Дар як сатр
» » ДАНҒАРА ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ОБОДУ ПЕШРАФТА ГАРДИД

ДАНҒАРА ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ОБОДУ ПЕШРАФТА ГАРДИД

9-09-2019, 06:16

Данғара яке аз ноҳияҳои қадимтарини Осиёи Миёна ҳисоб ёфта, арабҳо баъди забти он  номи онро таъғйир дода, Хуррамшаҳр ниҳоданд. Ин маънои шаҳри зебои биҳиштӣ, хурраму дилпазирро дошт. Данғараи имрӯза на танҳо симои қадимаи худро нигоҳ доштааст, балки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ аз нав ободу зебо ва дилрабо гардидааст.

 

Бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор донишгоҳҳои олии бонуфуз, ба монанди Донишгоҳи тиббии Хатлон, Донишгоҳи аграрӣ ва дигар донишкадаҳо дар ноҳияи Данғара таъсис дода шуда, вобаста ба ин, дар ҳудуди ноҳия  як силсила иморатҳои хуштарҳу замонавӣ қомат рост карда, ба ҳусни шаҳр ҳусни нав зам намудааст.

Имрӯз боғи истироҳативу мадании ноҳияи Данғара ба яке аз ҷойҳои хушманзара, ба истироҳатгоҳи ҳақиқии сокинони ноҳия ва меҳмонон табдил ёфтааст. Садҳо гулҳои рангоранг, ошхонаву тарабхонаҳо ва дигар иморатҳои замонавӣ боғи зебоманзари ин маконро ҳусни дигар зам кардааст.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар деҳаи Пушинг бо ташаббуси соҳибкорон як силсила иншоотҳои замонавӣ, ба монанди мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро сохта ба истифода доданд.  Аз рӯи хулосаи бостоншиносон Пушинг таърихӣ қадима дорад. Пушинг аз  қабили деҳаҳои  қадимтарини Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта,  он дар таърих бо номи Пушинг ёдовар шудааст. Аз рӯи баъзе маълумот дар деҳаи Пушинг  3 қалъа вуҷуд доштааст, ки он бар асари ҳуҷумҳои аҷнабиён хароб гардидааст. Дар байни мардуми Пушинг ғайр аз кишоварзиву чорводорӣ ҳунармандӣ низ ривоҷ ёфта будааст. Деҳоти Пушинг соли 1932 таъсис ёфта, ҳоло аз 8 деҳа-Пушинг, Паркамчӣ, Ғиҷовак, Алиҷон, Моҳпора, Дилнишин, Шаршар, Олучадара иборат мебошад ва дар ҳудуди он қариб 15000 нафар аҳолӣ кору зиндагӣ дорад. Бо иштироки Пешвои миллат дар деҳаи Шаршар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 480 хонанда пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, роҳи мошингарди Данғара-Пушинг ба масофаи 18 километр ба истифода дода шуд. Ин роҳ, ки қариб 30 сол инҷониб бисёр харобу валангор буд, бо дас-тури Роҳбари давлат аз ҷониби ширкати "Роҳи Тоҷик” мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пурра азнавсозӣ гардид.

Илова бар ин, роҳи Пушинг-Шаршар бо дарозии 3,5 километр аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ сангфарш гардидааст ва моҳҳои наздик мумфарш карда мешавад.

Раванди корҳои ободонӣ дар дигар деҳоти Пушинг, аз ҷумла Дилнишин, Ғиҷовак, Паркамчӣ, Алиҷон, Офтобрӯя, Шаршар, Олучадара ва Гулизиндон низ бомаром идома дошта, аз ҷониби соҳибкорону шахсони эҳсонкор мактабу бунгоҳҳои тиббӣ ва хатҳои оби нӯшокӣ сохта шудаанд. Дар деҳаи Паркамчӣ бо иқдоми соҳибкорон мактаб ва таваллудхонаи муосир бунёд шуда, роҳҳои байни деҳа ва хатҳои интиқоли неруи барқ азнавсозӣ гардидаанд. Дар деҳаи Ғиҷовак якуним километр роҳи дохилӣ мумфарш ва майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Нахуст Пешвои миллат дар деҳаи Шаршар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо шароити таълимии муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Бинои тозабунёди муассисаи таълимӣ ҳамзамон бо толори маҷлис бо 210 ҷойи нишаст, толори варзишӣ бо 200 ҷой ва ошхона бо 50 ҷойи нишаст таъмин мебошад. Китобхона ба адабиёти тозанашр дастрасӣ дошта, толори хониш имконият дорад дар як вақт ба 30 нафар хизмат расонад.

Бояд тазаккур дод, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои  мамлакат дар ҳудуди деҳоти Себистони ноҳияи Данғара низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ бо маром идома дошта, то ба имрӯз як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо саҳми бародарон Зубайдовҳо роҳи дохилии деҳаи Шаршар ба масофаи 4 километр навсозӣ гардида, мутобиқ ба талабот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Тибқи иттилои масъулин корҳои сохтмонӣ бо назардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд ёфта, ҷӯйборҳои ду тарафи роҳ, қубурҳои обгузар пурра нав гардиданд.

Чунончи зикр гардид, дар маркази деҳаи Пушинг мактаби ҳозиразамон барои 1520 нафар хонанда бо 30 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ ва толору майдончаи варзишӣ қомат афрохтааст, ки дар он барои таълиму тарбияи фарзандони сокинони деҳа шароиту имкониятҳои беҳтарин фароҳам оварда шудаанд.

Бо мақсади дар тамоми фаслҳои сол бо оби ошомиданӣ таъмин кардани аҳолӣ аз канали асосӣ ба масофаи 7,5 километр хатти оби ошомиданӣ кашида шуда, обанбор барои 500 метри мукааб бунёд гардидааст. Обёрии 500 гектар замини лалмии деҳа, парвариши дарахтони мевадиҳанда ба роҳ монда, барои минбаъд беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот сардхона бо ғунҷоиши 100 тонна маҳсулот бунёд карда шудааст.

Мардуми шарифи ноҳияи Данғара барои дар сатҳи баланд ва  бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ истиқбол гирифтани ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талоши бештар карда, зодгоҳу диёри хешро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.

 

Б. САЙДАЛИЕВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДЕҲАИ ХУШМАНЗАРАИ ПУШИНГ БА ЯК ШАҲРАКИ  ОБОДУ ЗЕБОИ МУОСИР ТАБДИЛ ЁФТААСТ

ДЕҲАИ ХУШМАНЗАРАИ ПУШИНГ БА ЯК ШАҲРАКИ ОБОДУ ЗЕБОИ МУОСИР ТАБДИЛ ЁФТААСТ

Хабарҳо

Ҷ.Балхӣ: Баистифодадиҳии 153 иншоот

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ш.Шоҳин:Сохтмони 148 иншоот дар се сол

Ҳаёти иҷтимоӣ

Темурмалик:Бунёдкорӣ вусъат меёбад

Ҳаёти иҷтимоӣ
Ба истифода додани мактаби №8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара

Ба истифода додани мактаби №8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт