Дар як сатр
» » ОФАТҲОИ ТАБИӢ: ХИСОРОТ 13 МИЛЛИОН СОМОНӢ

ОФАТҲОИ ТАБИӢ: ХИСОРОТ 13 МИЛЛИОН СОМОНӢ

29-08-2019, 07:40

 

ОФАТҲОИ ТАБИӢ: ХИСОРОТ 13 МИЛЛИОН СОМОНӢ

 

Муовини раиси вилоят Умед Зоирзода намояндагони Барномаи рушди СММ Асако Окай-ёвари котиби Генералии СММ-ро ба ҳузур пазирифт.

Дар мулоқот як қатор масъалаҳои ҳалталаб, хусусан ҳолатҳои фавқулода баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон аз сабаби рух додани ҳолатҳои фавқулода, дар ноҳияҳои осебпазир зиёда аз 13 миллион сомонӣ хисорот расидааст.

Дар вилояти Хатлон аз сабаби тағйирёбии иқлим ва боридани боронҳои пайдарпай, инчунин омадани селу ярч солҳои охир талафоти ҷонию молӣ ба назар мерасад. Аз ин рӯ, ҳамкориҳои дуҷониба метавонад то ҷое садди ин мушкилӣ гарданд. Бо ҳамин мақсад барномаи СММ давоми 25 сол инҷониб дар вилояти

 

ОФАТҲОИ ТАБИӢ: ХИСОРОТ 13 МИЛЛИОН СОМОНӢ

 

Хатлон фаъолият дорад.

Муовини раиси вилоят гуфт, ки бештар минтақаҳои осебпазир дар вилоят ноҳияҳои Панҷ, Хуросон, Ҳамадонӣ, Восеъ, Ш.Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб мебошанд. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар вилоят 401 мавзеъҳои хавфнок мавҷуд аст. Ҳарчанд намояндагони Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дарсҳои амалиро дар ин самт ба сокинон меомӯзанд, аммо то ҳол зарари офати табиӣ мунтазам ба ҷомеа мерасад.

Асако Окай, ёвари котиби Генералии СММ, қайд намуд, ки онҳо омодаанд дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои пешгирии ҳолатҳои фавқулода тадбирҳо андешанд.

Ҳамзамон, дар бораи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани беш аз 9 ҳазор гектар замини бекорхобида ва дар ин замина таъмини 20 ҳазор қувваи кории қобили меҳнат бо ҷои корӣ сухан рафт.

Дар интиҳо ҷонибҳо ҳамчун рамзиэҳтиром ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим намуданд.

Манучеҳр Ҳасанов, рӯзноманигор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Машқи махсуси тактикӣ дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»

Машқи махсуси тактикӣ дар КВД «Пойгоҳи боркашӣ»

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР

Зарари боришоти зиёд ва сел ба Фархор

Хабарҳо
Ҳушдор аз хатари офатҳои табиӣ

Ҳушдор аз хатари офатҳои табиӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
КҲФ ва МГ: Аз сафар тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худ ...

КҲФ ва МГ: Аз сафар тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худ ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ

Гурӯҳҳои корӣ дар навоҳии наздимарзӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология