Дар як сатр
» » КОРВОНИ «ТИЛЛОИ САФЕД» ВОРИДИ НУҚТАҲОИ ҚАБУЛ ГАРДИД

КОРВОНИ «ТИЛЛОИ САФЕД» ВОРИДИ НУҚТАҲОИ ҚАБУЛ ГАРДИД

29-08-2019, 07:46

 КОРВОНИ «ТИЛЛОИ САФЕД» ВОРИДИ НУҚТАҲОИ ҚАБУЛ ГАРДИД

Заркорони боиродаи вилоят баҳри расидан ба натиҷаҳои ниҳоӣ ҷидду ҷаҳд доранд. Аксар хоҷагиҳои пахтакори вилоят ба ҷамъоварии «Тиллои сафед» шурӯъ намуданд.

Аввалин тоннаҳои маҳсули заҳмати кишоварзон ба нуқтаҳои қабул - заводҳои пахта ворид гардиданд. Хоҷагидорони пахтакори ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ ва Ҷайҳун бо техникаи пурбори "Тиллои сафед” бо навиштаҷоту шиорҳои "Корвони сурх”, ҳамчун рамзи меҳнати шабонарӯзӣ ва рӯсурхии марди деҳқон, пахтаҳои ҷамъовардаи хешро вориди корхонаҳо намуданд. Аз ҷумла, деҳқонони хоҷагии ба номи Эргаш Султонови ноҳияи Дӯстӣ дар ноҳия яке аз аввалинҳо шуда маҳсули дастранҷи хешро вориди нуқтаҳои қабули пахта намуданд.

Деҳқонони боиродаи вилоят ҷидду ҷаҳд доранд, ки 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ-иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта таҷлил намоянд. Айни замон, ҷамъоварии "тиллои сафед” дар хоҷагиҳои вилоят суръати тоза касб намудааст.

А. Сафарова,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДУРНАМО - 275,2 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

Хабарҳо

ҲАДАФ: ХИРМАНИ БОШУКӮҲИ «ТИЛЛОИ САФЕД»

Арсаи кишоварзӣ

Истеҳсоли пахта кам шуд, аммо коркарди он бештар

Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

Хабарҳо
Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта дар вилоят беш аз 100% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА