Дар як сатр
» » БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ «ВОРИСИ СИНО»

БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ «ВОРИСИ СИНО»

9-09-2019, 05:56

Тавассути соҳибистиқлолии ватани азиз ва сиёсати инсонпарваронаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоии аҳолӣ беҳ гардида, соҳаи тандурустӣ сол то сол рушд ёфта истодааст. Дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо муассисаҳои табобатӣ, дармонгоҳу марказҳои тиббии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти наву замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар вилояти Хатлон низ дар ин самт корҳои назаррас ба чашм мерасад. Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, савияи дониши касбии кормандони соҳа, ҳифзи саломатӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои беморон ҷоизаи раиси вилояти Хатлон "Вориси Сино” таъсис дода шуда буд.

Дар натиҷаи омӯхтани маводҳои пешниҳодгардида ва хулосаи Кумитаи тадорукот 6 нафар табибони беҳтарин барандаи ҷоиза гардиданд. Инҳо Мӯсоев Иброҳимҷон Исматович, директори маркази бемориҳои дили вилояти Хатлон, Ҳодиев Шералӣ Исмоилович, мудири шуъбаи ҷарроҳии умумии беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар, Бекназаров Толибҷон Сангакович, муовини менеҷери кумаки аввалияи тиббиву санитарии шаҳри Бохтар, Олимзода Шамсулло Соҳиб, директори маркази муборизаи зидди бемориҳои сили вилояти Хатлон, Сайдалиев Суҳроб Ҳотамович, сардухтури беморхонаи вилоятии кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб, Қамаров Муҳсиддин Зуҳурович, директори маркази вилоятии бемориҳои чашм дар шаҳри Кӯлоб мебошанд. Барандагони ҷоизаи раиси вилояти Хатлон "Ворисони Сино”-ро дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ қадрдонӣ намуда, ба онҳо баҳри фаъолияти пурсамар барору комёбиҳо таманно намуданд.

Ҳамчунин, барои рушди илми тиб ҷалб намудани табибони вилоят ба корҳои илмӣ ва ҳавасмандсозии онҳо барои дифои рисолаи номзади илмҳои тиб ва доктори илмҳои тиб мукофотпулии раиси вилоят муқаррар гардида буд. Барои дифои рисолаи доктории "Доктори илмҳои тиб” дар соли равон ба Файзалӣ Назаров мукофотпулии раиси вилояти Хатлон ба миқдори 10000 сомонӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, як қатор кормандони соҳаи тандурустӣ баҳри рушди соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ РАИСИ ВИЛОЯТ - «ВОРИСИ СИНО»

Хабарҳо

Ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд

Тандурустӣ ва экология

Рисолати хешро бо дарназардошти ҳидоятҳои Пешвои миллат софдилона иҷро меку ...

Тандурустӣ ва экология
Мушкилоти беморони сил дар Хатлон осон шуд

Мушкилоти беморони сил дар Хатлон осон шуд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Роҳнамои табибон

Роҳнамои табибон

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо