Дар як сатр
» » БЕШ АЗ НИСФИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА АНГУРИ ҶУМҲУРИРО КИШОВАРЗОНИ ХАТЛОНӢ ҶАМЪ ОВАРДААНД

БЕШ АЗ НИСФИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА АНГУРИ ҶУМҲУРИРО КИШОВАРЗОНИ ХАТЛОНӢ ҶАМЪ ОВАРДААНД

29-08-2019, 07:50

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз дастовардҳои меҳнатии кишоварзони вилояти Хатлон ситоиш кардааст, ки дар ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, сабзавот, полезӣ, картошка ва ангур, инчунин кишти такрорию захираи хӯроки чорво пешсаф мебошанд.

Дар воқеъ, тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Танҳо мутахассисе, ки касби пешакардаи худро дар ҳамбастагӣ бо дигаргуниҳои дар шароити истиқлолият ба-амаломада ба хубӣ сарфаҳм рафта, ба вазъияти мавҷудаи истеҳсолоти кишоварзӣ баҳои дуруст медиҳад ва дар баробари ин эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулият дорад, қодир аст, ки дар баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот саҳмгузор бошад».

Тибқи маълумоти фаврӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили картошка босуръат идома дорад. Дар давоми 7 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ дар вилоят аз майдони 5694 гектар 97 ҳазору 366 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, ки қариб 60%-и ҳосили умумии ғуншудаи картошка дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 183,6-сентнериро ташкил медиҳад.

Мувофиқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ то охири моҳи июл ба миқдори 116569 тонна мева ва 3305 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мева 21724 тонна ва ангур 83 тонна зиёд мебошад. Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Хатлон то поёни моҳи июл ба миқдори 48045 тонна мева ва 2823 тонна ангур ҷамъоварӣ кардаанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ баъди ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ба кишти такрорӣ оғоз намуданд.

Тибқи дурнамо, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 82016 гектарро ташкил дода, то охири моҳи июл дар майдони 79471 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4120 га зиёд буда, 96,9%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Майдони умумии кишти так-рории зироатҳои ғалладонагиҳо дар ҷумҷҳурӣ 31510 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 12560 га ҷуворимакка барои дон, 8343 га кишти шолӣ, 10608 га кишти дигар ғалладонагиҳо ташкил медиҳад. Инчунин, дар майдони 8359,5 га сабзавот, 3771 га полезиҳо, 2667,5 га кишти зироатҳои техникӣ ва 33056 га кишти хӯроки чорво ба роҳ монда шудааст, ки кор дар ин самт бомаром идома дорад.

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо низ ҷараён дорад. Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони 291510 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи охири моҳи июл майдони 208531 гектарро даравида, майдони 204050 га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7417 га зиёд буда, 72%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Ҳосили умумии ҷамъоварда-шуда 636163 тоннаро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108634 тонна зиёд мебошад. Айни ҳол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо 1105 адад комбайнҳо мавҷуд буда, 352 адади он мавриди истифода қарор дорад.

 

М. Носирҷон,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дӯстӣ: Содироти 2594 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар

Арсаи кишоварзӣ

Афзоиши ҳосили картошка ва мева

Хабарҳо

КАРТОШКА. ҲОСИЛИ БЕШТАР БА ДАСТ МЕОЯД

Хабарҳо
Истеҳсоли беш аз 57 ҳазор тонна мева

Истеҳсоли беш аз 57 ҳазор тонна мева

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА