Дар як сатр
» » «ҶИЛВАИ РАНГҲО» - МУАРРИФГАРИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ

«ҶИЛВАИ РАНГҲО» - МУАРРИФГАРИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ

29-08-2019, 07:43

«ҶИЛВАИ РАНГҲО» - МУАРРИФГАРИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛӢ

Дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар даври вилоятии фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба амал омад.

 

Дар чорабинӣ ғолибони даври ноҳиявии фестивали "Ҷилваи рангҳо” ширкат варзиданд. Ҷамъомадро сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо аҳдофи фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо” ошно намуд. Тавре ки таъкид гардид, ҳадаф аз баргузории фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо”, пеш аз ҳама, рушди ҳунарҳои мардумӣ: чакандӯзӣ, адрасу атласбофӣ ба шумор меравад. Дар ҳақиқат, мардуми тоҷику тоҷикистонӣ аз қадим бо ҳунари чакандӯзиву адрасбофӣ маълуму машҳур гардидааст ва баргузории ин гуна чорабиниҳо муаррифии либоси зебову шинами тоҷикӣ мебошан.

Муовини раиси вилоят Умед Зоирзода зимни суханронӣ дар чорабинӣ ёдовар гардид, ки "Ҷилваи рангҳо” бори дигар шаҳодат аз зебоиву зебоипарастии миллати тоҷик медиҳад. Маҳз рушду ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзиву зардӯзӣ, адрасу атласбофӣ баҳри некуаҳволии мардум замина мегузоранд. Садҳо корхонаи хурду бузург бунёд мегарданд ва ҷойҳои нави корӣ муҳайё мешаванд. Муҳим аз ҳама дар ин самт рушди соҳаи пиллапарвариро ноил мегардем, зеро чаканҳои рангоранги гулдухтарони тоҷик ва атласу адрас аз нахи аълосифати пилла ва пахта омода мешавад.

Ҳамин тавр, намояндаи кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғигул Исмоилзода низ доир ба баргузории фестивали "Ҷилваи рангҳо” изҳори назар намуданд. Сипас, ҳозирин таҳти мусиқии рӯҳнавоз намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши модарон дар либоси чаканро бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ пазироӣ намуданд. Хурдтаракон бо либосҳои зебову шинами чакан ба саҳна баромада, диққати ҳамагонро ҷалб намуданд. Таҳти суруди «Зебанда ба тан либоси атлас» сару либоси атлас аз ҷониби гулдухтарон ба намоиш гузошта шуд. Ҳамин тавр намоиши либосҳои мардонаву занона, либосҳои маросимӣ, идона ва либосҳои фароғатӣ қисматҳои ҷудогонаи чорабинӣ буд.

Намоиши либосҳои мактабӣ низ диққати иштироки чорабиниро ба худ ҷалб намуд. Дар ҳақиқат, чорабинии мазкур имкон фароҳам овард, ки занону бонувон либосҳои шинаму зебои чакан, попур, адрасу атласро ба намоиш гузоранд, дар ин баробар ороиши рӯй ва мӯй низ бо истифода аз маснуоти заргарӣ чолбанду кокулҳои нуқракӯб диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуд. Баргузории чорабинии мазкур  нишоне аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик, ҳунару ҳунармандон ва зебогиву боиффатии бонувону духтарон дарак медод.

Дар даври вилоятии фестивал- озмуни ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо” шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияи Фархор соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд. Ҷойи дуюмро бошад, намояндагони ноҳияҳои Восеъ, Ёвон сазовор гардиданд. Бонувони ноҳияи Кӯшониён ва шаҳри Норак барандаи ҷойи сеюми чорабинӣ шуданд. Ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо супурда шуд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСӮ»

Фарҳанг ва адабиёт
Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем

Тоҷикона ҷаҳонӣ шавем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Ҷилваи ҳусн» дар Кӯлоб

«Ҷилваи ҳусн» дар Кӯлоб

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

«Ҷилваи ҳусн» - тарғибгари пираҳани миллӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА