Дар як сатр
» » БА НОМАТ ЭЙ ВАТАН, ИФТИХОР ДОРЕМ

БА НОМАТ ЭЙ ВАТАН, ИФТИХОР ДОРЕМ

9-09-2019, 06:23

Дар тӯли 28-соли соҳибистиқлолият таърихи мураккаберо аз сар гузаронидем. Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо таъкид карда, чунин гуфтаанд: "Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст».

 

Яке аз муҳимтарин сабабҳое, ки миллати мо нест нашуд, баъди ҳар офату зиллати хорошикан боз аз сари нав эҳё мешуд. Даҳшаттарин офате, ки аз рӯзҳои аввалисоҳибистиқлолӣ ба сари миллат омад, ҷанги шаҳрвандӣ буд ва тавонист худро аз нестшавӣ ҳифз кунад.

Худованд ба миллати тоҷик марди баландиқболеро сарвар ҳадя намуд, ки давлати Тоҷикистонро аз нестшавӣ наҷот дод. Ин сарвари баландиқболи миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Хизматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат буд, ки сатҳи зиндагии мардум боло рафт, Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Воқеан, имрӯз ба ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон сафар кунем, аз ободию зебоии ин кишвар аз ифтихор ба ваҷд омада мегӯем: " Тоҷикистон, ту бузургмодарам ҳастӣ ва бо ин ҳама зебоию ободиат ифтихор дорем. Орзуи онро мекунем, ки то абад зебою обод бимонӣ. Тоҷикистон, то ҳастему ҳастӣ, дӯстат медорем!”.

Фархор, яке аз гӯшаҳои диёри азизам ба ҳисоб меравад, бо боварӣ мегӯям, ки то ҷашни 30-солагии ҷашни Истиқлолият ба зеботарин минтақаҳои Тоҷикистон табдил меёбад.

Дар ин ҷода ба фарзанди ин кишвар хоса ба ҷавонони азиз лозим аст, ки худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихор аз миллату давлатро аз даст надиҳанд.

Бобоҷон Сафарализода,

роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд

Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд

Номаҳои Шумо
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Пешвои сулҳофар

Пешвои сулҳофар

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Пешвои миллат-ифтихори миллат

Пешвои миллат-ифтихори миллат

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Номаҳои Шумо
Худшиносу ҳомии ватан бошем

Худшиносу ҳомии ватан бошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР