Дар як сатр
» » ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛРО ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛРО ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР

28-08-2019, 07:39

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз ноҳияиҳои Вахш ва Кӯшониён дидан ба амал оварда, бо рафти корҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.

Сараввал, раиси вилоят  аз рафти омодагиҳои корҳои сохтмонӣ дар дарвозаи ноҳияи Вахш пурсиш ба амал оварда, бо лоиҳаи бунёди дарвоза шинос гардид. Тибқи лоиҳа дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Вахш бояд дарвозаи боҳашамат бо сабз-кориву ороишӣ, рамзҳои давлатӣ бунёд гардад.

Ҳамчунин, дар маркази ноҳия майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бун-ёд мегардад, ки ин тозакориҳо ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо лоиҳаи таҷдиду азнавсозии қасри фарҳанги ноҳия шинос гардида, баҳри боз ҳам беҳтар ва хубтар ба роҳ мондани азнавсозии қасри фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар ноҳияи Вахш сохтмони боғи истироҳативу фарҳангии ба номи Мирзо Турсунзода идома дошта, айни замон, қисмати зиёди корҳо анҷом ёфтаанд ва навсозии қисмати даромадгоҳи боғ низ дар назар аст. Баъзе гӯшаҳои боғ сафолакбандӣ шудааст. Дарахтони ҳамешасабз низ қомат афрохтаанд.

Раиси вилоят ба раиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Юсуф ва масъулини сохтмону меъмории ноҳия баҳри бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бо сифати баланд дастуру маслиҳатҳои муфид дод. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дар бунёду азнавсозии беш аз 300 иншооти муҳими хоҷагии халқ, аз ҷумла бунёди биноҳои маъмурӣ, биноҳои иқоматии баландош-ёна, меҳмонхона, марказҳои савдо, майдончаҳои варзишӣ, муассисаҳои тиббӣ, нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ, кошонаи ҳусн, сехҳои дӯзандагӣ, таъмиру тармими биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар назар аст.

Ҳамчунин, раиси вилоят аз вазъи омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кӯшониён низ дидан ба амал овард. Нахуст, раиси вилоят аз рафти  сохтмон ва таъмири роҳҳои маҳаллии ноҳия шинос гардида, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар маркази ноҳия ошно гашт.  Дар маркази ноҳияи Кӯшониён бунёди рамзҳои давлатӣ-Парчам ва Нишон оғоз гардидааст. Роҳбари вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоотҳои ҷашнӣ дидан намуда, баҳри рафъи камбудиҳо дар бунёди иншоотҳо ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулини ноҳия, сохтмончиёну меъморон супориш дод.

Сипас, аз боғи фарҳангиву истироҳатии ноҳия дидан намуда, ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои ободонӣ дар боғи фарҳангу истироҳатии маркази ноҳия ба роҳбарияти ноҳия, масъулини соҳаи фарҳанг ва сохтмон дастур дод.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФАРХОР. АЗМИ БУНЁДУ НАВСОЗИИ 324 ИНШООТ

Хабарҳо

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

Ҳокимияти давлатӣ

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

Хабарҳо

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

Хабарҳо

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ