Дар як сатр
» » ПЕШВОИ МО, БОЗ БИЁЕД!

ПЕШВОИ МО, БОЗ БИЁЕД!

9-09-2019, 06:21

Чунин садо медиҳад имрӯз ин ибора ба сони суруду тарона аз забони пиру ҷавон, хурду калони мардуми ноҳияи Ховалинг дар вассфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

Гап дар ин ҷост, ки мардуми шарифи Ховалинг аз ташрифи фарзанди сарсупурдаву барӯманди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳама ба шодиву нишот омада, қарор доданд, ки ноҳияашонро ба ободиву зебогӣ бирасонанд. Ободиву дигаргуниҳои басо зиёдеро дида, Сардори давлат шод ҳам гашт. Суханони  "Ховалинг минтақаи хушбоду ҳаво ва дорои имкониятҳои истеҳсолӣ мебошад, ба хонадони ҳамаи сокинони ноҳия файзу баракат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям”- гуфтаи Сардори давлат мардуми Ховалингро ба  шодиву нишот овард. Дилашонро ба ояндаи боз ҳам фурӯзонтару дурахшонтар пур кард. Дар қалбашон умеду орзуҳои нав ба нав ҷой намуд.

Ташрифи Президенти мамлакат ба ноҳияи Ховалинг басе муборак баромад. Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ин ноҳия чандин иншооту муассисаҳоро ифтитоҳ дод ва онҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ноҳияи Ховалинг бо истиқло-лияти Тоҷикистон баробар пеш меравад ва инкишоф меёбад. Ҳамагон воқиф ва шоҳиданд, ки дар даврони истиқлолият ноҳияи Ховалинг ончунон пеш рафт ва ончунон тараққӣ кард, ки ба афсонаҳо монанд аст.  Дар ин давра Ховалинг аз як деҳаи назарногир ба шаҳраки зебое мубаддал гашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кории  худро сароғоз аз тамошои маҳсулоти кишоварзии Кооперативи тиҷоратии "Суруш-1” дар деҳаи Доробии Ҷамоати деҳоти "Ҷомбахт” оғоз намуд. Зимни боздид Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, ки таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз чор ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва изҳори ризомандӣ намуд, ки саҳми заҳматкашони ноҳияи Ховалинг дар роҳи расидан ба ин ҳадафи олӣ хеле назаррас мебошад. Танҳо дар шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Ховалинг дар ҳаҷми 16 577,3 сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамон давраи соли гузашта чор дар сад зиёд мебошад. Дар намоишгоҳ кишоварзони ноҳия намунаҳо аз маҳсулоти гуногуни истеҳсолиро, ки аз майдонҳои киштзори ин минтақаи дилфиребу дорои табиати нотакрори диёр гирдоварӣ гардидааст, ба маъраз гузоштанд.

Қабл аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро эҳсос намуд, ки мардуми Ховалинг аз давлату Ҳукумат, аз Пешвои муаззами худ ва аз кору зиндагии худ шоду мамнунанд.

Сардори давлат боз аз он шоду хурсанд гашт, ки танҳо солҳои охир дар ноҳияи Ховалинг даҳҳо муассисаҳои хизматрасонӣ рӯйи кор омаданд ва инак, мавриди истифода қарор меёбанд. Эмомалӣ Раҳмон  дар ифтитоҳи кушодашавии беморхонаи минтақавии №2-и Ҷамоати деҳоти "Лоҳутӣ”, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти "Лоҳутӣ”, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ, бинои Маркази ҷавонон  дар маркази ноҳия, майдончаи варзишӣ дар маркази ноҳия, меҳмонхона, Амфитеатр ва ғайраҳо иштирок намуд ва аз он чунин натиҷа гирифт:  "Ховалинг минтақаи хушбоду ҳаво ва дорои имкониятҳои истеҳсолӣ мебошад”.

Табиист, ки мардуми машриқзамин бе меҳмонхона буда наметавонанд. Аз ин рӯ, ховалингиён қарор доданд, ки дар ноҳияашон ҳатман меҳмонхона бунёд намоянд, то сайёҳони хориҷӣ ҳангоми дидан намудан аз ин гушаи зебоманзару кӯҳистон беҷову бемакон намонанд. Меҳмонхонаи "Чилчанор”-ро, ки бо тарҳу намои зебо бунёд ёфтааст, бо иштироки Президенти кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти мазкур дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов бунёд шудааст. Воқеан, ҷои зикр аст, ки дар ноҳияи Ховалинг соҳибкорони бисёре фаъолият доранд, ки пайи ободонии ноҳияашон хизмат мерасонанд. Қариб ҳамаи муассисаҳое, ки дар ҳудуди ноҳия бунёд ёфтааст, бо сайъю кӯшиши соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтаанд. Аз ин мебарояд, ки соҳибкорӣ дар ноҳияи Ховалинг ривоҷу равнақ ёфта аст ва, бо азми онҳо ноҳия боз ҳам ободу зебо мегардад.

Мардуми Ховалинг изҳор аз он медоранд, ки модом ки ноҳияи мо ноҳияи куҳанбунёд аст, баҳри зебоиву  шукуфоии ватани худ заҳмат бикашем. Ифтихор аз он дорем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар як гӯшаи биҳиштосо ва дар як макони таърихӣ таҳти роҳбарии хирадмандона ва сарпарастии фарзанди барӯманди миллат Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ мекунем.

Муҳимтар аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ховалинг шоду масрур баргашт. Дар навбати худ мардуми Ховалинг қавл доданд, ки минбаъд низ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ мекунанд ва пайи ободии диёрашон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

 

З. Худойдодова,

Б. МИРОВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАЛҶУВОН ЯК ГӮШАИ БИҲИШТРО МЕМОНАД

Ҳаёти иҷтимоӣ
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Хабарҳо, Сиёсат
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Хабарҳо, Сиёсат
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Хабарҳо, Сиёсат
Пайкараи Восеъ дар маркази Ховалинг

Пайкараи Восеъ дар маркази Ховалинг

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА