Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Талош баҳри беҳтарсозии сатҳи зиндагӣ


Талош баҳри беҳтарсозии сатҳи зиндагӣ



Имрӯз дар соҳаҳои ҳаётан муҳим занон дар қатори мардон фаъолият намуда, ба дастовардҳои беназир ноил гашта истодаанд. Сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Исматиллаева Умугулсун Исматиллаевна яке аз чунин занони фаъол бо савдо машғул аст. Харидорон Умугулсунро ҳамчун шахси бомасъулият ва хушзабон мешиносанд ва пайваста бо ӯ ҳамкорӣ мекунанд.

Соли равон Умугулсун ҳамроҳи чанде аз занони ноҳия дар семинару тренингҳои Ташкилоти ҷамъиятии “МИР – Маркази Имконият баҳри Рушд” дар доираи лоиҳаи “Вусъатдиҳии ҳуқуқ ва имкониятҳои иқтисодии занону духтарон тавассути тақвияти иқтидор ва дастгирии техникии онҳо дар ноҳияҳои мақсаднок” иштирок намуд. -Тренингҳо барои ман хеле ҷолиб буданд.

Ман ба соҳаи соҳибкорӣ шавқи зиёд дорам, вале метарсидам, ки бизнесро чӣ хел оғоз мекунам ва ҳатто бизнес-нақша тартиб дода наметавонистам. Пас аз иштирок дар тренингҳо ман дар худ ҷуръате пайдо кардам ва вақте ки навиштани бизнес-нақшаро омӯхтем, тарси ман гум шуд, ба худам бовар ҳосил кардам. Акнун боварӣ дорам, ки фаъолиятамро пеш бурда, зиндагиамро тағйир дода метавонам, – мегӯяд Умугулсун. Умугулсун нақша дорад, ки дар назди яке аз бозорҳои ноҳия Маркази дилхушии кӯдакон кушояд.

Ӯ мегӯяд, нафароне, ки ҳамроҳи кӯдаконашон ба бозор барои харид меоянд, метавонанд кӯдаконро дар ин марказ гузошта, худашон озодона ба бозор раванд. Ин намуди фаъолият дар ноҳияи Восеъ ҳоло вуҷуд надорад. Қурбонова Бибигул Файзуллоевна, яке аз занҳои фаъоли дигари ноҳияи Восеъ мебошад. Ӯ 41 сол дошта, ду фарзандашро танҳо тарбия менамояд. Солҳои зиёд инҷониб бо дӯзандагӣ машғул аст.

Касби дӯзандагиро дар хурдсолӣ аз модараш омӯхтааст ва ҳоло ҳамаи намуди либосҳои миллӣ ва аврупоиро дӯхта метавонад. Бибигул дар чорабиниҳои ноҳиявию вилоятӣ фаъолона ширкат меварзад. Бибигул мегӯяд, ки иштирок дар семинару тренингҳо ӯро боҷуръат сохтаанд ва ӯ мақсад дорад, ки доираи фаъолияташро васеъ намуда, сехи дӯзандагие бо ҷалби дигар занони осебпазир ифтитоҳ диҳад.

-Ба сехи дӯзандагӣ мехоҳам то 6-7 нафар занонро аз қишри осебпазир ба кор ҷалб намоям, то ки онҳо бо ин касб машғул гашта, сатҳу сифати зиндагии худро беҳтар созанд, - мегӯяд Бибигул. Ҳамсуҳбати дигари мо Салимова Фарзона Нусратуллоевна мебошад. Ӯ низ зодаи ноҳияи Восеъ буда, 32 сол дорад ва 3 фарзандашро танҳо тарбия менамояд. Фарзона айни замон вазифаи раиси маҳаллаи Исмоили Сомонии ноҳияро бар дӯш дорад. Ӯ низ иштирокчии фаъоли семинару тренингҳои Ташкилоти ҷамъиятии “МИР” мебошад.

Фарзона пас аз омӯзишҳо бизнес-нақшаи ташкили коргоҳи қаннодиро тартиб дода, мақсад гузоштааст, ки дар ноҳияаш сехи қаннодӣ кушояд ва чанде аз занони осебпазирро бо ҷойи корӣ таъмин намояд. Фарзона боварӣ дорад, ки коргоҳи ӯ метавонад зиндагии чанд нафари дигарро тағйир диҳад ва сатҳу сифати ҳаёти онҳоро беҳтар созад. Қаҳрамонони нигоштаи мо бо ҳамдигар ҳамкории зич доранд ва ҳамдигарро пайваста дастгирӣ менамоянд.

Онҳо барои пешравии фаъолияташон талош доранд. Бояд қайд кард, ки ин занҳо аллакай барои ташкили коргоҳҳои худ дар ноҳия бино барои иҷора дарёфт кардаанд ва омода ҳастанд, ки фаъолияти худро оғоз намоянд. Онҳо мегӯянд, ки иштирок дар тренингҳо ба онҳо таконе дод ва ҳоло онҳо бовар доранд, ки метавонанд бизнеснақшаҳои худро бо дастгирии лоиҳа амалӣ намуда, зиндагии худ ва чанд нафар занони дигарро беҳтар созанд.

Мавод бо дастгирии ташаббуси “Нури рӯшноӣ” омода карда шудааст. Ташаббуси “Нури рӯшноӣ” шарикии глобалӣ ва бисёрсолаи байни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки фаъолияташ то соли 2030 баҳри бартараф кардани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон равона гардидааст.

Мавзуна ДАДОБОЕВА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода