолият намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, 30- солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии азизамонро бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намоянд.

МаърифатЗоирзода,

раиси ноҳияи Балҷувон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Хабарҳо, Сиёсат
САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Хабарҳо, Сиёсат
САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Хабарҳо, Сиёсат
Балҷувон рӯ ба рушд ниҳодааст

Балҷувон рӯ ба рушд ниҳодааст

Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ