Дар як сатр
» » ШУКРОНАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТОҶИКИСТОНРО МЕКУНЕМ

ШУКРОНАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТОҶИКИСТОНРО МЕКУНЕМ

9-09-2019, 06:14

Ҳар гоҳ сухан аз боби ғурури миллӣ, ифтихори миллӣ ва хосатан Истиқлолияти давлатӣ равад, ҳар як фарди тоҷику тоҷикистониро, бешубҳа, шодию фараҳ фарогир мешавад. Аз номи миллати тоҷик ифтихор менамояд. Зеро ки миллати тоҷик тамаддуни арзишманде дошту дар сафҳаи таърих аз худ осори пурғановате боқӣ гузошт. Ҳам дар илму ҳам дар сиёсат ва ҳам дар адабиёт камназир аст.

Шукргузорӣ мекунем, ки имрӯз низ баъди садсолаҳо ба мақоми аввала баргаштем. Соҳиби давлату Парчами худ гардидем, Суруди миллиамон дар ҳар як чорабиниҳои дохилу хориҷ садо медиҳад. Дар ташкилотҳои бонуфузтарини ҷаҳон шомил гардида, овози давлати Тоҷикистон дар радифи дигар мамолик баробар эътибор дошта, бо хушнудӣ пазируфта мешавад. Ҳамаи ин ба баракати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст, ки 28 сол қабл ба даст омада, имрӯз мо онро ботантана таҷлил менамоем.

Дуруст аст, ки истиқлолияти миллию давлатӣ хеле осон ба даст омад. Вале баъдан мушкилиҳои зиёде пеш омада, хавфи аз даст додани он барои миллати тоҷик хеле зиёд буд. Хушбахтона, Худованд барои нигоҳдошти истиқлолият, ин неъмати бебаҳо барои мо фарзандеро рӯи кор овард, ки тавонист кулли мардумро сарҷамъ намуда, давлати тоҷикон, истиқлолияти он ва якпорчагии онро нигоҳ дораду ҳифз намояд. Ин мард барои ҳар як фарди тоҷикистонӣ хеле азизу муътабар аст ва имрӯз мо аз сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи ӯ бо камоли мамнуният пуштибонӣ намуда, баҳри амалӣ гардидани нақшаҳои тарҳрезишуда кӯшишу ғайрати хешро дареғ намедорем. Сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди харобиҳои зиёд имрӯз рушд дорад, ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад. Аз ҳама асосиаш зери парчами сулҳу дӯстӣ, якпорчагии сарзамини аҷдодӣ зиндагию фаъолият менамоем. Давоми 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дигаргуниҳои куллӣ дар Тоҷикистони азиз ба амал омад. Масъалаҳои мураккаби иқтисодӣ- камбуди барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ҳалли худро ёфта, имрӯз баҳри иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии мамлакат камари ҳиммат баста, боварӣ дорем, ки бо роҳнамоии ин марди хирад ин масъала низ ҳалли пурраи худро меёбад.

Шукронаи сулҳу амният, истиқлолияти давлатӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки давоми 10 - 15 соли охир Кӯлобшаҳр низ чун дигар гӯшаҳои кишвар хеле пешрав ва ободу зебо гардид. Сохтмони манзилҳои истиқоматӣ, таъмиру тармими роҳҳои байни шаҳр, биноҳои маъмурию хизматӣ, бунёди гулгаштҳо ба ҳусни шаҳр ҳусни тоза зам намуданд. Хусусан, баъди эълон гардидани тантанаи ҷашнвораи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 ва ба ифтихори ин ҷашнвора ривоҷ бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ чун дигар мардуми кишвар ба сокинони шаҳри Кӯлоб, алалхусус соҳибкорони боҳиммат рӯҳу илҳоми зиёд бахшид. Корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру маҳаллаҳои он суръати тоза касб намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оиди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори ин ҷашнвора нақша - чорабинӣ тартиб дода, сохта ба истифода додани 803 иншооти хурду бузургро мавриди назар қарор дод.

Оид ба ривоҷ бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, сафарбар намудани соҳибкорону сокинони шаҳру деҳот саҳми намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов хеле калон аст. Номбурда сараввал бо соҳибкорону фаъолони шаҳри Кӯлоб вохӯриҳо ташкил намуда, оид ба ин масъалаи муҳими рӯз суҳбат орост. Ҳамагон ин пешниҳодро хеле хуш қабул намуданд, зеро он ба манфиати кулли мардум ва ободу зебо гардидани шаҳри худ, зодгоҳи худ аст. Ин дастгирии мардум ва соҳибкорони боҳиммат буд, ки то имрӯз 173 иншооти хурду бузург сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сохтмони иншоотҳои дигари нақшавӣ ва иловагӣ бо суръат давом дорад.

Боиси хурсандист, ки то рӯзи ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб боз 50 иншооти хурду бузург ба истифодаи умум супурда мешавад. Дар назар аст, ки дар расми ифтитоҳи ин иншоотҳо роҳбарони олимартабаи мамлакат ширкат меварзанд. Ифтитоҳи Маҷмааи технологӣ ва инноватсионӣ, боғчаи кӯдакона, меҳмонхона ва хонаҳои истиқоматӣ, бинои сеошёнаи маркази савдо, сартарошхона ва хизматрасонӣ дар маҳаллаи Дӯстӣ, дорухона дар маҳаллаи хиёбони Дӯстӣ аз зумраи онҳо мебошад. Ҳамзамон дар ҷамоатҳои деҳот низ ифтитоҳи як зумра иншоотҳо дар назар аст. Аз ҷумла, ифтитоҳи ҳаммом дар деҳаи Андароб, бунгоҳу сартарошхона ва корхонаи таъмири асбобҳои барқӣ ва ғайраҳо аз зумраи он иншоотҳоеанд, ки дар деҳот рӯи кор омадаанд.

Умуман, метавон гуфт, ки имрӯз корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб бо суръати баланд идома дорад. Бо дастгирии сокинони шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорони олиҳиммат метавонем он нақша-чорабиниеро, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб додааст, амалӣ намуда, дар кори ободу зебо гардидани шаҳри Кӯлоб саҳми арзанда гузошта, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Точикистонро бо сарбаландӣ истиқбол намоем. Дар ин роҳ ба кулли мардуми вилояту кишвари азизамон комёбиҳо таманно менамоем.

Ҷашни истиқлоли миллат муборак, ҳамватанони азиз!




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

Ҳокимияти давлатӣ

БАРРАСИИ ОМОДАГИҲО БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Хабарҳо

Давраи ободонӣ ва бунёдкориву созандагӣ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Сарвазири ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб

Сарвазири ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ

Омодагӣ ба ҷашн

Хабарҳо