Дар як сатр
» » ЁВОН БА НОҲИЯИ САНОАТӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ

ЁВОН БА НОҲИЯИ САНОАТӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ

9-09-2019, 06:15

«…боназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад».

Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан, чунин дастуру ҳидояти бунёдгароӣ, даъвати рӯҳбаландкунандаи Пешвои миллат мо- соҳибкорони ватаниро беш аз пеш водор ва вазифадор менамояд, ки дар самти гузаштани кишвари аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ ҷаҳду талош намоем ва бевосита саҳмгузор бошем.   Ноҳияи Ёвон яке аз минтақаҳоест, ки кӯҳсори он чун манбаи ашёи хоми пурқимати саноатӣ арзёбӣ мешавад. Ба ин мақсад ҳанӯз аз даврони Шӯравӣ дар ин ҷо корхонаҳое, ба амсоли корхонаи бузурги кимиёвӣ, истеҳсоли оҳаку намаки  суда  фаъолият доштанд. Маҳсулоти истеҳсол мекардаи корхонаҳо ба берун, ба ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ интиқол мешуд.

Танҳо нобасомониҳои солҳои аввали истиқлолият, ҷанги шаҳрвандӣ боис шуд, ки таъмини корхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ  бурида шавад, маҳсулоти истеҳсолмешуда низ бехаридор монд. Ҳамин тариқ, фаъолияти корхонаҳо қатъ гардид. Дар натиҷа ҳазорон нафар коргарон, ки аз ҳисоби сокинони  маҳал буданд, бе ҷойи кор монданд.

Хушбахтона, баъди ба даст омадани ваҳдати миллӣ давлату Ҳукумати кишвари тозаистиқлол   масъалаи барқарор намудани корхонаҳои саноатӣ ва рушди ин соҳаро ҳадафи асосӣ қарор дод ва бо таваҷҷуҳу дастгириҳои  бевоситаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти озоду шаффофи соҳибкорони ватанӣ таҳти назорат қарор гирифт. Ҳамин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар кишвар бунёд ёфтанд. Дар ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯст таҷҳизоти навин ворид шуд, дар заминаи корхонаҳои пешина корхонаҳои муосир, камхарҷу сердаромад аз нав ба фаъолият пардохтанд. Дар натиҷа мутахассисон, афроди корҷӯй бо ҷойи кори доимии сердаромад таъмин гардиданд. Маҳсулоти худии саноати вазнину сабук истеҳсол шуд. Маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ имрӯз дар бозори ҷаҳонӣ мавқеъ ва харидори худро пайдо намудааст.

Дар ҳамин раванд, аввалин корхонаи истеҳсоли семент, ки дар ноҳияи Ёвон   дар заминаи корхонаи оҳакбарории ноҳия 20 сол қабл аз ин ҷамъияти мо ба кор даровард, қадами устуворе гардид дар рушди соҳа. Бо гузашти солҳо баробари пайдо гардидани равобити дӯстона бо кишвари Чин имкон пайдо гардид, ки бо ҳамкориҳои судманд доираи фаъолияти худро васеъ намоем. Имрӯз намояндагии ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Хуаксин-Ғаюр семент" дар минтақаҳои дигари кишвар низ фаъолият доранд. Ҳамчунин, бо дарёфти манбаъҳои ашёи хоми маҳал доираи фаъолият васеъ гардид. Корхонаҳои саноатии дигар, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ "Хуаҷиан Ғаюр Индастриал" бунёд намудем, ки ин масолеҳи сохтмонӣ дар бунёди иншоотҳои гуногун заруранд.

Роҳи кушод ба соҳибкорон имкон дод, ки корхонаҳои нав ба нав бунёд гарданд ва ба ҳадафи чоруми Ҳукумат-саноатикунонии босуръати мамлакат, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат роҳандозӣ гардид,  роҳ кушоем. Аз ҷониби дигар, васеъ гардидани доираи фаъ-олияти  корхонаҳои саноатӣ ба он мусоидат намудааст, ки ашёи хоми маҳаллӣ коркард шавад ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ афзун гардад. Ин раванд имкон медиҳад воридоти технологияи инноватсионӣ бештар гардида, ба рақобатпазирии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат намояд. Сол аз сол зиёд гардидани содироти  маҳсулоти саноатии  корхонаҳои ноҳияи мо ба хориҷ ба ин гувоҳӣ медиҳад. Дар ин самт корхонаҳои саноатии муқтадири ноҳия, аз ҷумла "Ҷунгстай Моҳир семент", "Моҳир пластик" "Хима текстил", "Ваҳдат", "Криолит", "Хуан Фантсюй Синю сохтмон", "Намаки Ёвон" ва дигар коргоҳҳои хурду хизматрасон нақши босазо доранд.

Боиси қайд аст, ки рушди соҳаи саноат, аз як тараф истеҳсоли маҳсулоти худиро боло бардошта, буҷетро ғанӣ мегардонад, аз ҷониби дигар, боиси коҳиш ёфтани муҳоҷирати меҳнатӣ мегардад. Бо ин васила ҳазорон нафар мардуми таҳҷоӣ бо баланд намудани ихтисос ба худ ҷойи кори доимӣ  меёбанд ва бо маоши хуб таъмин мегарданд.  Сатҳи зиндагии мардум баланд мегардад.

Як нукта боиси қайд аст, ки баробари пешравиҳои истеҳсолӣ мо- соҳибкорон дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатро пазируфта, баҳри ободонии диёри худ саҳм мегузорем. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеан ҷиҳати рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, роҳсозӣ, ки аз мушкилоти ҳар маҳал аст, ҳар як соҳибкор, саховатманд ва аҳли ҷомеа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Бешак, чунин раванди фаъолият  ҳамаҷониба манфиатнок буда, қадами устувор дар бунёди давлати мутараққӣ ва шоистагии зиндагии мардумаш хоҳад гашт.

Акбаралӣ Ғуломов,

соҳибкор, вакили Маҷлиси

вакилони халқи вилоят



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ ШУҲРАТИ ПЕШИНИ САНОАТРО БАРҚАРОР КАРДАНИАНД

Арсаи кишоварзӣ

Ба саноатишавии кишварамон боварӣ дорем

Иқтисоду тиҷорат
Сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Ёвон

Сафари кории Сарвари давлат ба ноҳияи Ёвон

Ҳокимияти давлатӣ

Вохӯрии раиси вилоят бо фаъолони Кӯлоб

Хабарҳо
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат