Дар як сатр
» » АЁ РОҒУН, МУНАВВАР БОШ!

АЁ РОҒУН, МУНАВВАР БОШ!

9-09-2019, 06:03

«Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт».

Эмомалӣ Раҳмон

 

АЁ РОҒУН, МУНАВВАР БОШ!

Кишвари мо бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ таъмини истиқлолияти энергетикиро ҳадафи хеш қарор дода, тамоми қувваю имкониятро пеш аз ҳама, ба рушди энергияи обӣ равона намуд. Об бар хилофи нафту газ ва дигар манбаъҳои неру ҳаворо гардолуд намесозад, бинобар ҳамин, энергияи обиро «энергетикаи сабз» номидаанд ва рушди он ба саломатии инсон ва рӯзгори осудаҳолонаи сокинони сайёра хатар эҷод намекунад.

Дар маҳалли сохтмони ин иншооти бузурги аср ҳоло зиёда аз 18 ҳазор нафар мардони бонангу номуси ватан бо зарби дасту бозу Кохи нурро эъмор мекунанд. Агар баъзе қисматҳои замони шӯравӣ шурӯъшудаи корро дар назар нагирем, танҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозсозӣ дар ин иншооти муҳим ҷиддӣ шурӯъ шуд ва санаи 16-уми ноябри соли 2018 аввалин чархаи неругоҳ ба кор дароварда шуд.

Ин рӯйдоди таърихӣ дар баробари ҳар як шаҳрванди ватанпарвари мамлакат аҳли қалам ва адибонро низ бетараф нагузошт. Аз муҳаббати саршор нисбат ба ватан ва пешравии он шоирон шеърҳои пурмазмуну ҷолибе дар васфи Роғун иншо намудаанд.

Дар шеъри «Шоҳкори ватан»  шоир Парда Ҳабиб шоҳкориҳои Роғунро баробар ба шоҳкориҳои «Шоҳнома» медонад ва мегӯяд, ки Роғун дар шиори ватан беҳтарин сухан аст:

Набиштасанги Курушӣ ба Бесутуни Ватан,

Ту ору нанги Курушӣ, ту тозаӣ, на куҳан.

Чу «Шоҳнома» падид омадиву «Алқонун»,

Зи «Шоҳнома» на кам шоҳкорӣ, эй Роғун.

Ту дар шиори Ватан беҳтарин сухан, Роғун,

Бигашт тоза зи мазмуни ту Ватан, Роғун.

Гулназар Келдӣ, ки худ шоири ватансарост, дар шеъри «Таронаи Роғун»-аш барои пояндагӣ ва музаффарияти Роғун ба қасди кинаву ҷаҳолати бадхоҳон орзуву нияти неки шоирона мекунад. Шоир Роғунро умеди бостонӣ ва талоши ҷавониву шарораи орзуҳои хеш медонад:

Шарори орзуҳои маро гир,

Барори ҷустуҷӯҳои маро гир,

Умеди бостонии маро гир,

Талоши навҷавонии маро гир,

Аё Роғун, мунаввар бош,

Шабохун зан, музаффар бош!

Баланду пасти дунёро назар кун,

Хаму бунбасти оламро гузар кун,

Ба рағми тангчашмии ҷаҳолат,

Ба қасди зулмату кину ҳасодат,

Аё Роғун, мунаввар бош,

Шабохун зан, музаффар бош!

Ту нури чеҳраи озодии ман,

Ту пайки равшани ободии ман,

Туро созам зи меҳри бекарона,

Ки монӣ рӯзи фардоям нишона,

Аё Роғун, мунаввар бош,

Шабохун зан, музаффар бош!

Дар шеъри «Ифтихор аз Роғун» бошад, шоир Шаҳрия Роғун роҳи расидан ба қуллаи нурро меномад. Роғун бо бузургӣ ва қудраташ меҳроби меҳри миллат гаштааст ва ба хотири эҳтиром ба фардо бояд бунёди ин кохи рушноиро ба итмом расонид зеро Роғун боғи биҳишти мост.

Фасли шукуфтан омад дар коргоҳи Роғун,

Хуршед мекунад гул андар нигоҳи Роғун.

Роҳи бузурги дилҳост ин шоҳроҳи Роғун.

Боғи биҳишти моӣ, эй боргоҳи Роғун.

Шоири зиндаёд ва тавоно Бозор Собир дар шеъри худ ҷавонмардони баори тоҷикро, ки дар сохтмони «Роғун» кор мекунанд, оҳангари нангу ном ва рӯҳи инсон унвон карда, чини пешонии онҳоро ба сутунҳои симини НБО-и «Роғун» ташбеҳ додааст.

Девораи кӯҳ - бинои Роғун,

Сад ҷо намоён аз ҷойи Роғун,

Занҷири дарё дар пойи Роғун,

Оташ шавад об дар нойи Роғун.

Аз шом то субҳ, аз субҳ то шом,

Бо ҳам гудозад сад пухтаю хом,

Оҳангари нанг, оҳангари ном,

Оҳангари рӯҳ - устои Роғун.

Симои ваҳдат, симои миллат,

Оғӯши гармаш - оғӯши давлат,

Чашми чароғаш - чашми ҳақиқат,

Набзи замонаш - маҷрои Роғун.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 таъкид намуданд, ки ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки бо шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Пас аз чанд рӯз, аниқтараш  9 сентябри соли 2019 ҷаҳониён шоҳиди ҳодисаи навбатии таърихии барои тоҷикон муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дувумини НБО-и «Роғун» хоҳанд шуд. Ин рӯйдоди фараҳбахшро ба кулли ҳамватанон табрик гуфта, бо шоир Давлат Сафар ҳамнаво мешавем:

Каъбаи нур аст Роғун, нур роғунмазҳаб аст,

Ояти шукронаи Тоҷик доим дар лаб аст.

Пешвои мо, чӣ хуш, дар ҷодаи нурофарон

Дар миёни сарварони даҳр соҳибмактаб аст.

 

Фарзод Паҳлавонов, омӯзгор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”

Хабарҳо, Сиёсат

"Роғун" дар 6 моҳ 210,5 млн киловат-соат барқ истеҳсол кардааст

Хабарҳо, Сиёсат

Пешвои миллат - эҳёгари НБО «Роғун»

Иқтисоду тиҷорат

«РОҒУН» САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Ҳаёти иҷтимоӣ