Дар як сатр
» » ДУРНАМО - 275,2 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

ДУРНАМО - 275,2 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

29-08-2019, 07:53

Дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон кишоварзон ба ҷамъоварии оммавии ҳосил шурӯъ кардаанд.

Ба иттилои мутахассисони шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, то 29 август пахтакорони вилоят 9815 тонна ҳосили «тиллои сафед»-ро ғун кардаанд. «Чиниши пахта то имрӯз дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон, Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритуз, Ёвон, Носири Хусрав, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор ва Данғара оғоз шудааст. Ҷамъоварии ҳосил дар шаҳрҳои Кӯлобу Левакант ва ноҳияи Вахш пас аз 1-уми сентябр шурӯъ хоҳад шуд», - хабар дод манбаъ.

Деҳқонони вилояти Хатлон соли равон дар майдони зиёда аз 122 ҳазор гектар тухмии аълосифати навъҳои «Хатлон - 2011», «Хатлон - 2012», «Хатлон - 2014», «Флеш», «Чинӣ», «Тоҷикистон», «Ориёӣ» ва ғайра кишт кардаанд, ки 70 дарсади дурнамои кишти имсолаи пахта дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Тибқи дурнамо, дар ин мавсим кишоварзони вилоят 275,2 ҳазор тонна пахта мерӯёнанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПАХТАКОРОНИ ДАНҒАРА ПЕШСАФАНД

Хабарҳо
ДУРНАМОИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТ 50% ИҶРО ШУД

ДУРНАМОИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТ 50% ИҶРО ШУД

Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

Хабарҳо

Дурнамои пахта 30% иҷро шуд

Хабарҳо
Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА