Дар як сатр
» » ТУҲФА - ТОЛОРИ ФАРҲАНГӢ

ТУҲФА - ТОЛОРИ ФАРҲАНГӢ

9-09-2019, 05:53

 

Дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи Чилчаи ноҳияи Темурмалик соҳиби толори фарҳангии тозабунёд гардиданд. Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва фаъолони ҷамоати деҳот ва ноҳияи Темурмалик ширкат доштанд.

Маркази фарҳангӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёд гардида, минбаъд барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ барои аҳолии деҳаи Чилча шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода лентаи рамзиро бурида, сокинони деҳа ва дар симои онҳо тамоми аҳолии ноҳияи Темурмаликро ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати маблағгузорӣ ва бунёди толори фарҳангӣ изҳори ташаккур намуд. Сарвазири мамлакат доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар гӯшаву канори ватани маҳбуб сухан ронда, ин ҳама натиҷаҳои назаррасро аз сиёсати оқилонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд.

Ҳунармандони деҳаи номбурда намоиши фарҳангии таҳиянамудаи хешро пешкаши меҳмонону мухлисон гардониданд. Савту навои дилнишин, сурудҳо дар васфи ватан, модар, соҳибистиқлолии кишвар, сулҳу ваҳдат ва хизматҳои арзандаи Роҳбари давлат дар маркази фарҳангӣ танинандоз гардида, ба қалби ҳаводорони ҳунари воло суруру шодмонӣ бахшид. Аз чеҳраҳои хуши сокинони деҳа шукргузорӣ аз Истиқлолият ваҳдату шукуфоии ватани азиз ва сиёсати инсондӯстонаи Роҳбари давлат хонда мешуд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ
Истиқлолият оғози марҳалаи навини давлатдории миллист

Истиқлолият оғози марҳалаи навини давлатдории миллист

Ҳокимияти давлатӣ
Мактаби нав - ҳадя ба толибилмон

Мактаби нав - ҳадя ба толибилмон

Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА