Дар як сатр
» » Танзим - баракати зиндагӣ

Танзим - баракати зиндагӣ

19-10-2017, 09:58

Танзим - баракати зиндагӣ
Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи “Танзим-баракати зиндагӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинӣ дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016-2018” доир гардида, дар он 60 нафар ҷавонони касбу кори гуногун, аз он ҷумла гирандагони стипендияи президентӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, коллеҷи омӯзгорӣ ва коллеҷи тиббӣ, литсейи касбӣ-техникии шаҳри Қӯрғонтеппа, ихтиёриёни Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур расонидани моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Маърӯзачиён дар рафти мизи мудаввар таъкид ба амал оварданд, ки моро мебояд, ҷонибдорӣ аз қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон намуда, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии зиндагиамон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Дар фарҷом фаъолон бо туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон қадрдононӣ шудаанд.

Комрони БАХТИЁР
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳисси ватандӯстии ҷавононро баланд бардорем

Ҳисси ватандӯстии ҷавононро баланд бардорем

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Танзим - кафолати зиндагии шоиста

Танзим - кафолати зиндагии шоиста

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

«Суруди сарбоз» - гулчини сурудҳои ватандӯстона

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Қӯрғонтеппа. Мизи мудаввар бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ

Қӯрғонтеппа. Мизи мудаввар бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

«Оилаи солим – ҷамъияти солим»

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА