Дар як сатр
» » БУНЁДИ БЕШ АЗ 300 ИНШООТ ТО РӮЗИ ҶАШН

БУНЁДИ БЕШ АЗ 300 ИНШООТ ТО РӮЗИ ҶАШН

9-09-2019, 06:25

Дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар  корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Ба ифтихори ин санаи фархунда бунёди беш аз 300 иншоотҳои таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.


То ин дам қисми зиёди иншоотҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Танҳо дар шаш моҳи соли равон дар шаҳри Бохтар як бинои истиқоматии шашошёна, ду бинои сеошёна бо ташкили маркази савдо ва хизматрасонӣ, варзишгоҳи дорои чор ҳазор ҷойи нишаст, бинои иловагии таълимии чорошёнаи ДДБ ба номи Носири Хусрав мавриди истифода қарор гирифт. То рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ низ чор гулгашти кӯчаи Борбад, боғи истироҳатии ба номи Раҳмон Мӯрчаев, майдони Шаҳидон ва бинои кории раиси маҳалла ба истифода дода шуд. Дар   шаҳри Бохтар корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, башорат аз файзи ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   медиҳад.

 Айни замон корҳои сохтмониву ободкорӣ дар даҳ адад мавзеъҳои истироҳативу гулгаштҳо аз ҷумла маҷмааи Ваҳдати миллӣ, майдони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, майдони Шаҳидон, Нишони давлатӣ босуръат идома доранд. Навсозии Майдони "Ҳафтодсолагии  азхудкунии водии Вахш» шабонарӯзӣ идома дошта, корҳои ободониву сабзазоркунӣ  ба анҷом мерасад. Ин мавзеи нообод имрӯз тавассути соҳибистиқлолӣ ба як гӯшаи зебои фароғативу тамошобоб табдил ёфтааст. Сохтмони Нишони давлатӣ низ бо сатҳу сифати баланди меъморӣ сурат гирифтааст. Масъулини шаҳри Бохтар баҳри дар амал тадбиқ ёфтани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонӣ талош доранд. Зеро дар амал тадбиқ ёфтани ҳадафи чорум имкон фароҳам овард, ки дар маркази вилоят даҳҳо корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида, садҳо ҷойи корӣ муҳайё шавад. Тавре ки раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода иттилоъ дод, дар шаш моҳи соли равон  корхонаҳои ҶДММ "Сафар Фарма” ва ҶДММ "Имрон Бохтар” бо таъсиси 21 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Айни замон корхонаҳои мазкур ба истеҳсоли доруворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ машғуланд. Саноатчиёни шаҳри Бохтар истеҳсоли маҳсулоти саноатиро баланд бардоштаанд аз 100 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ низ 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас таҷлил намуданд.

ВАХШОНА

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛРО ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР

Ҳокимияти давлатӣ

ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА БЕШ АЗ 2969 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

Ҳокимияти давлатӣ
Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Фарҳанг ва адабиёт

Тантанаи ҷумҳуриявии Наврӯз дар Норак мегузарад

Фарҳанг ва адабиёт, АСАЛМО САФАРОВА

Норак:Корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашн

Фарҳанг ва адабиёт